20 майи соли 2016 сокинони деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршинёви ноҳияи Шуғнон Танибеков Т. М. ва Саидбеков Г. А. дар назди бинои ШВКД дар ноҳияи Шуғнон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, кормандони милитсия Давлатов Ф. Ё. ва дигаронро, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон қарор доштанд, таҳқир ва нисбати онҳо зӯроварӣ истифода намуданд..
Барои ин кирдор нисбати Танибеков Т. М. ва Саидбеков Г. А. аз ҷониби прокурори ноҳияи Шуғнон бо моддаҳои 237 қисми 2 бандҳои «б, в»(авбошӣ аз ҷониби гуруҳи ашхос бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият) ва 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурдагон дастгир карда шуданд.
Парвандаи ҷиноятӣ бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукми суд Танибеков Т.М. ва Саидбеков Г.А. маҳкум карда шуданд.
Маркази матбуоти Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон