Хабарҳо

Барномаи машғулиятҳои назариявию амалӣ оид ба муаррифии сохтори нав дар Прокуратураи генералӣ

9-уми октябри соли 2023 аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи машғулиятҳои назариявию амалӣ оид ба муаррифии сохтори нав дар Прокуратураи генералӣ - “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” оғоз гардид.

Дар рафти амалисозии барномаи мазкур зарурияти таъсис, мазмун ва моҳияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ба кормандон фаҳмонида шуда, дар барнома мавзуъҳои муҳим, аз қабили самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои Марказ, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Машғулиятҳо аз ҷониби кормандони варзидаи мақомоти прокуратура, аз ҷумлаи муаллимони калони Донишкада, сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва дигар кормандони масъул бо усулҳои назариявӣ, интерактивӣ, амалӣ ва кор бо гурӯҳҳо амалӣ мегардад.

Ҷиҳати иштирок дар барномаи мазкур кормандони мақомоти прокуратура, ки самти пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳоро назорат менамоянд, ҷалб шудаанд.

Мақсади баргузории машғулиятҳо шиносоии кормандон ба  сохтори нав дар Прокуратураи генералӣ, яъне “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” буда, баргузории онҳо 9-10 октябр бо ҷалби ёрдамчиёни прокурорҳои шаҳри Душанбе, ВМКБ ва ноҳияҳои онҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳарбии гарнизонҳои Душанбе ва Рашт, нақлиёти Тоҷикистон ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии шаҳри Душанбе дар толори Донишкадаи Прокуратураи генералӣ, 12-13 октябр бо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон ва 18-19 октябри соли 2023 дар вилояти Суғд дар назар аст.