Бо гузашти 23 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи моро ба қаламрави саодат ворид кард, аҳамияти ин санад ва ин тавофуқи таърихӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик бештар мегардад. Созиши ба  даст  омада,  ки  таҳти  раҳнамоии  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи моро ба татбиқи ҳадафҳои олӣ ҳамвор кард, дар таърихи давлатдории навинамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

 


  Мардуми сарбаланди тоҷик ҳар сол 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои озоду осудаи Ватан ҷашн гирифта, ҳамзамон, ёдовар аз он мешаванд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар оғози Истиқлолияти давлатӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти ҷуброннопазири ҷонӣ ва зиёни калони молӣ дида, дучори буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ шуда буд. Ҳарчанд баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки Сарвари неруманду шахсияти барҷаста дар симои Эмомалӣ Раҳмонро сари кор оварда, вазъи ноороми кишвар рӯ ба эътидол ва аркони фалаҷшудаи давлатдорӣ барқарор шуд, вале кишвари мо асосан баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ вориди марҳилаи рушд гардид.

      Аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон марҳила ба марҳила пеш рафта, дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун кишвари ташаббускор вориди саҳнаи сиёсат шуд. Ҳоло ифтихори мо аз он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики ҷаҳон ва созмонҳои зиёди байналмилаливу минтақавӣ иқдомотеро амалӣ месозад, ки на танҳо ба нафъи як давлат ва ё митнақа, балки тамоми мардуми сайёра хидмат мекунанд. Ҳар як ҳамватани мо дар дохил ва хориҷи мамлакат барои исботи ин ҳарфҳо мисолҳои равшанеро дар даст дорад. Аз ҷумлаи чунин мисолҳо пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон, тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. 

      Сарвари маҳбуби тоҷикон дар баробари эҷоди равобити густардаву ҳасанаи Тоҷикистон бо мамолики олам таҷрибаи сулҳофариеро пешниҳод карданд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар сатҳи СММ барои ҳалли низоъҳои дохилӣ ҳамчун дастури кор тавсия мешавад. 

      Мақомоти прокуратура, ки ташаккули он ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдори навин иртибот мегирад, таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми намоён дорад. Омӯзиши воқеаҳои гузаштаи таърих дар замони Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки кормандони прокуратура дар душвортарин лаҳзаҳо садоқати худро ба Ватан, Сарвари давлат, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намуда, алайҳи ҷинояткорӣ мубориза бурданд. Дар шароити имрӯза низ кормандони мақомот бо мақсади ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароиро тақвият бахшида, сиёсати созанда ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ месозанд. Зеро аз баракати ҳидояту раҳнамоиҳои роҳбарияти олии кишвар дар ҳифзи ваҳдати миллӣ давлати соҳибистиқлоли мо сол ба сол ба фатҳи қуллаҳои нави рушд даст ёфта, оромонҳои миллӣ дар амал пиёда мешаванд.

  Дар ин замина ва бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки бо камоли сарфарозӣ дастуру ташаббусҳои Пешвои миллатро истиқбол ва дар татбиқи ҳадафҳои олии ояндасози давлату Ҳукумати мамлакат иқдомоти бештар ба харҷ диҳем.

 

Амон АБДУРАҲМОНЗОДА, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқи мониторинги 

қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, 

Фаромаз РАҶАБЗОД,мутахассиси Прокуратураи генералӣ

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ