Терроризм. Экстремизм. Террорист. Экстремист. Сепаратист. Тундгаро. Ифротгаро...
Баробари шунидан ё ба забон гирифтани ин вожаҳо вуҷуди касро эҳсоси нороҳатӣ ва изтироб фаро мегирад. Касеро тарс, дигареро парешонӣ, саввумиро эҳсоси нафрат домангир мешавад. Ин эҳсосот мухталифанд, вале ҳамаи онҳо ба фоҷиа ва дарду марги Инсон, алалхусус занону кӯдакон ва пиронсолон алоқа доранд. Бо шунидани ин истилоҳот пеши назар беихтиёр саҳнаҳои ҷангу таркиш, биноҳои фурӯрехта, ҷасадҳои порашуда, фарёду фиғони заифон, садои машъуми тирпаррониҳо, кӯлмакҳои пурхун, риши дарозу бетартиб ва чашмони хунталабу динфурӯшу манфури террористон зинда мешаванд.
Бале, имрӯз мутаассифона, терроризм бо симои мардони силоҳноки бузургҷуссаи ришдароз, ки нигоҳашон ҷӯёи қурбонӣ аст ва ҳар лаҳза аз дин сухан гуфта, хилофи фармудаҳои дин амал мекунанд, таҷаллӣ гардидааст. Ин аст, ки имрӯз сокинони зиёди ноогоҳи сайёра байни Ислом ва терроризм фарқ гузошта наметавонанд.
Ин террористони аз дину диёнат ва мазҳабу тақво бегона бо номи дин қатл мекунанд, бо номи дин хонаҳоро оташ мезананд, масҷидҳоро метарконанд ва ҳазорон-ҳазор нафаронро ятиму бадбахт месозанд.
Ин воқеият ва ин хатари миллаткушро Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини сарварии худ дарк намуданд. Суханҳои тақдирсози Пешвои миллат, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ҳанӯз 30-сол пеш садо дода буданд, имрӯз низ касро ба ҳаяҷон меоранд. Марди шарифу солори 40-сола аз минбари баланд, бо таҳаммули хатар ба ҷони худ даъват намуданд, ки бояд ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшида шавад. Пешвои муътабари миллат дарк менамуданд, ки оғози ин ҷанг поёни зиндагии миллати тоҷик аст.
Ин даъват пеши роҳи садҳо ҷиноятҳои экстремистиву террористиро дар кишвар гирифт. Имрӯз тасаввур кардан мушкил аст, ки агар ин ҷанг идома меёфт, он чӣ гуна оқибатҳоро ба бор меовард.
Вақте Паёмҳои Пешвои миллатро, ки тӯли 20-соли охир ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардидаанд, саҳифагардон намудам, барои худ хулоса намудам: онҳо Роҳнамои муқовимат ба экстремизм ва терроризм мебошанд. Ҳанӯз дар Паёми худ аз 4-уми апрели соли 2003 Пешвои муаззами миллат ҳушдор дода буданд, ки терроризм ва экстремизмро бо Ислом пайванд додан хатои маҳз аст:
«Мутаассифона, дар тафаккури доираҳои муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё экстремизм хоси табиати дини ислом- яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷ яки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯйи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳаргуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест. Инро бояд ҳама дарк намоянд».
Маҳз бо супориши Президенти кишвар, ки дар Паёмҳояшон баён гардиданд, қонунҳои нав «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» таҳти № 1655 аз 2-юми январи соли 2020 ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» таҳти № 1808 аз 23 декабри соли 2021, инчунин стратегияҳои муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор доранд. Ба Кодекси ҷиноятӣ ва даҳҳо қонунҳои амалкунанда тағйироти дахлдор ворид карда шуда, ҷавобгарӣ барои терроризм ва экстремизм пурзӯр карда шуд.
Паёмҳои Президенти кишвар бо муассиртарин суханҳо экстремизм ва терроризмро маҳкум мекунанд. Ҳанӯз 4-уми апрели соли 2002, 30-юми апрели соли 2004 ва баъдан 15-уми апрели соли 2009 Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои худ терроризм ва экстремизмро ҷиноятҳои хавфноки муосир номида, камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳоро дар арсаи байналмилалӣ чун сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризм номиданд. Санаи 20-уми апрели соли 2011 бошад, Сарвари кишвар аз минбари баланд дар Паёми худ аз ҷаҳонӣ шудани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуданд. Президенти кишвар бо огоҳии том мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми кишварро аз мавҷудияти зуҳуроти дигари хатарнок, чун радикализм, ки бародари ҳамхуни терроризму экстремизм аст, мутталеъ намуда, зарурати муқовимат ба онро низ таъкид карданд.
Дар Паёми навбатии худ аз 23 январи соли 2015 Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи ҷомеаро ба зуҳуроти дигар, аз қабили хурофотпарастӣ ҷалб намуда, онро тавлидгари экстремизму терроризм ҳисобиданд. Ин гуфтаҳо ба олимону муҳаққиқон ҷиҳати гузаронидани тадқиқотҳои тоза такони ҷиддӣ бахшиданд ва дар ин мавзӯъ даҳҳо мақолаву навиштаҳои илмиву тадқиқотӣ нашр гардиданд.
Қувват гирифтани терроризми ҷаҳонӣ, алалхусус дар Ироқ ва Сурия, зуҳури ташкилоти террористии “Давлати Исломии Ироқу Шом” ва ба он гаравидани ҷавонони тоҷик Пешвои миллатро боз ҳам нигарон намуданд. Масалан, аз ҳудуди ноҳияи Шаҳритус ҷавонони зиёд ба сафи “Давлати исломии Ироқу Шом” пайваста, аз ин шумора даҳҳо нафар кушта, ё дастгир ва маҳкум гардида, 80 нафари дигар то имрӯз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. Маҳз ҳамон рӯзҳо Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намуда буданд: “Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд».
Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкилу роҳбарии тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, ки бо ибтикори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарварии Прокурори генералии мамлакат, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод таъсис дода шуд, на танҳо даҳҳо амалҳои террористиро пешгирӣ намуд, балки ҳазорҳо ҷавонони зиёди ноогоҳро аз ин роҳи сарбаставу муҳлик гардонид.
Соли 2016 бошад, Паёми Пешвои миллат «дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм» ироа гардида, изтироби бештар дошт. Мувофиқан ба ин таъкид гардид, ки «Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир–терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд».
Паёми навбатӣ аз 23-юми декабри соли 2022 низ дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм хеле бориз аст. Дар он Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд». Пешвои миллат талаб карданд, ки бояд тарзу усулҳои нави муқовимат ба онҳо корбаст карда шуда, ҷиҳати пешгирии онҳо Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».
Дар фаровард мехоҳам баъзе суханҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёмҳо баён гардида, ба масоили муқовимат ба терроризм ва экстремизм бахшида шудаанд, манзури хонандагон намоям:
«Муқовимат ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи
ҳуқуқ мебошад».
«Бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад».
«Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад».
Бале, Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон низоми нави ҷаҳониро орӣ аз терроризму экстремизм мебинанд ва мо низ мутмаинем, ки миллати тоҷик бо хиради азалии худ ва таҳти сарварии ин марди хирад дар Тоҷикистон чунин ҷомеаро хоҳад сохт. Ва барои расидан ба ин ҳадафи воло мо бояд бо роҳнамоии худи Пешвои миллат ва гуфтаҳои хирадмандонаи зерини ӯ кору зиндагӣ намоем:
“Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос мегузорем ».
Прокурори ноҳияи Шаҳритус,
мушовири адлияи дараҷаи 1
Фаррух Рауфов