Ҳаёт ширинтарин неъматест, ки Офаридгор барои кулли мавҷудоти зинда, алалхусус инсон арзонӣ доштааст ва ҳар лаҳзаву соати он фараҳбахшу гуворост. Агар нафаре пайи ободӣ, бунёди оила, пешрафт ва анҷом додани корҳои хайр кӯшиш намояд, тоифаи дигар пайи ранҷу озори одамон шуда, даст ба ҷоҳилию бадрафторӣ ва амалҳои зишт мезананд, ки ин гуна рафтору муносибат ба дигарон дарду алам ва оҳу афсӯсро ба ёдгор мегузорад. На ҳамеша одамон ба қадри зиндагӣ, ин оламе, ки пур аз нишоту хуррамӣ ва меҳру муҳаббат аст, мерасанд. Зеро дар ҷараёни зиндагӣ мушкилот ва душвориҳое эҷод мешаванд, ки одамон дар назди эҳсосу иродаи худ дар ҳалли онҳо ноилоҷ мемонанд ва амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки боиси ранҷу озор, бадбахтӣ ва ҳатто фарҷоми ҳаёти як нафар мегардад.


   Гоҳе инсонҳо на ҳамеша сабру таҳаммул ва устувориро, ки асоси барҳам задани ҳар гуна низоъ ва кору амалҳои номат­луб аст, пеша мекунанд. Бо андаке сабуксарию беандешагӣ ҷабр ба ҷони худу наздиконашон намуда, рӯзи равшанро ба шаби тор мубаддал мекунанд. Ҳодисаи нангине, ки моҳи декабри соли гузашта дар ноҳияи Шаҳринав pyx дод, як муддат боиси ташвишу изтироби сокинон гардид. Ниҳоятан, яке бо марги маҷбурӣ аз олам гузашт, зан хонавайрон ва шавҳар ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шуд.

   Дар натаҷаи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев Ҷ.Ҳ. бо моддаи 104 қисми 2 банди "е" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки бинобар мунтазам рафтуомад доштани ҳамсояаш Содиқов А.В. ба манзили зисти ӯ ва бародараш Набиев У.Ҳ., ки дар як ҳавлӣ истиқомат доштанд, оид ба муносибати маҳрамона доштани ӯ бо ҳамсараш шубҳа намуда, мақсади ба ҳалокат расонидани Содиқов А.В.-ро мекунад.

  Набиев Ҷ.Ҳ. 3 декабри соли 2021, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар манзили зисташ қарор дошта, ба он ҷо ворид шудани Содиқов А.В.-ро мушоҳида намуда, аз набудани ҳамсару фарзандонаш истифода карда, дар заминаи рашк ва хусумати шахсӣ охиринро бо пой зада, ба замин афтонида, ба воситаи табаре, ки барои амалӣ намудани қасди куштор дар дасташ нигоҳ медошт, ду маротиба дар қисмати cap, як маротиба ба қисмати пеши гардан ва як маротиба дар қисмати пойи чапаш зарба зада, ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

   Ба ин кирдори содирнамудааш қонеъ нашуда, Набиев Ҷ.Ҳ. бо мақсади фавран ба қатл расонидани Содиқов А.В. ва якбора нест кардани пайҳои ҷиноят, дар ҳолати зинда будан ба сару бадани ҷабрдида бензин рехта, ӯро оташ задааст.

   Баъдан, бо мақсади аз чавобгарии ҷиноятӣ дур шудан, Набиев Ҷ.Ҳ. қасди худкушӣ намуда, тавассути банди хоҷагӣ худро дар болочӯби оғилхонаи манзили зисташ овехтааст.

   Ин ҳолатро ҳамсояҳо мушоҳида намуда, фавран ба чойи ҳодиса ҳозир шуда, бо кушодани банд ҳодисаи даст ба худкушӣ задани На­биев Ҷ.Ҳ.-ро пешгирӣ карда, сӯхторро дар бадани ҷабрдида Содиқов А.В. хомӯш ва номбурдаро ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудаанд. Аммо бо сабаби бардоштани чароҳатҳои вазнин ба саломатӣ, ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расид.

  Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Набиев Ҷ.Ҳ. дастгир шуда, ҷинояти содарнамуда ошкор гардид, пешбурди тафтиши пурра ва ҳамаҷонибаи парвандаи чиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав таъмин гашта, номбурда бо моддаи 104 қисми 2 банда "е"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

  Санаи 24 феврали соли равон коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ судшаванда Набиев Ҷ.Ҳ.-ро ба ҷазои маҳрум coxтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол маҳкум кард.

 

 Бахтиёр Маҳмудзода, прокурори колони

 Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои

 судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии

 Прокуратураи генералии ҶТ

 Ҷалолуддин Садриддинов,

  муовини capдopu РНТ ВКД ҶТ