Албатта, инсонхо дар вуҷуди худ рашку ҳасодат доранд, аммо ақлу хирад, дониш бархеро водор месозад, то он аз ҳадди эътидол нагузарад ва зарараш ба дигарон нарасад. Махсусан, агар рашк хуруҷ бинамояд, одамӣ саривақт худро идора карда натавониста, тобеи он мешаваду ба ихтиёри ӯ мегузарад. Дар ин сурат аст, ки чашм кӯр мешавад, донишу ақлу хирад пушти дари вучудаш мемонанд ва ғуломвор камари ҳиммат ба хидматаш мебандад. Мутассифона, Набиев Ҷӯрабек Ҳафизович худро дар дасти рашк вогузошт ва дар оташиқахру ғазаб сӯхту дар андешаи ситонидани қассос гардид. Дap натиҷа чиноятеро содир кард, ки якеро аз ҳаёт маҳрум сохту худро пушти панҷараи маҳбас нишонд. Агар садди роҳаш намешуданд, ба яқин, аз пушти мақтул худ ҳам ҷон мебохту манзили охираташ зери замин мешуд. Ҳодиса ва сабабҳои рухдоди он чунин аст:
Набиев Ҷ.Ҳ бинобар мунтазам рафту омад доштани ҳамсояаш Содиқов А.В. ба манзили зисти ӯ вa бародараш Набиев У.Ҳ, ки дар як ҳавлӣ истиқомат доштанд, оид ба муносибати маҳрамона доштани ӯбо ҳамсараш Набиева А.Т шубҳа намуда, нияти ба ҳалокат расонидани Содиқов А.В.-ро намудааст.
Минбаъд Набиев Ҷ.Ҳ. 3 декабри соли 2021 тахминан соати 11:30 дақика дap манзили зисташ қарор дошта, ба он ҷо ворид шудани Содиқов А.В- ро мушоҳида намуда, аз набудани ҳамсараш ва фарзандонаш истифода карда, дар заминаи рашк ва хусумати шахсӣ охиронро бо пой зада, ба замин афтонида, ба воситаи табаре, ки бо нияти амалӣ намудани қасди куштор дар дасташ нигох медошт, ду маротиба дар қисмати cap, як маротиба ба қисмати пеши гардан ва як маротиба дар кисмати пойи чапаш зарба зада, ба саломатиаш ҷарохатҳои вазнини чисмонӣ расонидааст.
Ба ин кирдори содирнамудааш қонеъ нашуда, Набиев Ҷ.Х, бо мақсади фавран ба қатл расонидани Содиқов А.В. ва якбора нест кардани пайҳои ҷиноят, дар ҳолати зинда будани ҷабрдида ба сару бадани ӯ сӯзишвории навъи бензин рехта, ӯро оташ задааст.
Баъдан, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур намудани худ, Набиев Ҷ.Ҳ. қасди худкуширо намуда, тавассути банди хоҷагӣ худро дар болочӯби оғилхонаи манзили зисташ овехтааст.
Ин ҳолатро хамсояҳо Ҳасанов М.Б. ва Шоймирзоев М.П. мушоҳида намуда, фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо кушодани банд ҳодисаи даст ба худкушии Набиев Ҷ.Ҳ.-ро пешгирӣ намуда, сӯхторро дар бадани ҷабрдида Содиқов А.В. хомуш карда, номбурдаро ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудаанд. Аммо бо сабаби бардоштани ҷарохатҳои вазнин ба саломатӣ, ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар натиҷаи андешидани чорахои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Набиев А.Т. дастгир шуда, ҷинояти содирнамуда ошкор гардид ва пешбурди тафтиши пурра ва ҳамачонибаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шаҳринав таъмин гашта, номбурда бо моддаи 104 қисми 2 банди «е»-и КҶ Ҷумҳурии Точикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус муқаррар менамоянд, ба чавобгарии чиноятӣ кашида шуд.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои чиноятии Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2022 Набиев Ҷ.Х,. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми сахт таъин карда шуд. Мурод аз овардани ҳодисаи рухдода ва ҳукми судӣ он аст, ки ҳар нафари ба рашк гирифтор қазияро набояд худаш ҳал бинмояду ҳукм бибарорад ва дар пайи иҷроишаш бишавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он хотир амал мекунанд, ки бо тасмими дуруст гунаҳгор муайян ва ҷазои сазовору одилона бигирад. Тавре бармеояд, натиҷаи ин ҳодисаҳо нек нестанд. На танҳо ҳар ду ҷониб манфиате ҳосил накарданд, балки зарар диданду ин зарарҳо ба ду оила ва аъзои онҳо мерасанд. Пас, зарур аст, ки чашми ибратбин дошта бошем ва дар гирифтани тасмим ба саросемагӣ роҳ надиҳем.
Махмудзода Бахтиёр.
Прокурори калони Раёсати назорати
конунӣ будани санадхои судӣ оид ба
парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи
генералии Чумхурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1