Материалы
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
15 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 33-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуда мегузарад, иштирок намуда, дар хусуси таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маърӯза намуданд.
Дар рафти ҳамоиши мазкур мулоқотҳои алоҳидаи дуҷониба бо Прокуророни генералии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо-иштирокчии ИДМ баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорони махсусан хавфнок, муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Нимаи дуюми рӯз, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 4-уми Прокуророни генералии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои терроризми байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо инобати вазъи амниятӣ дар Афғонистон маърӯза нумуданд.
Дар рафти ин чорабинӣ низ бо Прокуророни генералии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҳамтоёни хориҷӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода шуда, пеш аз ҳама кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорони махсусан хавфнок, истирдоди онҳо ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ карда шуданд.
Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.