ВОҲИДЗОДА ҲАБИБУЛЛО САЙДУЛЛО
Рутбаи дараҷавӣ: генерал-лейтенанти адлия
Санаи таваллуд: 21 феврали соли 1965
Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: ҳуқуқшиносї
Бо мукофотҳои давлатӣ ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст:
- Бо медали “Хизмати шоиста” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1081 аз 07.08. соли 2018.
- Бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 214 аз 23.07. соли 2021;
- Бо нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолӣ” бо фармони Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 20 аз 2 сентябри соли 2021;
- Бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар” бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 4 за 1 июни соли 2022;
- Бо «Нишони фахрии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» дараҷаи 1 бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 23 ноябри соли 2023.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 1 фарзанд
Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (бо луғат)
Соли 1988 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинрохатм кардааст.
Аз моҳи июни соли 1988 - Коромӯз дар вазифаи прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қурғонтеппа;
Аз моҳи июли соли 1988 - Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар);
Аз моҳи январи соли 1989 - Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;
Аз моҳи сентябри соли 1989 - Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;
Аз моҳи феврали соли 1993 - Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон;
Аз моҳи марти соли 1994 - Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон;
Аз моҳи сентябри соли 1996 - Прокурори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
Аз моҳи ноябри соли 1998 - Прокурори ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе;
Аз моҳи майи соли 2002 - Прокурори шаҳри Душанбе;
Аз моҳи январи соли 2007 - Сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи марти соли 2011 - Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи феврали соли 2015 - Прокурори вилояти Суғд;
Аз моҳи ноябри соли 2020 - Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи феврали соли 2024 - Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ,
Аз 04.02.2025 сол - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раёсати кадрҳои
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон