Хабарҳо

Мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Ю.А. бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон хонум Вардапетян А.К.

3 октябри соли 2024 дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Арманистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон хонум Вардапетян Анна Кареновна баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бо экстремизм, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.

Ҷиҳати истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ба мувофиқа расида шуд. Ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории зич миёни ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи кишварҳоро ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.