Тавре маълум аст, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин неъмати бузургро чунин тафсир намудаанд:  “Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид. Бешубҳа, ин бузургтарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик дар тули асрҳо ва неъмати бебаҳо барои наслҳои ояндаи халқи мост, ки ҷовидона соҳиби давлати миллии хеш хоҳанд шуд”.


Истиқлоли давлатӣ нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми мо мебошад, ки Тоҷикистони азизро ба як марҳилаи хоси таърихӣ ворид намуда, бо ҷомеаи ҷаҳон пайваст. Мутаассифона, дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ гурӯҳҳои ҷинояткор таҳти роҳбарии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ вазъро ноором карда, мунтаҳо мунҷар ба даргириҳои низомӣ шуданд. Куштори мардуми бегуноҳ, террори тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дуздӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ беному нишон шуданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарари беандоза расонда шуда, манзилҳои зист иншооти ҳаётан муҳиму аҳамияти стратегидошта харобу валангор гардиданд. Зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон гуреза ва садҳо нафар мутахассисони барҷаста тарки кишвар намуданд.

Дар натиҷаи фалаҷ шудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ содир шудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин характери оммавӣ гирифта, фазои кишварро тарсу ҳарос фаро гирифта буд. Нақлиёти ҷамъиятӣ, роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ аз фаъолият бозмонданд. Хазинаи давлат, аз ҷумла Бонки миллӣ аз ҷониби ин гурӯҳҳо ба пуррагӣ тасарруф шуда буд. Саросари кишварро қаҳтию гуруснагӣ, норасоии оби ошомиданӣ ва бебарқӣ фаро гирифта, ин бадбахтӣ умеди мардуми мамлакатро аз фардои давлати соҳибистиқлол сард намуда, хавфи воқеии аз даст додани Истиқлоли давлатӣ ва парокандашавии кишварро ба миён овард.    

Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, вакили мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуда, рисолати таърихии худро бо шиори “Ман ба Шумо сулҳ меорам” оғоз намуданд ва умеди мардумро дубора ба ояндаи дурахшони кишвар зинда намуданд. 

Сарвари тозаинтихоби давлат ва сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи ноороми пойтахти кишвар ва таъмин набудани амният, якҷо бо роҳбарони навтаъини мақомоти давлатӣ пас аз Иҷлосияи таърихӣ бо ҷасорати бемисл ба шаҳри Душанбе ворид шуда, ба фаъолият шуруъ намуданд. Ин фарзанди фарзонаи миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар дар мадди аввал фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, низоми идоракунии давлатиро ба роҳ монданд. Қувваҳои Мусаллаҳ бе ягон заминаи меросии моддию техникӣ дар ҷойи холӣ таъсис шуданд. Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аъзои гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ безарар ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки он барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар мусоидат намуд.   

Барои ҳамқадаму ҳамрадиф будани ҷумҳурӣ бо кишварҳои пешрафта ва ҷомеаи мутамаддин зарурати тағйир додани санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Конститутсияи кишвар ба миён омад. Дар ин робита, таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки он ба ташкили низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замина гузошт. Дар асоси ин санад, ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ шуда, ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ таҷзия гардид. Парлумони касбии дупалатагӣ, сохторҳои ҳарбӣ ва дигар рукнҳои давлатдорӣ таъсис ёфтанд.  

Ҳамчунин, Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, ба муомилот пули миллӣ ворид шуд.

Барои расидан ба сулҳу ваҳдат ва хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро дар хатар монда, борҳо бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок, аз ҷумла Афғонистон сафар намудаанд.        

Бо талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ барои ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд. Дар ҳамин ҳол, бо иқдоми дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар давоми солҳои 1995 – 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, тақсим шуд.   

Бо ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим бунёд гардиданд. Дар ин раванд таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд.

Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ намудани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки даромади Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000 то 28 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш ёбад. Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 2000 корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ, 2723 муассисаи тандурустӣ ва 3246 муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 410 ҳазор хонанда сохта шуданд.

Танҳо дар давоми се сол ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта шуданд. Тоҷикистони мустақил ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ барқарор намуд.

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳми кормандони мақомоти прокуратура низ  назаррас буда, онҳо дар душвортарин лаҳзаҳо вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, бо гурӯҳҳои ҷинояткор муборизаи оштинопазир бурдаанд. Дар ин роҳ чандин нафар кормандон ҷони худро фидо намуданд ва мо хотираи онҳоро доимо пос медорем.

Хизмати кормандони мақомотро Сарвари давлат пайваста қадршиносӣ менамоянд. Аз ҷумла, ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат 3 нафар корманди мақомот бо рутбаҳои олии “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” ва 6  нафар бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.

Ин ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - кормандони мақомотро водор менамояд, ки дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон беҳтару хубтар фаъолият намоем.

 

      Прокурори генералии

      Ҷумҳурии Тоҷикистон,

      генерал-полковники адлия,

      Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД