Материалы

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

23 июни соли 2023 соати 22:10 дар кўчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғаффорович аз ҷониби гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шуд.

Худи ҳамон рўз вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баҳри ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳгор гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд.

Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки яке аз аъзоёни гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Рустам Каримович, 25 марти 1980 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, баъди содир намудани ҷинояти мазкур тавассути Ҷумҳурии Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Ҷумҳурии Молдова парвоз намудааст.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова ва ҳаракати дастгир намудани ӯ, номбурда таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифтааст.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Ашуров Р.К. ярадор ва дастгир шудааст.

Тафтишот бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.