Хабарҳо
Оид ба дастгир намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод вобаста ба боздошти оммавии муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, лату кӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия барқияи фаврӣ ирсол намуда, тақозо намуд, ки ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.