Хабарҳо

Таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.09.2024 11.10
шаҳри Душанбе

06 сентябри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф бахшида ба ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандони мақомотро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллат ва давлат табрик намуда, доир ба хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, инчунин доир ба дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони Истиқлол ва саҳми мақомоти прокуратура дар таъмини қонуният ва мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Дар рафти маҷлиси тантанавӣ, бо назардошти иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақиятҳои шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муҳтарам Ализода Зариф  ба  9 нафар кормандони мақомот мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Ҳамчунин, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.

Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.