Хабарҳо

Ҳамкорӣ бо «Паймони Миллӣ» ҷиноят аст

Шаҳрванд Ҷумаева М.Х., санаи таваллудаш 19.08.1989, зода ва сокини ш.Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 255 қисми 1, 250 қисми 1, 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 228 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия маҳкум карда шудааст, аз аввалҳои соли 2023 дар шабакаи интернетии “Ютуб” тавассути барномаҳои “Ислоҳ-ТВ”, “Паймони миллӣ” ва “Минбари муҳоҷир” баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин - узви ««Паймони миллии Тоҷикистон»-ро, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2019 иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, пайваста тамошо карда, ғояҳо ва ақидаҳои ин ташкилотро ҷонибдорӣ намудааст. Инчунин, ӯ дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо номи «Момлидж Сосгмли» саҳифа кушода, дар он низ суханҳои Муҳаммадиқболи С.-ро тавассути навиштани шарҳу тавзеҳот ҷонибдорӣ намуда, ғайр аз ин аз моҳи августи соли 2023 инҷониб, тавассути барномаи “Ватсап” зиёда аз даҳ маротиба бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аксҳои худро ирсол кардааст.

Тибқи хулосаи мутахассисон мазмун ва муҳтавои шарҳу суҳбатҳои шаҳрванд Ҷумаева М.Х. дорои нишонаҳои мусоидат ва дастгирии иттиҳоди террористӣ-экстремистии «Паймони Миллӣ» мебошад.

Бинобар ин, 19.10.2023 аз тарафи прокуратураи н.Фирдавсӣ нисбат ба Ҷумаева М.Х. бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии умҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

Тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.