Хабарҳо

ҲУҚУҚВАЙРОНКУНАНДАГОНИ ҚОНУН ҶАРИМАБАНДӢ КАРДА ШУДНД,

  Прокуратураи ноҳияи Рушони ВМКБ, зимни фаъолият ду ҳолати вайронкунии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон''-ро дар ҳудуди ноҳия ошкор намуд.

Чунончӣ, сокини ноҳияи Рушон, Ҷамоати деҳоти Н. Додихудоев, деҳаи Барушон Ғуломқодирова Назархотун Мавлододовна соли таваллудаш 1987, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд, ба ҳайси омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 -и ноҳияи Рушон фаъолият намуда, бархилофи моддаи 8-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон" амал намуда, 30 январи соли 2021 бо розигии Директори муассисаи таълимии мазкур ва даъвати 45 нфар омӯзгорон дар ошхонаи МТМУ №7-и ноҳияи Рушон бо оростани зиёфат ҷашни зодрузшро қайд намудааст, ки он бархилофи қонун буда, ҷашнгирии зодрӯз амали ихтиёрӣ буда, гузаронидани он танҳо дар доираи оила мутобиқ ба қонуни мазкур сурат мегирад.. Зиёда аз он хуқуқвайронкунанда Ғуломқодирова Н.М ба ҷашни зодрузаш сароянда Давлатназаров М.Р-ро даъват намудааст, ки охирин дар ин ҷамъомад хизматрасонӣ намудааст.

Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рушон нисбати Ғуломқодирова Назархотун Мавлододовна ва Давлатназаров Мамадато Рамхудоевич бо қисми 1 моддаи 481-и КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани тлаботи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон " Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон" парвандаи хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд, ки ниҳоят хуқуқвайронкунандагон ҷаримабандӣ карда шуданд.

Дар ин асно, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рушони ВМКБ, унвонии мудири шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия баҳри бартарф намудани қонунвайронкуниҳо ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани директори муассисаи таълимӣ ва омӯзгорони дар ҷашни зодрӯз ширкат дошта, ҳуҷҷати эътиноии прокурорӣ ирсол нумуд

         Маркази матбуотии Прокуратураи

        генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон