14 марти соли 2025 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашни касбӣ табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

Дар рафти маҷлиси тантанавӣ, бо дарназардошти иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақиятҳои шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар маҷлиси тантанавӣ тибқи тартиби муқаррашуда мутахассисони ҷавони прокуратура, ки акнун дар роҳи хизмати содиқонаи қонун қадам ниҳодаанд, оид ба риояи софдилонаи Конститутсия ва дигар қонунҳо, беғаразӣ ва адолат, мубориза бар зидди ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарфи назар аз он, ки онро кӣ содир кардааст, самаранок бурдани назорати прокурорӣ ва тафтишоти пешакӣ, азиз доштани шарафи касбӣ, садоқатмандӣ, тозагии ахлоқӣ ва хоксорӣ савганд ёд намуданд.

Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.