Хабарҳо

Терроризм экстремизм ва истифодаи зуроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият !

Шаҳрванд Ғурбатов Авазмад Умаралиевич, санаи таваллудаш 01 августи соли 1996, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ, хабарнигори Азия плюс, оиладор соҳиби як фарзанд, пеш суд нашудааст, зодаи шаҳри Кулоби вилояти Хатлон, мувақатан истиқоматкунандаи, шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Н.Қарабоев 9/1, хонаи 106, ӯ худашро дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Фейсбук» бо мустаъори «Абдуллоӣ Ғурбатӣ» пайваст намуда, бо тариқи телефони мобилиаш тамғаи «Redmi Noti-9 рrо» вориди шабака мегардидааст.

Давоми солҳои 2021-2022 аз ҷониби Ғурбатов А.У.  дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Фейсбук» чандин матлабҳо ва мақолаҳо ошкоро ва пардапӯшон нашр шудаанд, ки дар он пайваста бадномсозии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуда, дар амалу кирдорҳои Ғурбатов А.У. аломатҳои фаъолияти экстремистӣ ҷой доранд. Дар яке аз мақолаҳо номбурда қайд кардааст, ки «Агар ин миллат як соҳиб медошт, Агар ин давлат як қонун медошт, Агар ин ҳуқумат як вазир медошт, ҷавони тоҷик аз тиреза поин фикандани худро аз хидмат ба ин миллат боло намедонист!!! Ва ё ҷавони тоҷикро ба ҳиллаву фиребу наёранг ба хидмати модару ватан намебурданд. Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед ба ман бидиҳед ба «биҳишти рӯӣ заминатон бовар надорам. Ба ягон идеяи миллӣ, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам. Ғурури миллӣ чӣ ки худи миллат буданамон зери суоли калон рафтааст» ба ҳамин монанд Ғурбатов А.У. чандин матлабҳо ва мақолаҳо нашр кардааст.

Инчунин, Ғурбатов А.У.  бо имзои мустаъор яъне бо тариқи пардапӯшон, барои амали намудани фаъолияти экстремистии худ дифоъ намудан гуё ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғуласту ва дарди ҷомеъа мехурад, худашро ба канали «Аzda tv» санаи 13 ноябри соли 2019 дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Ютуб» аъзо намуда, ки канали зикргардида алоқаманд ба яке иттиҳодияи дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доштаи «Паймони миллӣ», «Ҳизби наҳзати ислом» мансуб мебошад, наворҳои паҳн намудаи онро пайгири намуда, барои рангинсозии барномаҳои худ истифодабари менамудааст.

Ҳамзамон, Ғурбатов А.У. санаи 15 июни соли 2022 бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобиев Далер Имомалиевич, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, барои пурсиш ҳамчун шоҳид даъват шудааст. Тахминан соати 1930 дақиқа ҳангоми баромадан аз бинои ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назорати қисми навбатдорӣ, ҳангоми воридшудани сардори МХМ №7 ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, майори милитсия Муродов Д.Ҷ.-ро дидаю дониста, ки номбурда дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ мебошад суханҳои қабеҳ зада, дашном дода аз ҳисси бадбини нисбати Муродов Д.Ҷ. дар ҳузури шаҳрвандон таҳқир кардааст.

Ғурбатов А.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода ба суханҳои қабеҳ задааш, дашном доданаш ва таҳқири кардааш нисбати сардори МХМ№7 ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, майори милитсия Муродов Д.Ҷ., қаноат накарда, дидаю дониста ки номбурда дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ мебошад, дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назорати қисми навбатдорӣ ШВКД-1-и номбурда, бо истифодаи зӯроварӣ пагони китфи чап ва чор адад тугмаи куртаи низомии Муродов Д.Ҷ.-ро канда дар ҳузури шаҳрвандон як мушт ба гарданаш задааст.

Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Ғурбатов А.У. бо моддаҳои 307 иловаи 3 қисми 2, 330 қисми 1 ва 328 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 04 октябри соли 2022 нисбати Ғурбатов А.У. ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

  Маркази матбуоти прокуратураи

  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон