Хабарҳо
Одамкушӣ !
Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қаландаров Камолиддин Буронович, бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сӯиқасд ба одамкӯши), ки тафтиши он аз ҷониби муфаттиши прокуратураи шаҳри Турсунзода ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Қаландаров К.Б. соли 2001 бо шаҳрванд Якубова Лолахон Адхамҷоновна оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя соҳиби 4 фарзанд гардиданд. Моҳи сентябри соли 2021 бинобар бад шудани муносибати оилавӣ аз Якубова Л.А ҷудо шуда, вале бо сабаби надоштани ҷойи зисти доимӣ Якубова Л.А. бо фарзандони ноболиғаш дар манзили истиқоматии Қаландаров К.Б. дар ҳуҷраҳои алоҳида зиндагӣ намудааст.
Минбаъд, 17 ноябри соли 2021 Қаландаров К.Б. дар ҳолати мастӣ ба ҳуҷраи хоби собиқ ҳамсараш Яқубова Л.А. даромада, ба ӯ таклифи ҳамхоба шуданро намуда, бинобар рад намудани хоҳишаш ва аз суханҳои ҳамсараш оиди бо дигар мард алоқа доштан ба ғазаб омада, қасди кӯштори ӯро намудааст. Дар ин замина, ӯ дарҳол аз ошхонаи манзили зисташ ду адад корди ошхонагиро гирифта, дар ҳузури фарзандони ноболиғаш Қаландаров Ҷ.К. ва Қаландаров Ҷ.К. ба Яқубова Л.А. ҳамла намуда, бо истифодаи кордҳои дар дасташ буда, шаш маротиба ба қисмати қафаси сина, шикам, камар ва дасти ӯ зарба зада, ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи сабук ба саломатиаш расонидааст.
Сипас, фарзанди ноболиғаш Қаландаров Ҷ.К. бо мақсади ҳимояи модараш доду фарёд намуда, байни онҳо даромада, амалҳои минбаъдаи падарашро пешгирӣ намуда, бинобар ин Қаландаров К.Б. қасди ҷиноятии худро то ба охир амалӣ карда натавонистааст.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2022 Қаландаров К.Б. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт маҳкум карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ