Шаҳрванд Муродов Сайалиҷон Алиевич аз 25-уми июли соли 2014 дар вазифаи директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи  Панҷ   фаъолият намуда, бо истифода аз ваколатҳои молу мулки дар ихтиёраш буда тасарруф намудааст.

  Ӯ дар давоми кор бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ дар асоси фармонҳо   хешовандони  наздики худро  ба зифаҳои посбон, фаррош, ва дигар вазифаҳо аз моҳи январ соли 2017 то моҳи апрели соли 2018  таъин  намудааст, ки онҳо дар муассиса умуман кор накардаанд, бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва бардурӯғ бештар аз 30650 сомониро азони худ намуда, дар эҳтиёҷоташ сарф намудааст.

  30 декабри соли 2018 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Панҷ  нисбати Муродов С.А. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди «г» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз гардида,баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи мазкур барои моҳиятан барраси намудан бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судирсол гардидааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Панҷ аз 10-уми марти соли равон   Муродов С.А. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди «г» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тодикистон гунаҳгор дониста шуда,  ҷазои ниҳоӣ  ба андозаи яксаду пандоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ҳафт ҳазору дусаду пандоҳ сомонӣ ҷарима, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати ду сол  таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ