«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».

(Эмомалӣ Раҳмон)


   27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷикҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди ШӯравӣҶумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣқарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд.Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Дар чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед рӯ ба таърих биёрем. Салтанати бузурги Сосониён, то замоне ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод,қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне ки ваҳдат дар он халалдор шуд, он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар, Давлати Сомониён. То замоне ки фарҳанги ваҳдатсози асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо Исмоили Сомонӣҳукмрон буд, Давлати Сомониён ҳам пойдор буд.Ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ дастовардҳои бузургиилмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд.

Махсусан дар замони давлатдории Сомониён аҷдодони мо ба пешравиҳои беназире дар илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар соҳаҳо ноил гаштаанд. Ситораҳои илму фарҳанги он замон Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо дигарон бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ дар таърихи башарият нақши босазои худро гузоштаанд, ки ифтихори миллатанд. Ҳамаи он дастовардҳо аз ваҳдат ба даст омада буданд. То замоне ки ваҳдат поянда буд, халқ орому осуда зиндагии осоишта ба cap мебурд. Пас бузургии ваҳдатро пос бояд дошт ва ба қадри бебаҳо будани ин дастоварди миллат бояд расид. Онро ҳамчун дастоварди муқаддас пос бояд дошт!

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ,ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.

Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори сардори давлат, албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд.Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат ва фақат чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст. Бузурге фармудааст:

Пирузӣ аз иттиҳод хезад,

Парокандагӣ аз нифоқ хезад.

Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидонбошад!

Ва аз забони шоир мегӯем:

Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,

Ӯ ба иқболу саодат мерасад.

 

Ёдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи якум                                  Варқа Зайниддинов

 

 

Эзоҳ: Ин мақола дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат»,«Инсон ва қонун» ва «Ҳамрози халқ» санаи 26.07.2015 нашр гардидааст.