Хабарҳо

Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

Каримов Сафар Шомуратович, санаи таваллудаш 24.07.1962 сол, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, давоми солҳои 2004-2016 мунтазам бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, дар ҳудуди Федератсияи Россия, бо ақида ва ғояҳои ифротии ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломии Ироқу Шом», ки баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015 ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф карда шуда, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ва сомонаҳои интернетии он ҳамчун воситаи ахбори омма баста шудааст шинос шуда, онҳоро барои худ дуруст шуморида қабул ва дар шууру иродааш ҷой кардааст.

Минбаъд, Каримов С.Ш. ҷиҳати зиёд кардани аъзоёни сафи ТЭТ «ДИИШ» ва ҷалби шаҳрвандон ба он, бо ташвиқ ва тарғиби ақидаҳои ташкилоти террористии мазкур машғулшуда, дар ҳудуди шаҳри Москваи Федератсияи Россия, дар натиҷаи ташвиқот ва даъватҳои мунтазам шаҳрвандон Ҳасанов Ғ.А. ва бародараш Ҳасанов А.А., ақида ва ғояҳои ифротии ТЭТ «ДИИШ»-ро қабул намуда, барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта, нисбати Каримов С.Ш. бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 03.02.2017 сол нисбати номбурда ҷустуҷӯи ҷиноятии байналмиллалӣ эълон шуда буд.

Каримов С.Ш., ки дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор дошт, дар ҳудуди шаҳри Озинкии вилояти Самараи Федератсияи Россия аз тарафи кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар датсгир ва барои минбаъд истирдод намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувакқатан дар Муассисаи нигаҳдории муваққатии №1 СРИҶҶ ВА ФР дар вилояти Самара ҷойгир карда шудааст.

Ҳангоми дар муассисаи нигаҳдории болозикршуда карор доштанаш аз моҳи август то моҳи ноябри 2017 сол, бо роҳи ташвиқу тарғиби ақидаҳои ифротии ТЭТ «ДИИШ» шаҳрвандони Федератсияи Россия Архипов Д.К., Алпатов А.И., Петров В.Э. ва Кузмич Г.А.-ро барои шомил шудан ба сафи аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии «ДИИШ» ва барои сафар кардан ба кишварҳои Сурия ва Ироқ, даъват намудааст.

Нисбати Каримов С.Ш. аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон, аз санаи 04.11.2022 сол Каримов С.Ш. бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон