Иҷлосияи XVI Шӯрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки сулҳу субот дар кишвар барқарор гардад. Пас аз ин оламиён донистанд, ки миллати тоҷик анъанаҳои таърихии худро ҳамеша ҳифз мекунанд.
Оғози солҳои 90 - уми асри гузашта соки- нони кишвар вазниниҳои зиёдеро аз cap гуза- ронданд. Дар нобасомониҳо нафарони зиёде ба ҳалокат расиданд. Қисме аз шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, муассисаву коргоҳҳо талаву тороҷ гардиданд. Сохтори фалаҷшудаи ҳукуматӣ аз ухдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ба арсаи сиёсат қадам гузоштани як гурӯҳи мансабхоҳон боиси парокандагии миллат ва нооромии ҷомеа гардид. Барои ишғоли вазифаҳо талошу кашмакашиҳо давом ёфта, оташи низоъ аланга зад.
Созмонҳои навташкил ба сиёсат часпида, ҷомеаро ноором сохтанд. Майдоннишиниҳо, гаравгонгириҳо ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтанд.
То оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд фишору зӯроварӣ ба вакилон онҳоро ба ташвиш оварда, дар бораи ба кадом тараф майл намудан андеша мекарданд. Муваффақияти калони вакилон дар он буд, ки онҳо ба тарафдории Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона раъй доданд. Хушоянд аст, ки Сарвари ҷавони давлат боварии вакилон ва сокинони кишварро сазовор шуд.
Дар солномаи таърихи Тоҷикистон 27 - уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт. Дар хамин рӯз дар шаҳри Москва ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣдар Тоҷикистон ба имзо расида, бо ҳамин сулҳ дар сарзамини тоҷикон аз нав барқарору пойдор гашт.
Зиёда аз 1 миллион гурезаҳо ва фирориён ба Ватан баргашта, ба корҳои ободонӣва бунёдкорӣмашғул шуда, дар мухлати кӯтоҳ хонаҳои харобгаштаро обод карданд.
Ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷик сулҳи деринтизор омад, харобаҳои ҷанг барқароршуданд. Сулҳу вахдат пойдор гашт. Бесабаб нагуфтаанд, ки вахдат қудрату тавоноии мардум аст. Сулҳи комил ва ваҳдати устувори миллӣ беҳтарин дастоварди мардум маҳсуб меёбад.
Фахр аз он дорем, ки бо шарофати сарварии оқилона ва дурандешонаи Пешвоимиллат Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалист.
Тоҷикон аз Роҳбари бузург ва Пешвои хирадманди худ Эмомалӣ Раҳмон бо камоли мамнуният ифтихор доранд. Президенти Тоҷикистон ифтихори миллати тоҷик буда, баҳри сарсабзӣ ва шукуфоии диёр хизматҳои арзишманде кардааст.
Имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро, ки бо ҷахду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун мактаби таҷрибаи беназир меомӯзанд.
Тоҷикистон сарвари оқилу хирадманде дорад, ки давлату миллатро дар ҷаҳон номвар гардондааст. Вахдати миллӣ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлолии тоҷикон мебошад. Имрӯз дар фазой кишвар сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣҳукмфармост. Мардум аз Ватаниободу зебои хеш ва Сарвари барӯманду хирадманд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманданд.
Раҳимҷон РАҶАБОВ,
прокурори раёсати муносибатҳои
байналмилалии Прокуратураи
генералии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ