Аз маълумотҳои фаврӣ:


  Аз ибтидои ҷанги Ироқу Сурия дар ин ҷангҳои ба ном "ҷиҳод" теъдоди муайяниҷавонони тоҷик, ки узвияти созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро пазируфта буданд, кушта шуданд.

Ҷасадҳои беному бесоҳиб, пораҳои парокандаи гӯшту устухони бӯйнок ва кирмзада, ки аксаран тӯъмаи ҳайвонот ва парандагони лошахӯр мебошанд: ин аст он "меросе", ки ин ҷангиёни кушташудаи тоҷик дар қаламрави Сурия ва Ироқ аз худ боқӣ гузоштанд. Ин ҷасадҳои лахт-лахтшуда гӯр надоранд ва ҳеҷ умеде нест, ки ақаллан гарде аз хоки онҳо рӯзе ба хоки муқаддаси Ватан бипайвандад. Болои ҷасади хуншору порашудаи ин гумроҳон касе намегиряд ва агар онҳо гӯре ҳам доранд, ба хокҷойи онҳо, ки аксаран хуфтаи он номаълум мондааст, ҳеҷ нафаре аз наздикону пайвандон, модарони зору падарони низор ва фарзандони ятиммондаашон дастрасӣ надоранд ва намеоянд.

Муҷоҳиди ҷанги Ироқу Шом: ӯқотил аст, ё худкуш? Чаро ба ин маънӣ савол гузошта шуд? Чунки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо (моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гувоҳи он аст, ки аксаран муҷоҳиде, ки ба ҷанги Сурия ва Ироқ меравад, ба қатли дигарон ва марги худ баробар омода аст.  

         Қувваҳое, ки чунин муҷоҳидонро ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Афғонистон, Ироқ ва Сурия мебаранд, ба маҷоз ба шуур ва мағзи сари чунин афрод ваксинаи психологие ворид месозанд, ки онҳоро ба манқурт (зомби), яъне махлуқи итоаткор ва фармонбар табдил медиҳад. Аксаран чун ҳадафи таъсиррасонии равонӣ нафарони сустирода, зудбовар ва аз ҷиҳати динӣ камсавод интихоб карда мешаванд. Нафарони мувоҷеҳи чунин таъсиррасонӣ омодаанд, ки аз ҳама неъматҳои дунёӣ рӯй тофта, маргро хуш истиқбол намоянд. Ҷалбкунандагони онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳонаро, ки дар заминаи ихтилофоти сиёсӣ ва динию мазҳабӣҷой доранд ва дар асоси ҳадафҳои ғаразноки аҷнабиёни хориҷӣ сурат гирифтаанд, чун ҷиҳод маънидод карда, ҳамарӯза нафарони зиёдро ба коми ин ҷанг мекашанд. 

         Ва имрӯз шахсони барӯманди диниро мебояд ба ин савол ҷавоб ҷуст, ки амали ин шахсон, ки дидаю донистаба қатли ҳамдинони худ ё шахсони дигар аз рӯйи ихтилофҳои мазҳабӣ рӯй меоранд ва ин амалҳои худро бо шиори ҷиҳод рӯйпӯш менамоянд, оё ҳамон одамкушӣ нест, ки Қуръон маҳкум намудааст. Дар ояти 33-уми сураи Исрои Куръони карим омадааст: “Ва-ло тақтулун-нафсал-лати ҳарамал-лоҳу илло бил ҳаққи". Яъне, макушед нафсеро (ҷонеро), ки ҳаром сохтааст Худо". Ба таъбири дигар агар гӯем, Худованд дар Қуръони карим аз ҳаёт маҳрум намудани шахси дигарро манъ ва маҳкум кардааст.

Оё дидаю дониста, худро ба коми ҷанг ва марги муфоҷо  андохтан ҳамон худкушӣ нест, ки ислом онро аз гуноҳони кабира медонад. Дар ояти 29-уми сураи Нисои Қуръони маҷидомадааст:«Вало тақтулу - анфусакум инналлоҳ кона бикум раҳиман». Дар ояти мазкур Худованд мефармояд, ки инсонҳо якдигарромакушанд. Олимони ислом бар онанд, ки аз рӯйи мазмуни ин оят, ҳар гуноҳе, ки мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, шомили худкушӣ низ мешавад. Аз ин бармеояд, ки худкушӣ ба одамкушӣ баробар карда шудааст.

Дар ояти 195-и сураи Бақара бошадХудованд фармудааст, ки "маяндозед худро ба ҳалокат". Ин талабот ба нафароне, ки бо роҳҳои гуногун даст ба худкушӣ мезананд, низ мутааллиқ аст. Ва яке аз роҳҳои худкушӣ, ин дидаю дониста худро ба оташи ҷанг андохтан мебошад. 

Аммо, бояд донист, ки ҷавони тоҷик, ки роҳи "ҷиҳод"-ро пеш мегирад, дар як рӯз пайдо намешавад. Ӯ оҳиста-оҳиста ташаккул меёбад, вале аксаран одамон амалҳои ибтидоии ӯро намебинанд ё онро саҳл мепиндоранд. 

Оё Шумо манзараи зеринро мушоҳида накардаед? Шахсе, ки умре тарзи ҳаёти дунявӣ мебурд ва дар хизмати халқу Ватан сарсупурдаву ҷоннисор буд, ногоҳ таҳти таъсири гуфтаҳои ин ё он шахсият ба зуҳуроти ҷомеа баҳои дигархелтар медодагӣ мешавад, баъзан фарзандонаш ҳам аз насиҳатҳои лозиму нолозими ӯ дилгир мегарданд. Рафтору гуфтори ӯ, либоспӯшӣ ва баҳодиҳии ӯ ба арзишҳои мавҷудаи иҷтимоӣ аллакай омиёна нест, афкори вай одатан ба шунидаҳояш банд аст. Албатта, эътиқоди динӣ хуб аст, вале агар созанда бошад, на сӯзанда.

         Лекин вақте нафаре умре бо олитарин арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карда, ногаҳон таҳти таъсири гуфтаҳои ин ё он шахсияте ба хулосае меояд, ки роҳи ҳаётии ӯғалат будааст, бешак акнун ғалат мекунад.

         Имрӯз фазои иттилоотии кишвар пур аз вожаҳои "Шайх"-у "Пир"-у "Мурид" шудааст. Сабаби гирифтори мазаммати мардум ва кишани қонун шудани баъзе аз чунин "пешвоён"-и рӯҳонӣ маҳз зиёдаравӣ ва дур шудан аз таълимоти Исломи ноб аст. Нафаре байни мардум зиноро маҳкум намуда, худ зино мекунад. Нафари дигар хурофотпарастиро заъфи имон дониста, худ бо рағбати тамом хурофоти шахсони гумроҳшударо, ки шахсияти ӯро мепарастанд, қабул дорад.

         Ҳоло боз мӯди дигар пайдо шудааст. Нафаре дар маърака нишаста, бо баҳонае аз гузаштагони худ ёдовар мешавад ва бо ифтихор ва ғурури зиёд эълон мекунад, ки бобокалони ӯ дар замони амирӣ дар Бухоро амлокдор буд ё доруға, қозӣ буд ё миршаб. Бобокалони нафари дигар бошад, босмачӣ будааст ва барои барқарор намудани давлати исломӣҷангидааст. Маълум мешавад, ки бобокалони инҳо чанд зан, садҳо гектар замин, молу мулк ва боғу роғ доштааст. Онҳо бо тафохур мегӯянд ва шунавандагонашон бо даҳони нимвоз ва симои беҳаракат гӯш мекунанд. Ва дар фароварди сухан ин ворисон аз давлати шӯравӣ, аз он давлати бединон, ки бобокалонҳои онҳоро маҳкум ё бадарға намуда буд, шикоят мекунанд.

         Шунавандагон хӯроки даҳонашонро хоида-хоида, бо аломати тасдиқ сар меҷунбонанд ва аз симои маҳзуни онҳо борони афсӯсу надомат аз қисмати нобарори бобоёни гӯяндагон меборад. Онҳо тасдиқ мекунанд, чунки ин сомеон асарҳои Устодони сухан Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва даҳҳо бузургони дигарро оид ба худсариҳо ва зулми хонадони манғития нахондаанд, онҳо "оре" мегӯянд, зеро онҳо аз ҷаҳолату ҷиноятҳои босмачиён чизе намедонанд ва "Одам дар халта"-и нависандаи шаҳир Ҳаким Каримро боре ҳам ба даст нагирифтаанд.

Бале, ҳеҷ кас инкор намекунад, ки давлати шӯравӣ дар охири мавҷудияташ гирифтори бӯҳрони шадиди маънавӣ шуда буд, аммо арзишҳои инсоние, ки дар ин давлат тарғиб мешуд, имрӯз низ аҳамияти амалии худро гум накардаанд ва дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар пироҳани тоза ҷилвагаранд. Арзишҳои шӯравии адолат, баробарӣ, ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, тарғиби илму дониш, имконияти аз рӯйи лаёқату қобилият дар зинаҳои хизматӣ сабзидан, покии ахлоқӣ, роҳ надодан ба порагирӣ ва даромади муфту ғайриқонунӣҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд. Принсипҳои танқид,  худтанқидкунӣ ва ошкорбаёнӣ, ки бозсозӣ пешниҳод намуда буд, имрӯз низ ба дарди ҷомеа мехӯранд.

Нафаре гуфтааст, ки "Агар шӯравӣ намебуд, садсолаҳои дигар дар зери юғи манғитӣ мемондем". Ва мунсифона аст бигӯем, ки агар Истиқлолият намебуд, даҳсолаҳои дигар кишвари мо дар ҳоли карахтиву бӯҳрони маънавӣ, ки пеш аз заволаш давлати шӯроҳоро фаро гирифта буд, мезист. Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба арзишҳои даврони шӯравӣ низ ифодаи эҳтиром ба таърих аст.

Хонандагони арҷманд огаҳанд, ки бо Қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи як даҳсолаи охир фаъолияти даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ манъ карда шуданд. Кор дар ин самт идома дорад.

Мо мушоҳида мекунем, ки ин ё он ҳизбу ҷунбишҳои ғайриқонунӣ муддати муайян фаъолият карда, дар атрофи худ пайравонашонро ҷамъ меоранд ва баъд аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чун экстремистиву террористӣ айният кунонида мешаванд. Чунин таъхир дар шинохти "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва "Салафия" ҷой дошт. Дер шинохтани моҳияти ифротгароёнаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо муқовимат ва мубориза бо онҳоро мушкилтар мегардонад. 

Мушкилоти дигари мубориза бо терроризму экстремизм набудани заминаҳои зарурии илмиву назариявии он мебошад. Имрӯз баъзе олимони тоҷик, аз ҷумла аз ҳисоби кормандони амалӣ ин масъалаҳоро тадқиқ ва рисолаҳои илмӣҳимоя намудаанд. Аммо, тадқиқоту китобҳои онҳо дастраси умум нест. Мутаассифона, фаъолияти илмии онҳо дар ин самт бо ҳимояи як рисолаи илмӣ ва ё нашри як монография хотима меёбад.

Имрӯз оид ба фаъолияти ин ё он ҳизбу равияҳо тадқиқоти илмӣ-назарӣ анҷом дода мешаванд, вале асосан онро намояндагони расмии динӣё ҷомеашиносон (сотсиологҳо) анҷом медиҳанд, ки онҳо асосан мухолифатҳои таълимоти ин ҳизбу равияҳоро ба муқаррароти исломи ноб ё ба арзишҳои иҷтимоӣтаҳлил мекунанд. Зиддияти таълимоти ин ҳизбу ҳаракатҳоро ба қонунҳои амалкунандаи кишвар бояд олимони ҳуқуқшинос таҳлилу тадқиқ намоянд. Олимони тоҷик дар тадқиқи фаъолияти экстремистии "Ҳизб-ут-Таҳрир" саҳм гирифтаанд ва ин тадқиқот идома мехоҳанд. Аз тадқиқоти охирини амиқи илмии ин самт солҳо гузаштаанд, аммо "Ҳизб-ут-Таҳрир" доимо ҷома бадал мекунад.

Имрӯз бандубасти кирдорҳои аъзои ин ҳизб мушкилоти мақомоти тафтишотӣ аст, зеро амалияи ягона дар ин самт мавҷуд нест. Алъон дар тафтишот амалҳои аъзои "Ҳизб-ут-Таҳрир" асосан бо моддаҳои 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон), 3071 (даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 3072 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва3073 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст мешавад. Дар баъзе минтақаҳо моддаи 187 (ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)низ айб эълон карда мешавад. Маҳз набудани амалияи ягонаи тафтишотӣ-судӣҳамон як ҳаракатҳо дар манотиқи гуногуни кишвар бо моддаҳои гуногун, ҷойе камтар, ҷойе бештар бандубаст шуда, ҳамаи онҳо аз ҷониби судҳо бо айбҳои эълонгардида гунаҳкор дониста шудаанд. Аз ин рӯ, бояд масъалаи бандубасти амалҳои ғайриқонунии намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бо роҳи таҳияи дастурамал ё тавсияҳои методии байнисоҳавӣҳал карда шуда, амалияи ягонаи тафтишотӣ-судӣ дар ин самт ҷорӣ карда шавад.   

Бояд нависандагони тоҷик низ бо эҷод намудани асарҳои детективӣ, дар ҳамкорӣ бо субъектони мубориза бо ин ҷиноятҳои фаромиллӣ дар ташаккул ёфтани афкори зиддитеррористиву зиддиифротгароии аҳолӣ нақши носутурданӣ гузоранд. Маҳз чораҳои маҷмӯӣ муассиртаранд.  

Яке аз омилҳои самарабахши мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ, ки ба ҷониби Осиёи Марказӣ низ назарҳои пурхатар намуда истодааст, ин донистани компютер ва Интернет, мунтазам назорат кардани зуҳур ва фаъолияти террористони ифротгаро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад.

Имрӯз варақапаҳнкунии «Ҳизб-ут-Таҳрир» аз мӯд баромадааст. Ҷойи даҳҳо китобҳои таълимии таҳририёнро, ки як даҳсола пеш аз хонаҳои онҳо пайдо мекардем, флэшка ё ҳомили дигари хурдакак бо маводҳои зиёди электрониаш гирифтааст. Тарзу усулҳои таълими экстремистӣ низ дигар шудааст.

Прокуратураи генералии кишвар чанде пеш парвандаи ҷиноятиро нисбати дувоздаҳ нафар аъзои ҳизби ғайриқонунии экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба итмом расонида, ба суд ирсол намуд. Тафтишот муайян кардааст, ки ин нафарон, ки дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо менамуданд, аз аъмоли мозии худ даст накашида, дар дохили муассисаи ислоҳӣ низ даст ба фаъолияти ифротгароёна задаанд. Аз ҷумла, бо кадом роҳе маводи экстремистиро вориди муассисаи ислоҳӣ намуда, аз рӯйи он маҳбусони дигарро тадрис медоданд.  

Мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз навовариҳои илмиву техникӣ, аз ҷумла техникаи компютерӣ ва имкониятҳои Шабакаи ҷаҳонии Интернет мутталеъ ва бо донишҳои диниву дунявии зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ мусаллаҳ бошем, дар тан ҷавшани имону ватандӯстӣ ва дар дил муҳаббат ба миллату эҳсоси оштинопазирӣ бо ҷинояту ҷинояткорӣ дошта бошем, вагарна ҳама муборизаи мо бо ин ҷиноятҳои фаромиллӣ барабас аст. Агар мо дар ҳамдастӣ бо намояндагони исломи ноб афкори аҳолиро аз хурофот, аз шахспарастии динӣ ва ҳар гуна бидъатҳои дигар тоза накунем, ҷойи Шайх Темурро Шайх Темурҳои дигар ишғол мекунанд. Боз нафаре ба худ симои қудсият дода, байни худ ва мардум парда мегирад. Ва мардуми хурофотзада хизмат ба Худоро дар хизмат ба ин ё он шахсияти динӣ мебинанд.

Боз садоҳо баланд мешавад, ки касе тӯйи сари столӣ мекунад, аз дин хориҷ мешавад, касе дар ҳолати мастӣ вафот мекунад, ҷанозаи ӯҷойиз намебошад, нони муаллимро хӯрдан дуруст нест, бояд чунину чунон бошад ва ҳаркӣ чунин мекунад ё чунин намекунад, кофир аст. Пайравони сеҳрзада омодаи ҳар як фармоиши чунин пешвоёни ғайрирасмӣ мешаванд. Маҳз чунин афсунгаштагонро ба ҷиҳод дар Сурияву Ироқ, ба ҳар гуна юришу шӯриш даъват кардан аз ҳама осонтар аст. Маҳз теъдоди муайяни чунин ҷавонони сеҳргаштаи тоҷик дар хоки Ироқу Шом бо шиками даридаву синаи таркида ба хоки абадӣ рафтаанд ва мутаассифона, рӯихати чунин қурбониён идома дорад.   

Имрӯз мебояд ҳама дарҳову мӯриҳоро ба рӯйи ин меҳмонони нохондаву аҷнабӣ, чун экстремизму терроризм баст, зеро фардо комилан дер хоҳад шуд.

 

Зоирзода Комилҷон,

сардори Раёсати назорати қонунӣ

будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои

гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Фаррух Рауфов,

муовини сардори ҳамин Раёсат