Боби 50 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани шахсе, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ӯ шаҳрванди он аст, пешбинӣ менамояд.
Тибқи моддаи 483 Кодекс, шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии дахлдор ё созиши хаттии бо шартҳои мутақобил имзонамудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти босалоҳият ва шахсони мансабдори давлати хориҷӣ барои супоридани шахсе, ки аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар давлате, ки ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, ҳамчунин барои супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асос ба шумор меравад (рӯйхати шартномаҳои байналмилалӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар зерлавҳаҳои дуюм ва сеюми лавҳаи мазкур).
Бозпас додани шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамояд
Шарт ва тартиби супоридани маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо инҳоянд:
- супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ӯ шаҳрванди он давлат аст, то хатми ҷазои ӯ ба тариқи маҳрум кардан аз озодӣ дар асоси дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ӯ, ҳамчунин дар асоси талабномаи мақомоти босалоҳияти давлати дахлдор бо ризои маҳкумшуда имконпазир аст;
- шахс танҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бо қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ метавонад супорида шавад ва онҳо дар бораи супорида шудани маҳкумшуда ба суде, ки ҳукм баровардааст, хабар медиҳанд.
Рад кардани супоридани шахси ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда ба давлати хориҷӣ барои адои ҷазо дар ҳолатҳои зерин имконпазир аст:
- кирдоре, ки шахс барои он маҳкум шудааст, бо қонунгузории давлате, ки ӯ шаҳрванди он мебошад, ҷиноят эътироф нагардад;
- ҷазо бо сабаби гузаштани мӯҳлат ё бо дигар асоси пешбининамудаи қонунгузории ин давлат наметавонад дар давлати хориҷӣ адо карда шавад;
- аз маҳкумшуда ё аз давлати хориҷӣ кафолатҳои иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ ворид нашуда бошанд;
- доир ба супоридани маҳкумшуда дар асоси шартҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ мувофиқа ҳосил нашуда бошад;
- маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ дошта бошад.
Бозпас овардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар адои ҷазо намуда истодааст
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ӯ, ҳамчунин мақомоти босалоҳияти давлати хориҷӣ бо ризоияти маҳкумшуда метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Барои баррасии дархости шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби суди кишвари хориҷӣ маҳкум карда шудааст, хешовандони наздик ё намояндаи қонунии ӯ зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Ариза ба номи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи насаб, ном, номи падари муроҷиаткунанда, нишонии истиқоматии аниқ, рақамҳои телефон барои тамос, дарҷи аниқ ва муфассали хоҳиш, гирифтан (ё нагирифтани) ӯҳдадорӣ вобаста ба дӯши худ гирифтани ӯҳдадориҳои молиявӣ, ки ба интиқоли маҳкумшуда вобастаанд ва дигар маълумоте, ки барои баррасии муроҷиат зарур мебошад;
- Ба ариза бояд нусхаи ҳукми суди кишвари хориҷии ба қувваи қонунӣ даромада замима шуда бошад.