Хабарҳо

Хабари иттилоотӣ

5 январи соли 2023 дар Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асылов Б.Н. дар бораи даст доштани шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бетартибиҳои оммавӣ, ки моҳи январи соли 2022 ба вуқӯъ пайвастаанд, изҳори назар карда шудааст.

Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст.

Ба ҳолати моҳи январи соли 2023 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои болозикр ворид нагардидааст.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад менамояд.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон