Saturday, 21 SatAsia/Dushanbe2024-12-21T17:26:27+05:00Asia/Dushanbe12bAsia/DushanbeSat, 21 Dec 2024 17:26:27 +0500 2024

Дар бораи баргузории машғулиятҳои таълимӣ оид ба

омӯзиши “Назорати прокурорӣ дар самти иҷрои

қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон”

 

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамбастагӣ бо Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ бо давомнокии ду рӯз, дар се минтақа моҳи октябри соли равон бо иштироки 68  нафар  ёрдамчиёни прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркадашуда дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон дар мавзӯи “Назорати прокурорӣ дар самти иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон” машғулияти таълимӣ доир намуд.

Дар раванди машғулятҳо диққати асосӣ ба омӯзиши  санадҳои ин самт равона гардида, аз ҷониби муаллимони Донишкада, кормандони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони   Прокуратураи генералӣ талаботи Фармони Прокурори генералӣ, №21 аз 21 октябри соли 2016 “Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура вобаста ба баланд бардоштани самаранокии назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи маориф”  ва  ғайра  тариқи назариявию амалӣ омӯзонида шуд.

Ҳамзамон,  тарзу усули таъмини назорати риоя ва иҷрои қонунҳо  “Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак”, санҷиши риояи қонунгузорӣ дар фаъолияти комиссияҳои васоят ва парастории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,таъмини ҳуқуқ, кафолату имтиёзҳои донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хусусиятҳои хоси пешбурди тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон ва бо иштироки онҳо (моддаҳои 426-431 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.


 

Дар бораи баргузории машғулиятҳои таълимӣ оид ба омӯзиши “Тарзу усули ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳое, ки бо истифодаи

технологияҳои иттилоотӣ содир шудаанд”

 

 

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фаъолият, такмили малака ва маҳорати касбии муфаттишони мақомоти прокуратура оид ба таъмини волияти қонун ва мубориза ба ҷиноятҳои бо истифодаи шабакаи интернетӣ ва захираҳои электронии эттилоотӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ мессенҷерҳо ва ғайра) содиршаванда, бо 24 нафар прокурорҳо ва муфаттишони прокуратураҳои вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда машғулиятҳои таълимиро рӯзҳои 19-20 сентябри соли 2022 роҳандозӣ намуд.

Дар раванди барномаи таълимӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ ва мутахассисони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шунавандагон моҳияти санадҳои ҳуқуқии миллию байналмилалӣ оид ба киберҷиноятҳо, мафҳуми киберҷиноят ва тарзу усули ҷамъоварӣ, истифодаи почтаи электронӣ, сомонаю зангҳои телефонӣ ва ғайра зимни пешбурди тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин тарзи таъину гузаронидани экспертиза вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо омӯзонида шуд.

Машғулиятҳои назариявӣ  аз омӯзиши хусусиятҳо хоси тафтиши парвандаҳо ҷиноятӣ марбут ба амнияти иттилоотӣ, баҳодиҳии далелҳо, додани тавзеҳот ба мақолаҳо, мубоҳисаҳо тариқи сомонаҳои интернетиву шабакаҳои иҷтимои  аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамкории байналмиллалӣ оид ба ошкору тафтиши ҷиоятҳои бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ содиршаванда ва амалӣ бошад аз омода намудани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, аз ҷумла азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, қарор дар бораи таъини экспертизаҳои компютерӣ-техникӣ, барномавӣ-компютерӣ, иттилоотӣ-компютерӣ иборат буданд. 

 

 

Дар бораи баргузории машғӯлиятҳои таълимӣ оид ба омӯзиши “Тарзу усулҳои   назорати  прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар

бораи ошкор, тафтиш ва баррасии судии ҷиноятҳои коррупсионӣ

марбут ба ҳолатҳои гирифтан ва додани пора”

 

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва банди 3-и нақшаи корӣ  ҷиҳати такмили донишҳои назариявӣ  ва баланд бардоштани малакаи касбии  кормандони мақомоти прокуратура, машғулиятҳои таълимиро вобаста ба омӯзиши “Тарзу усулҳои   назорати  прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ошкор, тафтиш ва баррасии судии ҷиноятҳои коррупсионӣ марбут ба ҳолатҳои гирифтан ва додани пора” дар рӯзҳои 22-31 августи соли 2022 амалӣ намуд.

Машғулиятҳо бо ҷалби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кормандони АНДМ ва МК, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давомнокии ду рӯз, дар се минтақа охирҳои моҳи августи соли равон бо иштироки 68 прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркадашуда дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон доир гардида,ба шунавандагон мафҳум, моҳият ва масоили мубрами ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба гирифтану додани пора (ҷанбаҳои назариявии онҳо), мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз рӯи таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ, тартиб ва тарзу усули баамалбарории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии ин қабил ҷиноятҳо омӯзонида шуд.

Аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ диққати ҳозирин ба нақши фоноскопия то оғози чорабиниҳо, тартиби коркарди маводҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти додан ва гирифтани пора, истифодаи воситаҳои техникаи криминалистӣ, аз ҷумла асбобу таҷҳизоти гӯш ва сабткунанди овоз, қаламу хокаҳои махсуси коркарди пешакии маблағҳо, тарзу усули таъини ташхис, дарёфти далелҳо ва ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, бештар ҷалб гардид.

Бо фарҷоми барнома аз прокурорҳо тақозо гардид, ки донишҳои андӯхтаи худро зимни баргузории машғулият семинарҳо дар маҳалҳо ба самъи кормандон расонанд.     

 

 

Санаи 05-уми октябри соли 2022 гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои конуният, тартиботи ҳуқукӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тамоми кормандони Донишкада маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис директори Донишкада, генерал-майори адлия Қурбонзода Ш.Ҳ. ва муаллими калон, мушовири адлияи дараҷаи1 Замонов Р.Р. дар мавзӯи рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ дар давраи 31 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Аз ҷумла, Замонов Р.Р. иброз намуд, ки забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддас буда, барои ҳар як фарди комил бо баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад.

Ҳануз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар. ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад.

Қобили зикр аст, ки 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард ва бо қарори Шӯрои Олӣ забони давлатӣ-забони тоҷикӣ эълон гардид.

Он замон кишвари мо дар ҳайати як давлати абарқудрат буд ва сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ дар ин давра аз як марказ идора мешуд.

Қонуни забоне, ки дар ҷумҳурии мо қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб меёфт.

Бо сабаби он, ки ин аввалин қонуни забон дар кишвар буд ва Тоҷикистон сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, он як силсила нуқсону камбудиҳо дошт.

05-уми октябри соли 2009 қонуни нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни пешин инъикос наёфта буданд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва он яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Айни замон вазифаи ҳар як шаҳрванд пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр нигоҳ доштани алфози модарии хеш саҳмгузор бошад.

Таъкид гардид, ки ҳамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дошта, намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург-лафзи поки модар коста бигардад.

Забони модариам ифтихорам, саодатбахши халқи номдорам,

Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту, ба Синову Хайёмат саҷда орам !

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистои бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дафтари минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ (OHCHR) оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Дафтари барономавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Филилали Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико (ABA ROLI), Ассотсиатсияи швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалии “Ҳелветас Свисе Интеркооперейшн”, инчунин ташкилоти ҷамъиятии“Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, пайваста ҷиҳати иҷрои ухдадориҳои байналмилаии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон машғулиятҳо баргузор менамояд.

   Ҳамзамон, ба раванди таълим муаллимони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллим Тоҷикистон, Академиям миллим илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимони Академиям ВКД Ҷумҳарии Тоҷикистон, Мактабҳои Олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ботаҷриба ва варзидаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурип Тоҷикистон, мутахассисони баландихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаи амнияти иттилоотип ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони шуъбаи экспертизаи судӣ техникӣ-компютерӣ ва овозшиносии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистииВазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии шунавандагон саҳмгузор мебошанд.

  Инчунин, бо мақсади табодули таҷрибаи корӣ мутахассисон ва мураббиёни байналмиллалӣ ва маҳаллӣ низ тибқи тартиби муқарраргардида, барои гузаронидани машғулиятҳо ҷалб карда мешаванд.

 

 

 

     Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 2-и нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2022 машғулиятҳои таълимиро вобаста ба омӯзиши Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва тарзу усулҳои баамал барории назорати прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” амалӣ намуд.

     Машғулиятҳо бо давомнокии ду рӯз, дар се минтақа охирҳои моҳи январ ва аввалҳои моҳи феврали соли равон бо иштироки 78 нафар ёрдамчиёни прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон доир гардида, диққати асоси ба риояи қатъии талаботи кодекс ва қонуни зикршуда, инчунин мутобиқгардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мақомоти ваколатдор ба онҳо дода шуд.

     Ҷиҳати баланд бардоштани завқи донишандӯзии шунавандагон аз омилҳои ҳавасмандгаронӣ истифода гардида, шаш нафар шунаванадагони беҳтарин барои фаъолнокӣ бо туҳфаҳои хотиравии Прокурори генералӣ сарфароз гардиданд.

 

    Донишкадаи номбурда заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимии заруриро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо доро мебошад.

  Айни ҳол Донишкада дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Н.Қарабоев-1 бо масоҳати умумии 539,2 метри мураббаъ, иборат аз толори маҷлисгоҳ, ду синфхонаи омӯзиши муҷаҳҳаз бо технологияи муосири таълим, 19 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори китобхонӣ, синфхонаи компютерӣ, утоқи криминалистика, ошхона бо таҳҷизотҳои зарурӣ, ду толори қаҳванӯшӣ, меҳмонхона барои қабули шунавандагон ва гурӯҳи илмӣ-тадкиқотӣ, мизу курсиҳои корӣ, техникаву таҳҷизотҳои гуногуни иттилоотӣ коммуникатсионӣ, компютерӣва криминалистӣ(проектор, ҷомадони тафтишотӣ, дастгоҳи сабти видео ва расмгирӣ) ва дигар воситаҳои муосири таълимӣ ҷойгир шудааст.

  Ҳуҷраҳои кории муаллимони Донишкада бо мизу курсӣ, маводҳои дарсӣва инчунин, компютерҳои замонавии ҳамарӯза ба шабакаи интернетӣпайваст таъмин мебошанд.

  Ҳамзамон, Донишкада дорои махзани электронии барномаҳои таълимӣ ва мавзӯъҳои вобаста ба иҷрои онҳо мебошад.

  Дар Донишкада бо мақсади таъмини шунавандагони аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба курсҳои такмили ихтисос фарогирифташаванда, меҳмонхонаю ошхона муҷаҳаз бо лавозимоти зарурӣ ва ҳамчунин утоқи ёрии аввалияи тиббии бо маводи доруворӣ таъмин мавриди истифода қарор доранд.

  Китобхонаи Донишкада 6000 адад адабиётҳои таълимиро дар бар гирифта, бо мизу курсиҳо таъмин мебошад, ки дар он шунавандагон аз соати 9 то соати 16 метавонанд бе мамониат ба хониш машғул шаванд.

  Тибқи нақшаи дурнамо оид ба такмили заминаҳои моддию техникӣайни ҳол сохтмони бинои нави Донишкада иборат аз 5 ошёна дар суроғаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковскиӣидома дорад.