Истикдолият ҳамчундастоварди муқаддастарин оғози тағироту дигаргуниҳои сарнавиштсози ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар таърихи муосири мамлакатамон тавонист муҳити соҳибихтиёрӣ ва мустақилиятро ташаккул дода, барои тадбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва шукуфоии Ватанамон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад.
Аз баракати соҳибистиклолӣ ва сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки дар давоми 28- соли истикдол мардуми шарафманди Тоникистон ба муваффақияту дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, бо ин васила дар арсаи бай- налмилалӣ шинохти мусбати миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун, ободгару бунёдкор ва сулҳхоҳу ташаббускор муяссар шуд.
Ҳақиқати равшани таърихӣ аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба айёми бенизомӣ, ноамнӣ ва даҳшати ҷанги дохиливу маҳрумиятҳои зиёд рост омад. Маҳз иродаи азалии таҳаммулгароӣ ва сулҳпарварии Тоҷикистониён буд, ки дар атрофи Сарвари раҳнамову ҳидоятгари хеш муттаҳид шуда, бо ризоияту ҳамдилӣ ва сарҷамъию иттиҳоди сартосарӣ хилофи талошҳои бадхоҳон фазоӣ босуботу ором ва осударо муҳайё сохтанд.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш та заккур доданд, ки "истикдолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани вахдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард."
Маҳз аз файзи истикдолияти давлатӣ аст, ки тамоми гӯшаҳои Ватани маҳбубамон ба майдони бузурги созандагию ободкорӣ, бинокорию хуррамгардонӣ табдил ёфта, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дар ин икдому ташаббусҳои бунёдкорона бо ҳисси баланди ватанпарастӣ ва садоқат ба ин сарзамину муқаддасоти ватандорӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мардуми мо ба мафҳум ва моҳияти истикдолият амиқ сарфаҳм рафта, дарк намуданд, ки бақову пойдории истикдолият, ҳифзи дастовардҳои даврони мустақилият ба кору амали ободгароёнаи мосоҳибватанон вобастагии зич дорад.
Мардуми қадршиноси Тоҷикистони азиз бо ҳисси сазовори шукргузорӣ аз истикдолият ҳамчун неъмати бебаҳо, гаронқиммат, падидаи муқаддасу ифтихорофарин ва арзиши нодир ҳамеша пайи талошу кӯшиши доимӣ мебошанд, то ки рукнҳо ва пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодии истикдолияти давлатии кишвари озодамон боз ҳам тақвияти бештар ёбад, чун гавҳараки чашм онро эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Зеро равандҳои тезутунд ва босуръат тағирёбандаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки хушёриву зиракии сиёсиамонро аз даст надода, бо фарҳанги баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ ва эҳсоси ватанхоҳӣ ҳамеша фикру амали ободсозиву созандагӣ дошта бошем.
Аз ҷумлаи музаффариятҳову муваффақиятҳои муҳими айёми истикдолият дар арсаи байналмилалӣ боло рафтан ва ҷойгоҳи муносибро соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки шаҳодати эътибор ва мақоми намоёнро ба даст овардани кишвари озоду соҳибихтиёри мо мебошад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтан ва пазируфта шудани ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат, ки ба ҳалли мушкилоти сатҳи сайёра равона гардидаанд, боз як нишонаи собити мавқеи мустаҳкам касб намудани сиёсати хориҷии ҷумхуриамон ва пуштибонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз пешниҳодоти судманди Точикистон мебошад.
Далели дигари шинохти арзандаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эхтиром гузоштан ба соҳибихтиёрии он баргузории чорабиниҳои пуршукуҳ ахдмияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе мебошад.
Қобили зикр аст, ки тавассути тадбирандешиҳои ободкорона ва тасмимгириҳои бунёдгаронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти кишвари азизамон дар чанд соли охир куллан симои хешро тағир дода, чандин нишастҳову вохӯриҳои муҳими сатҳи ҷаҳониро ба дараҷаи шоиста ва хотирмон мизбонӣ намуд, ки ин ҳам дастоварди шоёни замони истиқлолият ва ифтихори ҳамватанон мебошад.
Яке аз тамоюлҳои барҷастаи замони истиқлолият ин торафт асосҳои мустаҳкам пайдо намудани ҳисси ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллат, баланд гардидани рӯҳияи хештаншиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ва суннатҳои неки аз ниёгон боқӣ монда, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламшумули миллати тоҷик ва расидан ба қадри арзишҳои маънавии давлатдориамон ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллатамон ҳамеша мардуми кишварро ба гиромӣ доштани ғояи истиклолпарварӣ, пос доштани муқаддасоти он даъват намуда, мақом ва ҷойгоҳи истиқлолиятро ҳамчун "неъмати бе баҳои таърихӣ", "шарти ҳастиву бақои миллат", "кафили фардои дурахшон", "муқаддастарину азизтарин неъмат", "рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ", "нишонаи бақову пойдории давлат" ва "рӯйдоди бузурги таърихӣ" маънидод менамоянд.
Бинобар ин, вазифаи пуршарафу боифтихор, масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи соҳибватании мост, ки поя, асос, бунёд ва рукнҳои ис- тиқлолияти давлатиамонро боз ҳам пойдору мустаҳкамтар намоем ва ҷашни муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатамонро бо дастовардҳои арзанда ба таври шоиста истиқбол гирем.
Муҳаммадвалӣ
ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
прокуроры ноҳияиРӯдакӣ
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ