26 феврали соли 2025 мулоқоти Прокурори генералии ҶумҳурииТоҷикистон ВоҳидзодаҲ.С. бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон баргузор гардид.Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ муҳокима гардида, муттаҳид гардидани ҷонибҳо ва дастаҷамъона мубориза бурдан алайҳи ин вабои аср муҳим арзёбӣ гардид.

14 феврали соли 2025 дар Прокуратураи генералӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло аз натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2024 ба хабарнигорон иттило дод.
Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2024 аз ҷониби мақомоти прокуратура 6973 санҷиш гузаронида, 4172 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин, 1302 коррупсионӣ) оғоз намуда, 62945 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 261022 нафар барқарор карда шуданд. 1 млрд 327 млн сомонӣ маблағи зарар (аз ин, 1 млрд 211 млн сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида шуд.

5 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бинои прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур ҷиҳати таъминоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шароити хуби корӣ, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, бо техника ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушторҳои дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд рухдодаро тафтиш намуда истодааст. Ҷиноят кушода шуда, айни ҳол бо парвандаи ҷиноятӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердиев Солехҷон Набиевич, таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ,

Вақтҳои охир дар расонаҳои васоити ахбори омма ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабару маълумотҳо дар бораи аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тӯҳмати кормандони мақомоти прокуратура дар ришвагирӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҳимоятгар Юлдашев Ф.О. (Файзи Олӣ) ва ба суд дода шудани ӯ паҳн шуда истодааст.
Ба маълумоти шаҳрвандон эҳтиромона расонида мешавад, ки моҳи феврал-марти соли 2023 дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон азонихудкунии 4672,8 ҳазор сомонии маблағҳои ҷамъияти мазкур аз ҷониби масъулин ошкор карда шуда, маводҳо барои