Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқиро арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ҳимояи онҳо қарор додааст.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани зиддиятҳои минтақавию тамаддунӣ яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва устувории давлати ҳуқуқбунёд ин дуруст ва мувофиқ ба манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани низоми қонунгузории ҷиноятии давлат мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки соли 1998 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ҷиноятии нав қабул гардида, санади зикршуда Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистонро аз соли 1961 бо худ иваз намуд.  Аз лаҳзаи ба қувваи қонунӣ даромадани Кодекси мазкур зиёда аз бисту ду сол гузашта, дар ин раванд дигаргуниҳои бунёдӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омада, такмилу мутобиқгардонии қонунгузории ҷиноятиро ба талаботи нави рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд.

Ҳанӯз дар соли 2013 дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки:

“Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд.

Бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки кодексҳои гражданӣ ва ҷиноятиро низ дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд.”

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №АП-1209, аз 30 апрели соли 2019 созмон дода шудааст, лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (минбаъд - лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ) дар заминаи муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 бо дар назардошти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, пешниҳодҳои коршиносон ва вазорату идораҳои дахлдор таҳия карда шудааст.

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати 9 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор созмон дода шуда, роҳбарии он ба зиммаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муҳтарам Ализода Зариф вогузор гардида буд.

Бо амри зикргардида сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи навшъаовари Прокуратураи генералӣ Қурбонзода Шариф Ҳабибулло - муовини роҳбари гурӯҳи корӣ, Содиқзода Р., Абдуллозода Ф.А., Шарипов Т.Ш., Баҳриддинзода С.Э., Лутфуллозода Ш., Солиев К.Ҳ. ва Нуров С.Қ. аъзоёни гурӯҳи мазкур таъин гардиданд.

Ҳангоми таҳияи ин лоиҳа прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Искандарӣ Сулаймон, Сафарзода А.И., Азиззода З.Н., Амонбеков Б.А., Сироҷзода С., Абдулҳасаниён Б.А., инчунин дигар олимону мутахассисони факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо ҷалб гардиданд.

Гурӯҳи корӣ таҳти сарпарастӣ ва дастгирии бевоситаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 17 июли соли 2019 фаъолиятро оғоз намуда, ҷаласаҳо вобаста ба таҳияи Кодекси мазкур мунтазам дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 маротибаи дигар дар сафарҳои хизматӣ баргузор гардида, фаъолияти гурӯҳи корӣ дар натиҷаи заҳматҳои софдилонаи шахсони боло қайдгардида, дар муҳлати бо амри зикршуда муқарраргардида ба анҷом расонида шудааст.

Лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, ҳимояи вазъи экологӣ, моликият, ҳимояи сохтори конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузҳои ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти инсоният, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, амалисозии гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба субъектони муайян, аз ҷумла, нисбат ба шахсони содиркардаи ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва(ё) дараҷаи миёна, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ноболиғи то 8 - сола доранд, ноболиғон, маъюбон ва нафақахӯрон, декриминализатсияи баъзе аз кирдорҳои ҷиноятӣ, таҷдиди назар намудани санксияҳои моддаҳои алоҳидаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ ҷиҳати васеъ намудани номгӯи ҷазоҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда ва мутобиқнамудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия шудааст.

Вазифаҳои лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ аз баҳодиҳии нав нисбат ба ҷинояткорӣ ва ҷазои ҷиноятӣ, ҷорӣ намудани мафҳуми нави ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ, амалисозии гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ, тақвияти афзалиятнокии Кодекси ҷиноятӣ нисбат ба қонунҳои пешбиникунандаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои алоҳида (аз ҷумла, оид ба муқовимат ба савдои одам, терроризм, экстремизм, коррупсия, гурӯҳҳои ҷиноятӣ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардашуда) дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ, таҷдиди назар намудани санксияҳои моддаҳои алоҳидаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ ҷиҳати васеъ намудани ҷазоҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, таҳияи меъёрҳои ягонаи мушаххас барои муайян намудани намудҳо ва ҳадди ҷазо зимни ифодаи санксияҳои моддаҳои Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ, бо дарназардошти талаботи замони муосир муқаррар кардани бобҳои нав дар Кодекс иборат мебошад.

Лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ аз Кодекси ҷиноятии амалкунанда фарқи куллӣ дорад. Аз ҷумла, дар Қисми умумии лоиҳаи Кодекси мазкур масъалаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

- мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекс истифода мешаванд;

- мафҳуми нави  ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ (бо дарназардошти тақсими он ба ҷиноят ва рафтори ҷиноятӣ), ҷорӣ намудани якчандкарата содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ;

- нигоҳи нав ба ретсидиви ҷиноятҳо ва ретсидиви хавфноки ҷиноятҳо;

- низоми нави ҷазо бо дарназардошти  ҷазо барои содир кардани рафтори ҷиноятӣ ва ҷазо барои содир кардани ҷиноят, лазоҳои асосӣ ва иловагӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ;

- дигаргунсозии низоми ҷазоҳои сабуктар назар ба маҳрум кардан аз озодӣ;

- ҳадди ақал ва ниҳоии ҷарима таҷдиди назар карда шуда, ҳамзамон ҷарима барои содир кардани ҷиноятҳои мансабӣ бо андозаи чандкаратаи маблағ ё арзиши пора, маблағи пули додашуда ё арзиши молу мулки додашуда, арзиши молу мулки тасарруфшуда, маблағи даромади бадастоварда ё маблағи пардохтҳои ба буҷет вориднагардида таъйин кардан пешбинӣ шудааст;

- ҳабс ба сифати ҷазо пешбинӣ мешавад;

- муҳлати ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба тариқи умум то понздаҳ сол, барои маҷмӯи ҷиноятҳо то бист сол ва барои маҷмӯи ҳукмҳо то бисту панҷ сол пешбинӣ карда шуда, якумра маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин алтернативаи ҷазои қатл ва ҷазои қатл низ барои ҷиноятҳои махсусан вазнини ба ҳаёт таҷовузкунанда ё барои ҷиноятҳои террористие, ки боиси ҳалокати одамон гаштааст, инчунин барои ҷиноятҳои махсусан вазнини дар замони ҷанг содиршуда пешбинӣ мешаванд;

- барои содир кардани ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ ва муқобили манфиатҳои хизматӣ дар ташкилоти молиявӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, инчунин барои содир кардани баъзе ҷиноятҳои бо Кодекс пешбинишуда якумра манъи ишғоли мансаби омӯзгорӣ ва мансабе, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ дорад, ҷорӣ карда шудааст;

- мусодираи молу мулк бо дарназардошти талаботи санадҳои байналмилалӣ таҷдиди назар карда шудааст;

- ҷорӣ кардани институти нав дар ҳуқуқи ҷиноятии кишвар дар намуди аҳдномаи мурофиавӣ;

- дар Қисми махсус бобҳои алоҳидаи нав, ба мисли ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятии нақлиётӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятии тиббӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ ба муқобили манфиатҳои хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ илова карда шудаанд;

- бо дарназардошти татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумманизатсияи Кодекс амалӣ карда шудааст.

Дар Лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (минбаъд - лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ) бо дарназардошти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ ба ҷиноят ва рафтори ҷиноятӣ тақсим карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар бисёр давлатҳо рафтори ҷиноятӣ ҷорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, дар Амрико, Англия, Олмон, Испания, Италия, Швейцария, Латвия, Литва, Эстония,  Қазоқистон ва Қирғизистон, дар  ФР бошад, он дар ҷараёни коркард ва амалисозӣ қарор дорад.

Тибқи лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир кардани рафтори ҷиноятӣ содир кардани кирдоре, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби рафтори ҷиноятии дар Кодекси мазкур пешбинишуда мебошад.

Мафҳуми он дар фарқият аз ҷиноят ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокии баланд надошта, ки дар натиҷаи он зиёни начандон калон расонида шудааст ва ё таҳдиди расонидани зиён ба шахсият, ташкилот, ҷамъият ё давлат ҷой дорад ва барои содир кардани он Кодекси мазкур бо таҳдиди татбиқи ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, ҷарима, ҳабс, берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ё   шахси бе шаҳрванди ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматнакунанда аз ҳудуди он манъ кардааст, рафтори ҷиноятӣ эътироф мешавад (моддаи 18).

Тибқи муқаррароти моддаи 20 лоиҳа ҷиноят ва рафтори ҷиноятӣ бо ҳам якчандкарата содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятиро ташкил намедиҳанд.

Дар моддаи 48 лоиҳа барои содир кардани рафтори ҷиноятӣ яке аз ҷазоҳои асосии бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, ба ғайр аз ҳабс татбиқ карда мешавад.  Ҳабс фақат барои рафтори ҷиноятӣ ба сифати ҷазои асосӣ таъин кардан мумкин аст.

Бори аввал содир кардани рафтори ҷиноятӣ ҳолати сабуккунандаи ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо эътироф мешавад (моддаи 64). Инчунин метавонад ба сифати асоси аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан баромад намояд.

Ҷараёни муҳлати мурур аз рӯи рафтори ҷиноятӣ новобаста аз содир кардани ҳуқуқвайронкунии нави ҷиноятӣ боздошт ва қатъ карда намешавад (қисми 2 моддаи 88).

Ҳамчунин, шахси аз ҷазо озодшуда, инчунин барои содир кардани рафтори ҷиноятӣ маҳкумшуда доғи судӣ надошта ҳисобида мешавад (қисми 2 моддаи 91).

Муҳлати татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки бо бандҳои 1) ва 4) қисми якуми моддаи 97 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, барои содир кардани рафтори ҷиноятӣ бо давомнокии то шаш моҳ муқаррар карда мешавад.

Ҷорӣ намудани институти нав-рафтори ҷиноятӣ зинаи нав дар байни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноят буда, баъзе мушкилиро низ ба вуҷуд меорад, ба мисли ҷорӣ намудани институтҳои нав дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; пайдоиши намудҳои нави ҷавобгарие, ки бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд ва ғайра.  

Натиҷаҳои чашмдошт аз амалисозии лоиҳаи мазкур аз инҳо иборатанд:

- беҳтар намудани самти пешгирии ҷинояткорӣ;

- кам кардани шумораи маҳбусон;

- паст кардани баррасии шумораи парвандаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои адои ҷазои ҷиноятӣ.

Сохтори лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ ба қисмҳои умумӣ ва махсус тақсим карда шуда, аз 14 фасл, 36 боб ва 467 модда иборат мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баъзе моддаҳои Кодекси ҷиноятии амалкунанда, бо дарназардошти мавҷудияти онҳо дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё мавҷудияти таркиби ин ҷиноятҳо дар таркиби ҷиноятҳои объекташон якхелаи дар лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ дар моддаҳои алоҳидаи лоиҳа ҷой дода нашуда, моддаҳои 112, 134, 149, 158, 169, 1844, 1942, 1943, 1951, 1952, 1991, 276, 325, 326, 327 Кодекси ҷиноятии амалкунанда бошанд, дар лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав декриминализатсия карда шуда, хориҷ гардидаанд.

Бо қабул гардидани лоиҳаи мазкур низоми ҳуқуқи ҷиноятӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ ворид гардида, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа дар мамлакат таъмин хоҳад гашт.

 

Муовини якуми прокурори ноҳияи

И. Сомонии шаҳри Душанбе, 

мушовири адлияи дараҷаи 1

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Исандарӣ Сулаймон