Донишкадаи номбурда заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимии заруриро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо доро мебошад.

  Айни ҳол Донишкада дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Н.Қарабоев-1 бо масоҳати умумии 539,2 метри мураббаъ, иборат аз толори маҷлисгоҳ, ду синфхонаи омӯзиши муҷаҳҳаз бо технологияи муосири таълим, 19 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори китобхонӣ, синфхонаи компютерӣ, утоқи криминалистика, ошхона бо таҳҷизотҳои зарурӣ, ду толори қаҳванӯшӣ, меҳмонхона барои қабули шунавандагон ва гурӯҳи илмӣ-тадкиқотӣ, мизу курсиҳои корӣ, техникаву таҳҷизотҳои гуногуни иттилоотӣ коммуникатсионӣ, компютерӣва криминалистӣ(проектор, ҷомадони тафтишотӣ, дастгоҳи сабти видео ва расмгирӣ) ва дигар воситаҳои муосири таълимӣ ҷойгир шудааст.

  Ҳуҷраҳои кории муаллимони Донишкада бо мизу курсӣ, маводҳои дарсӣва инчунин, компютерҳои замонавии ҳамарӯза ба шабакаи интернетӣпайваст таъмин мебошанд.

  Ҳамзамон, Донишкада дорои махзани электронии барномаҳои таълимӣ ва мавзӯъҳои вобаста ба иҷрои онҳо мебошад.

  Дар Донишкада бо мақсади таъмини шунавандагони аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба курсҳои такмили ихтисос фарогирифташаванда, меҳмонхонаю ошхона муҷаҳаз бо лавозимоти зарурӣ ва ҳамчунин утоқи ёрии аввалияи тиббии бо маводи доруворӣ таъмин мавриди истифода қарор доранд.

  Китобхонаи Донишкада 6000 адад адабиётҳои таълимиро дар бар гирифта, бо мизу курсиҳо таъмин мебошад, ки дар он шунавандагон аз соати 9 то соати 16 метавонанд бе мамониат ба хониш машғул шаванд.

  Тибқи нақшаи дурнамо оид ба такмили заминаҳои моддию техникӣайни ҳол сохтмони бинои нави Донишкада иборат аз 5 ошёна дар суроғаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковскиӣидома дорад.