Боби 50 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани шахсе, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ӯ шаҳрванди он аст, пешбинӣ менамояд.

Тибқи моддаи 483 Кодекс, шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии дахлдор ё созиши хаттии бо шартҳои мутақобил имзонамудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти босалоҳият ва шахсони мансабдори давлати хориҷӣ барои супоридани шахсе, ки аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар давлате, ки ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, ҳамчунин барои супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асос ба шумор меравад (рӯйхати шартномаҳои байналмилалӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар зерлавҳаҳои дуюм ва сеюми лавҳаи мазкур).

Бозпас додани шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамояд

Шарт ва тартиби супоридани маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо инҳоянд:

- супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ӯ шаҳрванди он давлат аст, то хатми ҷазои ӯ ба тариқи маҳрум кардан аз озодӣ дар асоси дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ӯ, ҳамчунин дар асоси талабномаи мақомоти босалоҳияти давлати дахлдор бо ризои маҳкумшуда имконпазир аст;

- шахс танҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бо қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ метавонад супорида шавад ва онҳо дар бораи супорида шудани маҳкумшуда ба суде, ки ҳукм баровардааст, хабар медиҳанд.

Рад кардани супоридани шахси ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда ба давлати хориҷӣ барои адои ҷазо дар ҳолатҳои зерин имконпазир аст:

- кирдоре, ки шахс барои он маҳкум шудааст, бо қонунгузории давлате, ки ӯ шаҳрванди он мебошад, ҷиноят эътироф нагардад;

- ҷазо бо сабаби гузаштани мӯҳлат ё бо дигар асоси пешбининамудаи қонунгузории ин давлат наметавонад дар давлати хориҷӣ адо карда шавад;

- аз маҳкумшуда ё аз давлати хориҷӣ кафолатҳои иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ ворид нашуда бошанд;

- доир ба супоридани маҳкумшуда дар асоси шартҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ мувофиқа ҳосил нашуда бошад;

- маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ дошта бошад.

Бозпас овардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар адои ҷазо намуда истодааст

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ӯ, ҳамчунин мақомоти босалоҳияти давлати хориҷӣ бо ризоияти маҳкумшуда метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Барои баррасии дархости шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби суди кишвари хориҷӣ маҳкум карда шудааст, хешовандони наздик ё намояндаи қонунии ӯ зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

-  Ариза ба номи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи насаб, ном, номи падари муроҷиаткунанда, нишонии истиқоматии аниқ, рақамҳои телефон барои тамос, дарҷи аниқ ва муфассали хоҳиш, гирифтан (ё нагирифтани) ӯҳдадорӣ вобаста ба дӯши худ гирифтани ӯҳдадориҳои молиявӣ, ки ба интиқоли маҳкумшуда вобастаанд ва дигар маълумоте, ки барои баррасии муроҷиат зарур мебошад;

-  Ба ариза бояд нусхаи ҳукми суди кишвари хориҷии ба қувваи қонунӣ даромада замима шуда бошад.

Конвенсияи кишварҳои аъзои ИДМ «Дар бораи бозпас додани ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо»

Нусха гирифтан

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар бораи бозпас додани ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо

Нусха гирифтан

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи истирдод

Нусха гирифтан

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи истирдод

Нусха гирифтан

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон

Нусха гирифтан

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо

Нусха гирифтан

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи истирдод

Нусха гирифтан

 

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ба муқобили ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ

Нусха гирифтан

Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

Нусха гирифтан

Конвенсия дар бораи манъи коркард, истеҳсол, захира ва истифодаи яроқи кимиёвӣ ва нобуд кардани он

Нусха гирифтан

Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор

Нусха гирифтан

Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ

Нусха гирифтан

Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ

Нусха гирифтан

Конвенсия дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истисмори фоҳишагӣ аз ҷониби шахсони сеюм

Нусха гирифтан

Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм

Нусха гирифтан

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм

Нусха гирифтан

Конвенсияи СММ ба муқобили коррупсия

Нусха гирифтан

 

Конвенсия байни кишварҳои аъзои ИДМ дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ аз соли 1993

Нусха гирифтан

Конвенсия байни кишварҳои аъзои ИДМ дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ аз соли 2002

Нусха гирифтан

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи кӯмаки мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ аз 10 майи соли 2001

Нусха гирифтан

Шартнома байни Ҷумхурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ аз 9 апрели соли 2007

Нусха гирифтан

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи парвандаҳои ҷиноятӣ, тиҷоратӣ ва гражданӣ аз 6 майи соли 1996

Нусха гирифтан

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ аз 16 сентябри соли 1996

Нусха гирифтан

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи созмон додани гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ аз 17 июни соли 2014

Нусха гирифтан

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо аз 10 июни соли 2014

Нусха гирифтан

Инчунин, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи дуҷониба бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Украина, Чехия ва Ӯзбекистон шартномаҳои дуҷониба дар соҳаи ёрии мутақобилаи ҳуқуқиро дорад.