- Подробности
- Просмотров: 588
6 декабри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-поковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, прокуророн ва сардорони раёсатҳои ВКД ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа ҳолати риоя ва иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва самаранокии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, мурофиавӣ ва профилактикӣ дар ин самт ва тафтиши пешакӣ доир ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта баррасӣ гардиданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозӣ вазифаҳои навбатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатиро оид ба тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Маркази матбуоти Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон