Хабарҳо
Азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ
- Подробности
- Просмотров: 6358
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Вазирова Иззатбегим Перузшоевна ва Сарадбеков Сарадбек Назармавлоевич бо моддаҳои 323 (сохтакории хизмаӣ) ва 245 қисми 2 бандҳои “в, г” (азонихудкунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи прокуратурам ноҳияи Рӯшон ба итмом расонида шудааст, ба суд ирсол гардид.
Муайян гардидааст, ки Вазирова И.П. бо мақсади минбаъд дар муҳлати тӯлонӣ ва пай дар пай ба даст овардани даромади муфт, дидаю дониста, бо истифода аз вазифаҳои хизматии худ ҳамчун директори КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон бо роҳи сохтакорӣ 04 январи соли 2018 фармони ба вазифаи нозир дар корхонаи мазкур ба кор кабул кардани шавҳараш Мирзоҷонов Изатулло Абдуллоевичро ғайриқонунӣ ба расмият даровардааст, вале охирон зиёда аз 2 сол дар ин вазифа фаъолият накардааст.
Ғайр аз ин, Вазирова И.П. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, тибқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон Сарадбеков С.Н. бо истифодаи ваколати мансабии худ аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷотҳо бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шавҳараш Мирзоҷонов И.А. ғайриқонунӣ ба суратҳисоби охирон дар маҷмӯъ 15882,36 сомонӣ гузаронида, онро азони худ кардааст.
Дар рафти тафтиш зарари ба давлат пурра барқарор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯшон Вазирова И.П. ва Сарабеков С.Н. дар содир намудани ҷиноятҳои боло зикргардида гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шуданд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ