Маҷалла

 

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 №1172, аз 01.11.2019 № 1372 ,

аз 23.07.2021 № 215, аз 19.04.2023 № 552

 

Мутобиқи моддаи 13Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:

1. Сохтори зерини Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:

Роҳбарият

Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2023 № 552)

Раёсати кадрҳо

Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро

Раёсати назорати умумӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин (Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 № 1172)

Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук

Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.07.2021 № 215)

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон

Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар

Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати корҳо

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ 01.11.2019 № 1372)

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.07.2021 № 215)

Шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шӯъбаи таҳлил ва омор

Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ

Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот

Шӯъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо

Шӯъбаи коргузорӣ

Шӯъбаи муҳосибот ва молия

Ёрдамчиёни калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус

Бахши коргузории махфӣ

2. Нақшаи идоракунии зерини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:

Дастгоҳи марказӣ

Сарпрокуратураи ҳарбӣ

Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва махсусгардонидашуда

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Мукаррар карда шавад, ки воҳидҳои сохторӣ дар таркиби раёсатҳо ва шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи воҳидҳои кории муқарраргардида ташкил карда мешаванд.

4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2011 №1034"Дар бораи сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

14 августи соли 2015, № 539

 

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Суроға:

ш.Душанбе, кӯчаи Ғ. Валаматзода 15 «а»

Телефонҳо:

(+992 37) 2232354

Факс:

(+992 37) 2214669

Почта электронӣ:

Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Прокурор:

Юсуфи Музаффар Қурбон

Қабули шаҳрвандон:

Ҳар рӯзи корӣ, аз соати 800 то 1700


ЮСУФӢ МУЗАФАР ҚУРБОН 

Соли 1998 – 03.1999 - Коромӯз дар вазифаи прокурор – криминалисти прокуратураи вилояти Хатлон  дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб;

Солҳои 03.1999 – 06.1999 -Прокурор - криминалисти  прокуратураи вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Кўлоб;

Солҳои 06.1999 – 10.2001 - Сармуфаттиш оиди корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Кўлоб;

Солҳои 10.2001 – 06.2002 - Прокурори калони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 06.2002 – 2008 - Муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 05.2008 – 06.2010 - Сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе;

Солҳои 06.2010 – 01.2013 Муовини прокурори ноҳияи Восеъ;

Солҳои 01.2013 – 05.2014 - Сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон;

Солҳои 05.2014 – 10.2015 - Прокурори ноҳияи Ҷиликул.

Аз 22 октябри соли 2015 то июли соли 2023 Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералӣ.

Аз  18 июли соли 2023 то ҳол Прокурори нақлиёти Ҷумуҳрии Тоҷикистон

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

Забонҳои тоҷикӣ ва русиро медонад

 

 

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 №1172, аз 01.11.2019 № 1372 ,

аз 23.07.2021 № 215, аз 19.04.2023 № 552

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:

1. Сохтори зерини Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:

Роҳбарият

Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2023 № 552)

Раёсати кадрҳо

Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро

Раёсати назорати умумӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин (Фармони Президенти ҶТ аз 04.01.2019 № 1172)

Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук

Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.07.2021 № 215)

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон

Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар

Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ

Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати корҳо

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ 01.11.2019 № 1372)

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.07.2021 № 215)

Шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шӯъбаи таҳлил ва омор

Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ

Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот

Шӯъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо

Шӯъбаи коргузорӣ

Шӯъбаи муҳосибот ва молия

Ёрдамчиёни калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус

Бахши коргузории махфӣ

2. Нақшаи идоракунии зерини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:

Дастгоҳи марказӣ

Сарпрокуратураи ҳарбӣ

Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон

Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва махсусгардонидашуда

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Мукаррар карда шавад, ки воҳидҳои сохторӣ дар таркиби раёсатҳо ва шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи воҳидҳои кории муқарраргардида ташкил карда мешаванд.

4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2011 №1034"Дар бораи сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

14 августи соли 2015, № 539

Суроға:

шаҳри Душанбе, кучаи Валаматзода 15а

Телефонҳо:

(+992 372) 2218666; 2277070

Факс:

(+992 372) 2218666; 2277070

Почта электронӣ:

Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Прокурор:

Мунаварзода Муҳаммадсалим Ҷурабек

Қабули шаҳрвандон:

Ҳаррӯзи корӣ, аз соати 800 то 1700


Мунаварзода Муҳамадсалим Ҷурабек

Солҳои 09.1990- 06.1995- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Солҳои 12.1995 – 09.1996- Коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе

Соли  1996 (09 – 12)- Коромӯз дар вазифаи муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе

Солҳои 12.1996 – 11.2001- Муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе

Солҳои 11.2001 – 04.2002- Прокурори Раёсати назорати тафтиши пешакӣ дар мақомоти прокуратураи           Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 04.2002 – 04.2011 Муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 04.2011 – 04.2012- Муфаттиши шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои муқобили шахсияти Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 04.2012 – 04.2017- Прокурори ноҳияи Фархор

Соли 2017 (04-06)- И.в. прокурори ноҳияи Фархор

Аз 01 июни соли 2017 то 18.02.2022 Прокурори ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Аз 01.06.2022 то 19.08.2022 И.в Прокурори ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Аз 19.08.2022  то 25.08.2022 Дар ихтиёри Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералӣ

Аз 25.08.2022 то 07.2022-муовини сардори Раёсат –сардори  шуъбаи назорати тафтишоти пешакии Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятҳои махсусан муҳими Прокуратураи  генералӣ

Аз 18.07 соли 2023 - Прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Мушовири адлияи дараҷаи 1

Забонҳои тоҷикӣ ва русиро медонад