Хабарҳо

Дар Прокуратураи генералӣ фаъолияти натиҷаи 9 - моҳа ҷамъбаст гардид.

17.10.23 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки прокурорҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.

Дар оғоз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар ин давра баромад намуд.

Қайд гардид, ки дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ 5669 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҷиҳати баратараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 39 387 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда шуд. Ғайр аз ин, 52 781 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 3361 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 863,4 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки аз он 341,4 млн сомонӣ ба манфиати давлат мебошад. Бо дахолати прокуророн 14 026 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон ба мақомот 30 476 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 8823 адади онҳо аз ҷониби прокуророн бевосита баррасӣ карда шуда, 2295 муроҷиат ё 27,3 фоиз қонеъ карда шудааст.

Дар натиҷа, дар ин давра ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 239 963 нафар шаҳрвандон барқарор карда шуд.

Дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 16 572 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҷиноят ё 4,3% кам мебошад.

Дар ин давра прокуророн назоратро бо 9770 парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин 8974 парвандаро ба суд ирсол намуданд. Аз ҷумла, муфаттишони прокуратура тафтиши 3312 парвандаҳои ҷиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор  карда шудааст.

Прокурорҳо дар давраи таҳлилӣ дар баррасии 7333 парвандаҳои ҷиноятӣ, 7828 парвандаҳои гражданию оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо бо ин парвандаҳо ҳамагӣ 514 эътироз овардаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонунгузории мамлакат бо аҳолӣ 38 518 суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, дар воситаҳои ахбори омма 2197, аз ҷумла телевизион 825, радио 648, матбуоти даврӣ 724  баромадҳо баргузор карда шуд.

Дар анҷоми маҷлис, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба кормандони мақомот ҷиҳати  боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.