Хабарҳо

Нақш ва аҳамияти Конститутсия дар ташаккули қонунгузории Тоҷикистон

Роҳи рушду тараққиёти ҳар як давлату миллатро конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст, муқаррар мекунад. Халқи тоҷикро низ бахту саодати бузурге насиб будааст, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол ва конститутсияи сазовор мебошад.

Дар баробари ба даст овардани истиқлолият халқи тоҷик ба марҳалаи сифатан нави инкишофи худ ворид шуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт раванди дигаргуниҳои куллӣ оғоз гардид ва зарурати қабули конститутсияи нав ба миён омад, зеро қабули қонунҳои мутобиқ ба замон ва шароити нави таърихӣ яке аз омилҳои асосии суботи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бори нахуст қабули конститутсия дар Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ шуда, бо сабаби соли 1992 оғоз гардидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таҳияи лоиҳаи он ба таъхир афтод. Хушбахтона, бо баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи конститутсия аз нав оғоз гашта, бо қарори Шурои Олӣ аз 25-уми июни соли 1993, №836 бо роҳбарии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати нави комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва баъдан тибқи қарори Раёсати Шурои Олӣ аз 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаи он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Минбаъд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20-уми июни соли 1994, № 974 бо назардошти таклифу дархости мардум ва тавсияҳои мутахассисону донишмандон, пеш аз ҳама дастуру ҳидоятҳои гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 якдилона қабул гардид. Ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.   

Бо назардошти он ки, халқи тоҷик тули беш аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ набуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик санади тақдирсозу ҳаётан муҳим буда, Рӯзи Конститутсия ҳамчун ҷашни давлатӣ аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад.

Конститутсия дар баробари он ки, санади муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, инчунин, қонуни олии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, замина ва сарчашмаи асосии эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. 

Ҳамчун қонуни олии давлат, Конститутсия масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд. Ин масъалаҳо дар навбати худ асоси муносибатҳои бунёдии ҷомеаро ташкил дода, талаб мекунанд, ки меъёрҳои Конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ ва амали мустақим дошта бошанд. Ин аст, ки, тибқи моддаи 10-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.  Қонунҳо  ва  дигар  санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Ҳамин тавр, эътибори олии ҳуқуқӣ ва амали мустақими меъёрҳои конститутсия заминаи муҳими таъмини қонунияти конститутсионӣ дар кишвар мебошад, зеро ин принсип тақозо менамояд, ки меъёрҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси конститутсия ва барои амалӣ шудани он қабул шаванд.

Дар даврони истиқлолият, дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати ҳуқуқӣ, инчунин ислоҳоти пайдарпайи ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ Тоҷикистон соҳиби қонунгузории миллии худ гашт. Дар ин давра қонунҳои зиёд қабул шуданд, ки баъзеи онҳо беназир ва мутлақо миллӣ мебошанд.

Тибқи моддаи 10 қисми 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Тоҷикистон узви созишномаҳои бисёртарафаи байналмилалие мебошад, ки дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба имзо расидаанд. Инчунин, Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида созишномаҳои дутарафа ба имзо расондааст, ки ҳамаи инҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишварро ташкил медиҳанд. 

Дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйирот ва ба он илова намудани меъёрҳои нави ҷавобгӯ ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ин тағйиру иловаҳо дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам мукаммал гардонида, ҷомеаи Тоҷикистонро ба марҳалаҳои навбатии инкишофи худ роҳнамоӣ намуданд.

Тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 дохил карда шуд, дар кишвар парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфта, 10-уми декабри соли 1999, таҳти № 856, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки мувофиқи он аввалин маротиба сохтори парламенти кишвар муайян шуд. Ҳамзамон, дар робита ба ин тағйирот, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 19-уми апрели соли 2000, таҳти №1, қабул гашт, ки тибқи он  Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат буда, аз ду Маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Ғайр аз ин, дар асоси ин тағийру иловаҳо ба Конститутсия давоми солҳои 1999-2001 ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид гардида, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул шуданд.

Ба ин монанд, дар асоси тағйиру иловаҳои 22-юми июни соли 2003 ба Конститутсияи ҷумҳурӣ воридгардида, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ дониста шуд (моддаи 5), раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гашт, ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури таркибии низоми сиёсии кишвар шинохта шуданд (моддаи 6), ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуда (моддаи 14), ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардида (моддаи 19), тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд (моддаи 30), ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббии пулакӣ ( моддаи 38), ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсили ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ (моддаи 41) пешбинӣ гаштанд.

Дар маҷмуъ, дар натиҷаи ин ислоҳоти конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 55 тағийроту иловаҳо ворид  ва муқаррароти интиқолӣ қабул шуд.

Мусаллам аст, ки инкишофу пешрафти ҷомеа, хусусан давлатҳои рушдёбанда, талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳким ёфта, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар шуда, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад. Рушди устувору босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ ин талаботро тақозо намуда, барои боз ҳам такмил додани меъёрҳои Конститутсия замина фароҳам овард.

Бинобар ин, аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон    ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, дар асоси моддаи 99-и Конститутсияи ҷумҳурӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод гардид, ки бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми феврали соли 2016 онҳоро ба Конститутсия мутобиқ донистанд. Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 10-уми феврали соли 2016 ин лоиҳа тасдиқ ва ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуд. 22-юми майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор ва тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда қабул гардиданд.

Тибқи ин тағйиру иловаҳо, аз ном ва матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «Сарқонун», ки дар қавсайн буд, хориҷ гашт, зеро мафҳуми «конститутсия» вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ буда, ба ҳама фаҳмо мебошад.

Инчунин, ба моддаи 1 Конститутсия қисми 2, илова шуд, ки мувофиқи оншакли идораи Тоҷикистон президентӣ мебошад. Меъёри мазкур воқеияти сиёсии Тоҷикистонро, ки ҷумҳурии президентӣ мебошад ва Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунандаро дорад, ифода карда, мазмуни конститутсияро комил гардонд. Ё ин,киқисми шашуми моддаи 8 Конститутсия дар таҳрири нав қабул гардид, ки тибқи ондар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунинмаблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Таъсиси  ҳизби сиёсии хусусияти динидошта бо истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, боиси ба сиёсат омехта кардани дин мегардад. Бинобар ин, давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсиро вобаста ба дин дар конститутсияҳои худ манъ кардаанд.

Тоҷикистон таҷрибаи талхи фаъолияти чунин ҳизбҳои хусусияти динидоштаро дар ҷумҳурӣ дар мисоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки бо суистифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мақсадҳои ҷинояткоронаи худро пардапӯшона амалӣ намуданӣ шуда, соли 1992 Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид ва то ҳол аз амалҳои тахрибкоронаи худ бар зидди давлату миллати тоҷик даст накашидааст, мустақиман аз сар гузаронд. Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳои мазкурро ба Конститутсия раъйдиҳандагон якдилона пазируфта, фаъолияти чунин ҳизбҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ дар мамлакат манъ шуд.

Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, манъ намудани фаъолияти он дар кишвар, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди мамлакат қонеъ шуда буд.

Ҳадафи ягонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки парвардаи хоҷагони хориҷӣ мебошад, шикасти тафаккури миллии мардуми кишвар, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримиллӣ намудани мардуми тоҷик мебошад. Ҳамин тавр, вақт бори дигар собит сохт, ки ин қарорҳо сари вақт ва дуруст қабул шуданд.   

Бо  қарори  Шурои  минтақавии сохтори  зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ТТЭ ҲНИ 21-уми январи соли 2016, таҳти №70 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ манъ аст, дохил гашт. Инчунин, тибқи қарори Кумитаи котибони шуроҳои амниятии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 8-уми июни соли 2016, ТТЭ ҲНИ ба рӯйхати ташкилотҳое, ки дар давлатҳои аъзои СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, таҳти № 65, ворид гардид. Ғайр аз ин, Суди Олии Федератсияи Россия 14-уми сентябри соли 2022 аризаи Прокурори генералии ФР-ро қонеъ карда, Ҳизби наҳзати исломро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эълом дошт ва фаъолияти онро дар ҳудуди Федератсияи Россия низ манъ намуд.

Тағйироти дигари ба Конститутсия воридшуда, ки аз ҷониби мардуми Тоҷикистон якдилона дастгирӣ ёфт, ин ба моддаи 65-иКонститутсия илова кардани қисми панҷум мебошад, ки, тибқи он, маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида дар хусуси он,кияк шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Баъдан, дар асоси ин тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, 14-уми ноябри соли 2016 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид, ки тибқи моддаи 2-ионПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф мешаванд.

Дар ин моддаи Қонуни конститутсионӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихӣ  шинохта шуда, саҳми беназир ва нақши арзандаашон ҳамчун Сарвари давлат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дарҷ гардид. Ҳамчунин, дар он хизматҳои бузурги тақдирсозашон баҳри аз парокандагӣ наҷот додани миллат, аз нестшавӣ нигоҳ доштани давлат ва аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намудани халқ ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон саҳм гузоштан, таҷассуми қонунии худро ёфтааст. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо, 23-юми июли соли 2016 ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ҳамин тавр, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воқеияти замонро инъикос карда, мазмуну муҳтавои Конститутсияро боз ҳам такмил доданд ва барои рушду нумӯи низоми сиёсии навини ҷомеа ва таҳкими қонунгузории ҷорӣ мусоидат намуданд. Чи тавре,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари асли соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад...”.

Ҳамаи ин баёнгари низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварамон буда, ҳар як шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва риоя намоянд, зеро ин заминаи асосии таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадони кишвар мебошад.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

 

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковники адлия