Хабарҳо
Бадахлоқии “мулло”-и фосиқ ошкор карда шуд
Прокуратураи вилояти Суғд 25.10.23 нисбат ба Набиев Абдувалӣ, соли таваллудаш 1955 барои ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида содир шудааст, бо м.1421 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Набиев А., ки на таҳсилоти динӣ ва на тиббӣ дорад, худро дар байни мардум ҳамчун “мулло” ва “табиб” муаррифӣ карда, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ш.Хуҷанд, маҳаллаи 12, б.14, ҳ.196 корафтодагон, аз ҷумла занонро қабул намуда, бо роҳи дуохонӣ, маҳси бадан, “таштобнависӣ” ва дигар роҳҳо гӯё онҳоро табобат ва ҷинҳоро аз баданашон дур мекардааст.
Чунончӣ, 05.10.2023 ба ӯ барои табобати дарди сар сокини ш. Хуҷанд, шаҳрванд М., ки оиладор мебошад (бинобар сабаби нигоҳ доштани шаъну шарафи ӯ шахсияташ ошкор карда намешавад), муроҷиат намудааст. Набиев А. ӯро дуохонӣ намуда, барои ин амалаш 50 сомонӣ гирифта, бо мақсади бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии номбурда қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ ӯро бовар кунондааст, ки ҷин дорад ва таклиф намудааст, ки “ҷинбарорӣ” кунад.
Шаҳрванд М. аз мақсадҳои нопок ва ҷинояткоронаи Набиев А. бехабар ба ин таклифи ӯ розӣ шуда, 13.10.2023 ашёҳои фармудаи ӯро бо худ гирифта, боз ба манзили номбурда омадааст. Набиев А. дар танҳоӣ бо баҳонаи баровардани ҷин аз бадани М. ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он нисбати ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, дар табақ “таштоб” навишта дода, боз 50 сомонӣ музд гирифтааст.
Чунин амалҳоро Набиев А. нисбат ба шаҳрванд М., инчунин 18.10.2023 дар манзили истиқоматиаш анҷом дода, 50 сомонӣ гирифта, бо мақсади анҷом додани амалҳои ҷинояткоронааш таклиф намудааст, ки табобатро дар манзили шаҳрванд М. идома диҳанд.
Бо ин мақсад, 23.10.2023 ӯ ба манзили иҷоравии шаҳрванд М., воқеъ дар ш. Хуҷанд омада, бо баҳонаи баровардани ҷин ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии шаҳрванд М. нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Набиев А. дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд.
Тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.