Хабарҳо
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
15 ноябри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии кормандони мақомот бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод суханронӣ намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, яке аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар ин иҷлосияи таърихӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат интихоб шуда, ба рисолати таърихии худ оғоз намуданд.
Таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ пош хӯрдани давлат ва парокандагии миллат пешгирӣ гардида, ҷиҳати баровардани ҷомеа аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян карда шуда, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва ташаккули қонунгузории миллӣ дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ заминаҳо гузошта шуданд.
6 ноябри соли 1994 дар шароити ниҳоят душвори таърихӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он шаҳрвандони мамлакат бо боварию эътимод ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифаи басо муҳиму пурмасъул якдилона интихоб намуданд.
Роҳбари тозаинтихоби давлати тоҷикон бо шарофати хиради азалӣ, заковати сиёсӣ ва ҷасорати беназири худ дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд сулҳу осоиш ва ризоияту ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа таъмин намоянд. Дар он солҳои мудҳиш дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, чунин вазъият оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор менамуд.
Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат 2-юми декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ” фармон ба имзо расониданд.
Дар раванди иҷрои фармони мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, азҷумла кормандони мақомоти прокуратура даҳҳо ҳазор силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Бо саъйу кӯшишҳои пайваста ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар кишвар ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузошта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни олам мавриди омӯзиш ва истифода қарор дорад.
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бунёдгузори заминаҳои ҳуқуқии давлати демократӣ ва пешбару илҳомбахши сиёсат дар ин самт маҳсуб меёбанд.
Ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ки “қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд такмил дода шуда, бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилӣ барои бунёди давлати нав - давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузошта шавад”.
Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки натиҷаи амалӣ гаштани дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон якдилона қабул гардид. Ин Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини Истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуда, ҳамчун арзишҳои олӣ пазирифта шуданд. Асосҳои сохти давлатдорӣ муайян гардида, барои рушди гуногунандешӣ, низоми бисёрҳизбӣ, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат меъёрҳои ҳуқуқӣ муқаррар гардиданд.Ин санади тақдирсоз муносибатҳои муҳимтарини иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро ҳамчунин ба танзим даровард. Азҷумла, мақом ва салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, прокуратура ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян намуд.
Дар робита бо ин, бо назардошти нақши муҳими мақомоти прокуратура дар таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида, яъне боби 9-и Конститутсия ба фаъолияти прокуратура бахшида шуд. Дар он ваколат, вазифа ва самтҳои асосии прокуратура муайян гардида, ҷиҳати фаъолияти самараноки он заминаҳои устувори ҳуқуқӣ-конститутсионӣ фароҳам оварда шуд.
Дар асоси Конститутсия қонунҳои муносибатҳои нави ҷамъиятиро батанзимдароранда, азҷумла оид ба рамзҳои давлатӣ, забон, мақоми ҳуқуқӣ ва ваколатҳои ниҳодҳои муҳими давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти миллӣ, мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ, иқтисодиёт, истифодаи сарватҳои табиӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг ва дигар қабул гардиданд. Дар таҳия ва қабули ин қонунҳо саҳми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари давлат ва ҳокимияти иҷроия басо муҳим аст.
Ҷузъи муҳими низоми ҳуқуқии кишварро ҳамзамон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ташкил медиҳанд. Дар ин давра аз ҷониби Роҳбари давлат ҳамчунин як қатор стратегия ва консепсияҳо, ба монанди стратегияҳои муқовимат бар зидди коррупсия, экстремизм ва терроризм қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Бо назардошти ин хидматҳо мардуми миннатпазири Тоҷикистон фарзанди барӯманди худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 25 декабри соли 2015 бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сазовор дониста, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2016 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” эълон гардид.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, сатҳи зиндагии мардуми кишвар баланд бардошта шуд.
Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 50 баробар, даромадҳои буҷети давлатӣ 97 баробар, гардиши савдои хориҷӣ 35 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз ба 21 фоиз паст карда шуд.
Дар ин давра Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуда, тавассути бунёди шоҳроҳу нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳои замонавӣ байни ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ рафтуомади доимӣ таъмин ва бо кишварҳои ҳамсоя алоқаи нақлиётӣ барқарор карда шуд.
Дар раванди омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ бунёд ва мавриди истифода қарор доранд. Дар робита ба Ҷашни 35 - солагии Истиқлол бошад, бунёди тақрибан 28 ҳазор чунин иншоот ба нақша гирифта шуда, корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд. Дар раванди ин чорабиниҳо пойтахти мамлакат ба яке аз зеботарин шаҳрҳои дунё табдил ёфта, симои шаҳру деҳот комилан дигаргун гардидааст.
Даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ба истифода дода шуда, айни ҳол бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқи обии Роғун босуръат идома дошта, истиқлолияти пурраи энергетикии Тоҷикистон таъмин гардида истодааст.
Роҳбари давлат ба маориф ва илм низ пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ин давра зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо 645 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир мунтазам масъалагузорӣ намуда, обрўи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор баланд бардоштаанд.
Чунончи, дар ин давра 5 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, бар асоси қатъномаҳои ин созмон гузошта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, ба сифати ташаббускори тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм баромад намуда, танҳо тайи се соли охир бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо иштироки роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони бонуфузи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ ду конференсияи сатҳи баланд (4 майи соли 2018 ва 19 октябри соли 2022) баргузор гардиданд.
Ин иқдомот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ “Раванди Душанбе” номида шуда, он ҳамчун платформаи байналмилии муқовимат бо экстремизм ва терроризм интихоб гардид.
4 - 5 ноябри соли 2024 марҳилаи Кувайтии “Раванди Душанбе» дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт таҳти ҳамраисии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки зиёда аз 500 нафар намояндагони воломақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ ва Африқо баргузор гардида, он нуфузи байналмилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам баландтар бардошт.
боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар байни роҳбарони кишварҳои дуру наздик аз эҳтироми хосса бархӯрдор мебошанд.
Чунончи, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Хитой Си - Зинпин дар нишасти аввалини сарони кишварҳои “Хитой - Осиёи Марказӣ” ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, чунин баён намуд: “Шумо, Ҷаноби Президент дар байни мо - сарони давлатҳо шахси аз ҳама бонуфуз ва бунёдгузори Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошед. Шумо сиёсатмадори хирадманд, кордон ва дурбин ҳастед. Фикру мулоҳизаҳои Шумо барои мо фавқулодда муҳим аст” (охири иқтибос).
Нақши Пешвои миллат дар рушди мақомоти прокуратура низ хеле бузург аст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуд.
Сохтори мақомоти прокуратура мунтазам такмил дода шуда, он бо шумораи зарурии кормандон, биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Ин ғамхориҳо моро водор менамоянд, ки аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат ҳамеша пуштибонӣ намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафт ва рушду нумуи боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон фаъолиятро дучанд намоем.
Арҷгузорӣ аз хизматҳои таърихии фарзандони баруманди миллат дар назди халқу Ватан воситаи муҳими таҳкими ваҳдату сарҷамъии мардум ва тарбияи наслҳои имрўзу оянда дар руҳияи ватандўстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Боварии комил дорем, ки халқи тоҷик хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша қадрдонӣ хоҳанд намуд.
Дар охири суханронӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони мақомотро бахшида ба солгарди Иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаҳои бошараф ва пурмасъулаташон барору комёбиҳои беназирро орзу намуд.