26 феврали соли 2025 мулоқоти Прокурори генералии ҶумҳурииТоҷикистон ВоҳидзодаҲ.С. бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон баргузор гардид.Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ муҳокима гардида, муттаҳид гардидани ҷонибҳо ва дастаҷамъона мубориза бурдан алайҳи ин вабои аср муҳим арзёбӣ гардид.

Масъалаи ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он, ки 27 августи соли 2022 байни Прокуратураҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст, қайд карда шуд.

Дар баробари ин оиди баимзорасонии лоиҳаҳои созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба истирдод, дар бораи супоридани маҳкумшудагон ва дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ки омода ва байни мақомоти ду кишвар мувофиқа карда шудаанд, сухан карда шуд.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон дар навбати худ қайд намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Прокуратураҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намунаи беҳтарини ҳамкориҳо байни мақомоти прокуратураҳои ду кишвар ба ҳисоб рафта, пешниҳодҳои мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамавақт пазируфта мешаванд.

Мулоқот дар фазои дўстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.