Натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ вобаста ба вазъи даъват, сафарбаркунии ҳаваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти  мақомоти давлатӣ дар ин самт нишон дод, ки ташкили кор ва фаъолияти шахсони масъули мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа ҷиҳати сафарбаркунии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи бениҳоят паст қарор дошта, ин омилҳо сол аз сол барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даъват таъсири манфӣ расонида истодааст.


   Аз ҷумла, бо дахолати бевоситаи танҳо дастгоҳи прокуратураи вилояти Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои мусоидат намудан ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳи Мусаллаҳ супоришҳои дахлдор дода шуда, дар натиҷа ба хизмати ҳарбӣ дар давоми соли 2021 зиёда аз 100 нафар, сафарбар карда шуданд.

    Ҳол он, ки фаъолияти мақомоти прокуратура, амният ва корҳои дохилӣ дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва баррасии масъалаҳои оқибати саркаши аз хизмати ҳарбӣ равона шавад.

   Яке аз самтҳои асосии кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо, кумитаи маҳаллаҳо тайёр ва омода намудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

   Самаранокии фаъолияти масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дошта, фаъолияти кории онҳо нисбат ба омӯзиш ва омодагӣ ба даъват инчунин саривақт ҷудо намудани маблағҳои муайян барои гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба таври лозима ба роҳ монда нашудааст.

   Аз ҳамин лиҳоз ин мавзуъ ба нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якуми соли 2022 ворид карда шудааст.

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”  бо қарори  Маҷлиси намояндагони       Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2021, № 302 қабул карда шуда бо қарори  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 25 январи соли 2021, № 113 ҷонибдорӣ карда шудааст.

   Қонуни мазкур 29 январи соли 2021, № 1753  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.

  Қонуни мазкур 10 боб ва 62 модда иборат  буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

   Дар моддаи 1 Қонуни мазкур, ки мафҳумҳои асосиро шарҳ медиҳад  сараввал мафҳуми уҳдадории ҳарбӣ - уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он фаҳмонида шудааст.

   Баъдан истилоҳи комилан нави воридгардида, яъне хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ - намуди хизмати ҳарбӣ, ки дар он шаҳрвандони синни даъватӣ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъватро надоранд, вале метавонанд ин намуди хизматро ба тариқи ихтиёрӣ адо намоянд  дар матни қонун ворид карда шудааст.

     Моддаи 4-и Қонун принсипҳои хизмати ҳарбиро муайян намудааст:

   1) қонуният;

   2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

   3) садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон;

   4) садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

   5) риояи интизоми ҳарбӣ;

   6) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ;

   7) яккасардорӣ ва риояи мартабот;

   8) вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ.

  Моддаи 6-и Қонун ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият додан, ки  ин афзалият ба қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии муайян ё машғул шудан ба фаъолияти дигар ҳангоми даъват, ё бо хоҳиши худ дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ ифода меёбад муайян карда шудааст.

  Моддаи 7 Қонуни мазкур кафолати бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба собиқаи хизмати давлатӣ дохил намудани  муҳлати дар хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд  пешбинӣ намудааст.

   Фасли алоҳидаи Қонун ба танзими давлатии иҷрои  уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ бахшида шудааст, ки  моддаи 10 уҳдадории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба таъмини иҷрои уҳдадории ҳарбии шаҳрвандонро ба танзим медарорад.

   Маҳз ҳамин фасл уҳдадории мақомоти дахлдорро ба истиснои комиссариятҳои ҳарбӣ муқаррар менамояд ва агар комиссияҳои даъвати ҷавонон ба хизмати муҳлатноки ҳарбӣ ҳамин фишангҳоро тавонанд мавриди амал қарор диҳанд мушкилоти иҷрои нақшаи  даъват аз байн меравад.

    Чунончи талаботи Қонуни мазкур ба уҳдаи мақомоти дар поён зикргардида  чунин амалҳоро пешбинӣ намудааст:

1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд:

1) даъватшавандагон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро ба ҳисоб гирифта, дар муҳлати 1 ҳафта ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар диҳанд;

2) бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумот оид ба шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ гузошташаванда ва дар қайди ҳарбӣ қарордоштаро, ки барои дохил кардан ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ заруранд, фиристанд;

3) шаҳрвандонро оид ба даъвати комиссариати ҳарбӣ хабардор намоянд;

4) ба шаҳрвандон имконияти сари вақт ба даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданро таъмин намоянд.

2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шӯрои маҳалла, кумитаи маҳалла ва ба мисли инҳо) уҳдадоранд дар муҳлати 1 моҳ ба комиссариати ҳарбӣ дар бораи тағйироти ҳайати кормандон, шаҳрвандони ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқоматкунандае, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё онҳое, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, маълумот пешниҳод кунанд.

3. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз дар бораи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд ва дар мавриди қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, новобаста ба асосҳои қатъ, уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

4. Судҳо уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор оид ба масъалаҳои зерин хабар диҳанд:

1) дар бораи баррасӣ ва қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд;

2) дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд.

5. Мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадоранд:

1) дар асоси дархости комиссари ҳарбии ноҳия ва ё шаҳр дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ маълумоти заруриро дар бораи шаҳрвандон барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил намудан фиристанд;

2) дар асоси дархости комиссари ҳарбии ноҳия ва шаҳр (командири қисми ҳарбӣ) шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, инчунин шахсонеро, ки худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷӯстуҷӯ ва боздошт намоянд;

3) дар бораи ошкор намудани шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд, инчунин дар бораи шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, вале дар қайди ҳарбӣ намебошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд;

4) ҳангоми гирифтани шиноснома аз шаҳрвандони ҷинси мард ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди ҳарбиро талаб намоянд;

5) тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми даъвати шаҳрвандон дар нуқтаҳои даъватӣ ва сафарбаршавии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ таъмин намоянд.

6. Мақомоти амнияти миллӣ уҳдадоранд бо дархости комиссари ҳарбӣ дар муҳлати 7 рӯз нисбат ба шаҳрвандони дар қайди ҳарбӣ қарордошта ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор маълумот пешниҳод намоянд.

7. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

8. Мақомоти шуғли аҳолӣ уҳдадоранд дар бораи аз ҷониби онҳо ба қайд гирифтани шаҳрвандони аз 16 то 27-сола дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

9. Мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ уҳдадоранд дар бораи маъюб донистани шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

10. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст дар муҳлати 7 рӯз бо дархости Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баромад ва воридшавии шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба/аз Тоҷикистон бо нишон додани ҷойи истиқомат маълумот пешниҳод намояд.

11. Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида шахсан масъул мебошанд.

Тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни мазкур  бо мақсади таъмини қайди ҳарбӣ шаҳрвандон уҳдадоранд:

1) дар комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат ё дар қайди ҳарбии ҳайати эҳтиёти мақомоти амнияти миллӣ дар қайди ҳарбӣ бошанд;

2) дар вақти муқарраршуда ва маҳалли муайян аз рӯи даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро мувофиқи номгӯи дар даъватномаи комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нишондодашуда пешниҳод намоянд;

3) ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми аз мақомоти пешбининамудаи қисми 4 моддаи 16 Қонуни мазкур рухсат шудан дар муҳлати 14 рӯз аз рӯзи хориҷ шудан аз рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ҳозир шаванд;

4) дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли истиқомат дар бораи тағйир ёфтани вазъи оилавӣ, ҷойи кор ё мансаб, ҷойи истиқомат дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия хабар расонанд;

5) ҳангоми ба ҷойи нави истиқомат, инчунин муваққатан ба муҳлати зиёда аз 45 рӯз аз ҷойи истиқомати доимӣ рафтан аз қайди ҳарбӣ баромада, дар муҳлати 20 рӯзи расидан ба ҷойи нави истиқомат, ҷойи қарордошти муваққатӣ ё бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд;

6) ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбиро эҳтиёткорона нигоҳ доранд. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои мазкур дар муҳлати 14 рӯз ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат барои ҳалли масъалаи гирифтани ҳуҷҷатҳо ба ҷойи ҳуҷҷатҳои гумшуда муроҷиат намоянд;

7) уҳдадориҳои дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қайди ҳарбӣ муқаррарнамударо иҷро намоянд.

2. Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ва дар давраи даъват ба муҳлати зиёда аз 15 рӯз аз ҷойи истиқомат мераванд, уҳдадоранд дар ин бора ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат шахсан хабар расонанд.

   Мутобиқи моддаи 21 Қонун  мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд доир ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии шаҳрвандон мунтазам кор баранд.

   Гирифтани дониши зарурӣ оид ба мудофиаи давлат, уҳдадориҳои ҳарбии шаҳрвандон, инчунин соҳиб шудани таълимгирандагон ба малакаи мудофиаи гражданӣ дар стандартҳои таълимии давлатии таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ карда мешаванд.

   Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагону донишҷӯёни ҷинси мард дар давоми 2 соли охири таҳсил ҳатман бо гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ на камтар аз як маротиба дар анҷоми соли охири таҳсил сурат мегирад.

   Нақша ва барномаҳои таълимии тайёрии ҳарбиро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

   Санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки сифати таълиму тарбия оид ба омадагии ибтидоии ҳарбӣ дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.

   Чунончӣ, тибқи барномаҳои таълимӣ, дар муассисаҳои мазкур барои синфҳои 10 ва 11 дар охири соли таълимӣ ба муддати 6 рӯз, яъне 34 соат, ҷамъомади таълимии ҳарбӣ  пешбини шудааст, ки дар давоми он, ҷавонон бояд, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, омодагии тактикӣ, тирандозӣ, асосҳои хизмати ҳарбӣ, оинномаҳо, саф ва хусусияти он, топографияи ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ, асосҳои донишҳои тиббӣ ва омодагии ҷисмониро аз худ намоянд.

   Дар аксарияти кулли муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаботҳои барномаи зикршуда бо таври дахлдор иҷро карда намешаванд. Ба аксарияти хонандагони мактаб, қоидаҳои саф кашидан, қадам задан дар қатор ва дар танҳоӣ, истифодаи яроқ, аз ҷумла, ба қисмҳо ҷудо кардан, тоза кардан, аз нав ҷамъ кардан ва аз онҳо тирандозӣ намудан ба дараҷаи дахлдор омӯзонида намешаванд.

    Ғайр аз ин, камбудии ҷиддӣ аз он иборат мебошад, ки дар бисёр мактабҳо синфхонаҳои таълимии ҳарбӣ ва майдончаҳои варзишӣ, ки барои омодагии хонандагон ба хизмати ҳарбӣ нақши асосиро мебозанд, ташкил карда нашудаанд.

   Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ҳамагӣ дар 237 муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, синфхонаҳои таълими ҳарбӣ ташкил карда нашудааст. Дар 352 мактабҳо бошад, майдончаҳои ҳарбӣ ташкил карда нашудааст. Инчунин, дар 62 адад мактабҳои вилоят, таълими фаннӣ омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба роҳ монда нашуда, ҳамзамон  норасогии омӯзгорони фанни мазкур, 40 нафарро ташкил медиҳад.

    Аз шумораи умумии омӯзгорони фанни таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ки алҳол 842 нафар мебошанд, 177 нафар ё 21 фоизашон ихтисоси соҳавӣ надоранд.

    Мисол, дар шаҳри Панҷакент ба таълими фанни омодагии ибтидоӣ ҳарбӣ, 53 нафар бо ихтисоси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ва 18 нафар омӯзгорон бо ихтисоси фанҳои таърих, биология, химия ва ҳатто фани суруд ва мусиқӣ дарс мегузаранд.

      Таъминот бо китоби дарсии ҳамин фан дар вилоят 87 фоизро ташкил намуда, он дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон 42,1 фоиз, Бӯстон 60,2, Зафаробод 75, Деваштич 82,6, Кӯҳистони Мастчоҳ 80, Спитамен ва Гулистон 85 фоизро ташкил медиҳад.

      Айнан дар чунин вазъ ба истиснои шаҳри Душанбе  муассисаҳои  дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор доранд.

      Мехостам ба самъи Шумо тағйироти воридгардидаи дигаррро дар самти омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ расонам.

     Тибқи муқаррароти моддаи 28-и Қонуни мазкур шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

      Шаҳрванди синни даъватӣ дар ҳолати ҳозир нашудан тибқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ба чорабиниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

      Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.

     Шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

  Мутобиқи моддаи 30 Қонуни зикргардида аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

- онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;

- онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;

- онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд;

- онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.

      Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд:

- онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;

- онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;

- онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.

      Тибқи муқаррароти  моддаи 31 Қонуни мазкур  даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин ба таъхир гузошта мешавад:

- муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ - ба муҳлати то 6 моҳ;

- нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);

- таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - то хатми муассисаҳои таълимии мазкур; 

- тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда;

- оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ - то қабули қарори дахлдор;

- адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё махдуд кардани озодӣ.

- Ба ғайр аз асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:

- даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд - то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;

- онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд - дар давоми муҳлати ваколат;

- онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд - дар давраи таҳсил;

- омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;

- онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;

- онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

      Тағйироти ҷиддии дигар дар моддаи 35 Қонун ворид гардидааст, ки тибқи он даъватшаванда уҳдадор аст бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, комиссияи даъватӣ ё барои фиристодан ба қисми ҳарбӣ бо мақсади адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳозир шавад ва дар комиссариати ҳарбӣ то сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ қарор гирад.

    Падар ё модари шаҳрванде, ки бояд ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шавад ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадоранд даъватномаи комиссариати ҳарбиро бо гузоштани имзо қабул намоянд ва ба шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда расонанд.

    Даъватномаро ба шаҳрванд кормандони комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомат, кор ё таҳсили шаҳрванд ба воситаи роҳбарон, шахсони масъули дигари корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдоре, ки барои кори баҳисобгирии ҳарбии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шӯрои маҳалла, кумитаи маҳалла, кумитаи манзил ва ба мисли инҳо) масъуланд, месупоранд. Дар даъватнома бояд оқибатҳои ҳуқуқии аз тарафи шаҳрванд иҷро нагардидани талаботи ба зиммаи ӯ гузошташуда дарҷ шаванд.

     Шаҳрванд уҳдадор аст барои иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват (даъватнома)-и комиссариати ҳарбӣ дар муҳлати муайянгардида ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад.

     Дар сурати саркашӣ кардани даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ва ё бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда дар муҳлати муайяннамудаи даъватнома, даъватшаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

    Шаҳрвандони ҷинси мард, ки баъди хатми муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳайати эҳтиёт бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ дохил шудаанд, уҳдадоранд аз рӯи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ барои гузаштани муоинаи тиббӣ ҷиҳати қабули қарор оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ва гирифтани амрномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтан ба маҳалли хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.

    Дар сурати мувофиқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда ба чорабиниҳои алоқаманд бо даъват ба хизмати ҳарбӣ, ӯ бояд дар муддати 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ дар ин бора ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод намояд.

    Моддаи дигари  Қонун (моддаи 37)  муқаррар менамояд, ки шаҳрванди қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд.

     Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа гузаронида мешавад. Шаҳрванд пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда намешавад.

   Шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда мешаванд.

    Қонуни мазкур муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби зерин муқаррар намудааст:

- барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд - 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ - 12 моҳ;

- барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд - 1 моҳ;

- барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд - 24 моҳ;

-барои сержантҳо, прапоршикон, инчунин хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунанд - 3 сол, пас аз адои муҳлат ин гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд хизмати ҳарбиро бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ тамдид намоянд;

- барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд - 10 сол;

- барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси роҳхати мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии амниятӣ ё хадамоти махсуси давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд - на камтар аз 15 сол;

- барои афсароне, ки аз ҳайати эҳтиёт ба тариқи ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд - 5 сол…

       Оғози хизмати ҳарбӣ чунин ҳисоб карда мешавад:

- барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шудаанд - аз рӯзи ҳозиршавӣ ба комиссариати ҳарбӣ барои сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ;

- барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ дохил мешаванд - аз рӯзи ба рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дохил шудани онҳо;

- барои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд - аз рӯзи ба рӯйхати курсантони муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ шомил намудан.

     Анҷоми хизмати ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ санаи аз рӯйхати ҳайати шахсӣ хориҷ гардидани хизматчии ҳарбӣ ҳисобида мешавад.

      Қонуни мазкур асосҳои зерини рухсат намудан аз хизмати ҳарбиро  муқаррар намудааст:

(ғайр аз сарбозон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо мекунанд)

1) аз рӯи синну сол - дар сурати расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан;

2) аз рӯи вазъи саломатӣ - бо сабаби аз ҷониби комиссияи тиббию ҳарбӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ донистан;

3) вобаста ба вазъи саломатӣ қобили маҳдуди хизмати ҳарбӣ донистани хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбии то прапоршики калондошта аз ҷониби комиссияи тиббии ҳарбӣ;

4) ҳангоми маҳрум шудан аз рутбаи ҳарбии афсарӣ ё прапоршикӣ;

5) ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи таъини ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ;

6) ҳангоми риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;

7) ҳангоми қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё доштани шаҳрвандии давлати дигар;

8) аз рӯи аттестатсия ба хизмати ҳарбӣ номувофиқ будан;

9) барои паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ;

10) вобаста ба маҳрум шудан аз иҷозат ба сирри давлатӣ ё рад шудани додани чунин иҷозат;

11) пешниҳод намудани маълумоти ошкоро бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи худ ё хешовандони наздики худ;

12) вобаста ба гузаштан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ё сохторҳои дигари ҳарбишуда, агар хизматчии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ на кам аз 10 сол хизмат карда бошад;

13) бо сабабҳои оилавӣ ва асосҳои дигаре, ки низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муқаррар намудааст.

      Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

      Қайд кардан бамаврид аст, ки баъди  мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ва илова гардидани баъзе талаботҳои нав, аз ҷумла барои аз рӯйи даъват бе сабабҳои узрнок бо мақсади бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшавандаба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2021 №1784  тағйиротҳо ворид карда шудаанд.

    Прокурори калони Раёсати назорати

    иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон,

    мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

    Наботов М.Ғ.