Хабарҳо

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

Вақтҳои охир дар расонаҳои васоити ахбори омма ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабару маълумотҳо дар бораи аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тӯҳмати кормандони мақомоти прокуратура дар ришвагирӣ  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҳимоятгар Юлдашев Ф.О. (Файзи Олӣ) ва ба суд дода шудани ӯ паҳн шуда истодааст.

Ба маълумоти шаҳрвандон эҳтиромона расонида мешавад, ки моҳи феврал-марти соли 2023 дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон азонихудкунии 4672,8 ҳазор сомонии маблағҳои ҷамъияти мазкур аз ҷониби масъулин ошкор карда шуда, маводҳо барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.

31 марти соли 2023 дар асоси маводҳои санҷишӣ  аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъулини ҷамъияти номбурда Ҳамроҳзода Шамсулло, Шамсуллозода Шукрулло ва Орипов Холмаҳмад бо банди “б” қисми 4 моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

24 майи соли 2023 дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур  Ҳамроҳзода Ш. ба ҳимоятгар Юлдашев Ф.Ш. ваколатнома барои ҳимояи ҳуқуқҳояш дар рафти тафтишоти пешакӣ, баррасии судӣ ва дигар мақомот додааст.

Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 7 марти соли 2024 Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш. ва Орипов Х.Г. дар содир намудани ҷинояти зикршуда гунаҳгор дониста, маҳкум карда шудаанд.

Ҳимоятгар Юлдашев Ф.Ш., бархилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвакатҳо”, бо мақсади оворакунии мақомоти давлатӣ, қасосгирӣ ва дигар ниятҳо, бе огоҳии шахси ваколатдиҳандааш Ҳамроҳзода Ш., аз қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд норозигӣ карда, ба Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам хаттӣ муроҷиат карда, оиди гӯё аз ҷониби корманди прокуратура Холиқзода У. содир намудани ҷинояти вазнин, яъне бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба миқдори 21000 сомонӣ, ревизори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ҷ.Ҷ. гирифани пора ба миқдори 50000 сомонӣ ва ҳимоятгар Саидова Ҳ.У. бо роҳи қаллобӣ гирифтани 20000 сомонӣ аз Ҳамроҳзода Ш. ва дигарон дидаю дониста хабари бардурӯғ расонидааст.       

Дар ҷараёни санҷиши гузаронидаи мақомоти марбута ваҷҳҳои ҳимоятгар Юлдошев Ф.Ш. тасдиқ наёфта, нисбати шахсони болозикр бинобар дар кирдорҳояшон набудани аломатҳои ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ асоснок рад карда шудааст.

Бинобар ин, нисбати Юлдашев Ф.Ш. барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ бо гунаҳкор кардан дар содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин бо банди «а» қисми 3 моддаи 346 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, 3 октябри соли 2024 парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди мазкур  Юлдашев Ф.Ш. гунаҳгор эътироф шуда, нисбаташ ҷазо таъйин карда шудааст.

Тафсилоти бештар вобаста ба ин парвандаи ҷиноятӣ баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд пешниҳод карда мешавад.