ВОҲИДЗОДА ҲАБИБУЛЛО САЙДУЛЛО

Рутбаи дараҷавӣ: генерал-лейтенанти адлия

 

Санаи таваллуд: 21 феврали соли 1965

Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон            

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос: ҳуқуқшиносї

Бо мукофотҳои давлатӣ ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст:

- Бо медали “Хизмати шоиста” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1081  аз 07.08. соли 2018.

- Бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 214  аз 23.07. соли 2021;

- Бо нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолӣ” бо фармони Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 20  аз 2 сентябри соли 2021;

- Бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар” бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 4 за 1 июни соли 2022;

- Бо «Нишони фахрии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ»  дараҷаи 1 бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 23 ноябри соли 2023.

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 1 фарзанд

Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (бо луғат) 

Соли 1988 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинрохатм кардааст.

Аз моҳи июни соли 1988 - Коромӯз дар вазифаи прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қурғонтеппа;

Аз моҳи июли соли 1988 -  Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар);

Аз моҳи январи соли 1989 - Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;

Аз моҳи сентябри соли 1989 - Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;

Аз моҳи феврали соли 1993 - Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон;

Аз моҳи марти соли 1994 - Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон;

Аз моҳи сентябри соли 1996 - Прокурори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

Аз моҳи ноябри соли 1998 - Прокурори ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе;

Аз моҳи майи соли 2002 - Прокурори шаҳри Душанбе;

Аз моҳи январи соли 2007 - Сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз моҳи марти соли 2011 - Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз моҳи феврали соли 2015 - Прокурори вилояти Суғд;

Аз моҳи ноябри соли 2020 - Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз моҳи феврали соли 2024 - Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ,

Аз 04.02.2025 сол - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Раёсати кадрҳои

Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон