Хабарҳо

Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники адлия, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

Ҳозирини гиромӣ,

 

Таҳти роҳбарии хирадмандона ва одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат волоияти қонун, фазои ягонаи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин гардида, некӯаҳволии мардум мунтазам беҳтар шуда истодааст.

Прокуратураи генералӣ ҳамчун мақомоти назорати қонунҳо дар асоси Конститутсия, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар соли 2022 корҳои  муайянеро ба анҷом расонидааст.  

Аз натиҷаи супоришҳои мақомоти олӣ унвонии Роҳбари давлат 45 ва Маҷлиси миллӣ 14 ахборот манзур гардидааст.

Рафти татбиқи Барномаи давлатии муқовимат бар зидди  ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки дар асоси қарори Маҷлиси миллӣ таҳия гардида буд, инчунин Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳти назорати доимӣ қарор дошта, натиҷаи он мавриди баррасии маҷлисҳои ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарор дода шуда истодааст.

Риоя ва иҷрои қонунгузории мамлакат дар вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо ва дигар субъектон зиёда аз 6500 маротиба санҷида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда тақрибан 100 ҳазор (89 158) санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 183 000 шаҳрвандон ҳифз гардид.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ зарари ба давлат ва шаҳрвандон расонидашуда зиёда аз 1,5 млрд сомонӣ муайян шуда, аз он 995,9 (873,4) миллион сомонӣ барқарор гардид, ки 392 (329) миллион сомонии он ба буҷети давлат рӯёнида шудааст.

Ҳамчунин, 3897(3652) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз он 1091 (1039) адад оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта мебошанд.

Ба 1520 (1331) қарорҳои ғайриқонунии раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, азҷумла оид ба замин 1233 (1081) эътироз оварда шуд, ки аз он ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - 442, тобеи ҷумҳурӣ- 424 адад, Суғд-409 ва ВМКБ-191 адад рост меояд.

Дар давраи таҳлилӣ 41 500 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба баҳси замин, манзил, норозӣ будан аз рафти тафтишоти пешакӣ, санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, аз натиҷа 1420 (1193) санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ, 1100 (1004) нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 50 (44) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Вобаста ба қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ 2677 (2282) санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул карда, 9478 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 400 (535) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва 2,08 (2,3) млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди ба муомилот баровардани маводҳои дорувории пастсифат, муҳлаташон гузашта ва ғайристандартӣ ошкор гардиданд. Чунончи, нисбати шаҳрванд Наимов Ш.С. барои  дар ду ҳолат 436 адад маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва ғайристандартиро ба маблағи 21664 сомонӣ ба фурӯш баровардан парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Аз натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ вобаста ба риояи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 970 (830) санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, нисбати 1480 (1241) нафар ҷавобгариҳои гуногун татбиқ гардид.

Вобаста ба ҳифзи меҳнат 4430 қонунвайронкунӣ ошкор шуда, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар ин самти назоратӣ ҳуқуқҳои поймолшудаи 98 000 нафар ҳифз шуда, 23 (26) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва 207,3 (212,8) млн сомонӣ маблағи музди меҳнат барқарор карда шуд.

Дар натиҷаи 152 (151) ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ фавти 68 (67) нафар ва  ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани 90 ( 114) нафар ба қайд гирифта шуда, нисбати гунаҳгорон чораҷӯӣ карда шуд.

Бо натиҷаи санҷиши қонунгузорӣ дар соҳаи барқ 2486 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, нисбати 3000 нафар ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ татбиқ, 70 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва барои рӯёнидани 144 млн сомонӣ ба судҳо 123 аризаи даъвогӣ пешниҳод шуда, азон 130 млн сомонӣ баррасӣ ва қонеъ гардид. Дар умум 152 (107) млн сомонӣ зарар ошкор ва барқарор шуд.

Дар самти мазкур ҳолатҳои зиёди ҷинояту қонунвайронкуниҳо оид ба сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ, тасарруфи маблағҳои ҳаққи истифодаи неруи барқ, беасос ва ғайриқонунӣ ба муштариён изофанависии неруи барқи истифоданашуда ва маблағи он муайян гардиданд.

Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ Ашуров М. барои тасарруфи 100 ҳазор сомонӣ маблағҳои аз муштариён гирифташуда ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Қарзи истифодабарии оби полезӣ бошад 11,5 млн сомонӣ рӯёнида шудааст.

Вобаста ба назорати ҳифзи муҳити зист 3700 ҳолатҳои шикори ғайриқонунӣ, буридани дарахтон, ғализ намудани ҳавои атмосферӣ ва дигар қонуншиканиҳо ошкор гардид.

Чунончи, бо натиҷаи санҷиши фаъолияти корхонаи муштараки “Зарафшон” 161,4 млн сомонӣ зарари ба муҳити зист расонидашуда муайян гардида, бо андешидани чораҳои прокурорӣ аллакай 19 млн 350 ҳазор сомонии он ба буҷет пардохт карда  шуд.

Бинобар таҳти нестшавӣ қарор доштани бабри барфӣ,  тибқи дастури Шумо, ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо пешниҳод ва қабул гардида, барои ғайриқонунӣ шикор, нобуд кардан ва ба даст овардани бабри барфӣ ҷавобгарӣ пурзӯр гардид.

Санҷиши вазъи риоя ва иҷрои қонунгузории молия ва буҷети давлатӣ қонуншиканиҳои зиёдро ошкор намуда, бо натиҷаи он 975 (805) санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул гардида, нисбати 1300 (932) нафар истеҳсолоти интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ татбиқ, 223 (190) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 17 млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.

 

Муҳтарам Раис,

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

 

Гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайяне ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд.

Барои чунин кирдорҳо собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Оймаҳмадзода Р. (фурӯши 11 га замин бар ивази 1 млн сомонӣ), муовини раиси ноҳияи Қубодиён Гулҳусейнов И. (фурӯши 13 га замин бар ивази 54 500 сомонӣ), раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб Каримов К.(фурӯши 20,6 га замин бар ивази 600 ҳазор сомонӣ ва 100 000 доллар) ва дигарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар ин самт зиёда аз 6000 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, нисбати 6550 нафар чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ, 16032 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуда,16,9 (5,8) млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.

Аз ҷумла, нисбати 252 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Зимни бунёди биноҳои баландошёна аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ поймол намудани ҳуқуқҳои зиёда аз 600 нафар ҳиссагузорон муайян ва 35 млн сомонӣ зарари ба онҳо расонидашуда барқарор гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон ва шахсони мансабдори масъули соҳа дар кумитаю вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, коллективҳои меҳнатӣ ва заминистифодабарандагон 4233 вохӯрию суҳбатҳо доир гардида, ба воситаи ахбори омма 175 баромад ва мақола ба чоп расонида шуд.

Вобаста ба назорати ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории андоз 4900 (4405) қонуншиканиҳо ошкор гардида, 3500 (3507) нафар ба ҷавобгарӣ кашида, 331 (301,1) млн сомонӣ ба буҷети давлат барқарор шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани омилҳои иқтисоди ниҳонӣ, дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон назорат пурзӯр карда шуда, ҳолатҳои пинҳонкунии андоз ба миқдори махсусан калон ошкор гардид.

Азҷумла, нисбати роҳбари ҶДММ «Ҷамил» Киромзода Л. барои пинҳон намудани 1,3 млн сомонӣ дар эъломияҳои андоз парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

46 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бо гирифтани даромад ба миқдори калон ва махсусан калон ошкор ва гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Вобаста ба риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ” 114 ҳолати гузаронидани санҷишҳои ғайриқонунӣ, дахолат ба фаъолияти соҳибкорон, беасос ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ошкор гардида, ба 41 санади ғайриқонунии мақомоти санҷишӣ эътироз оварда, 54 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Санҷишҳои прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи сармоягузорӣ қонунвайронкуниҳои зиёдро ошкор намуд.

Масалан, Савуров У. бо писараш Савуров Ш. ширкатҳои “Таджстрас” ва “Икром”-ро ташкил намуда, бо ширкати японӣ “Акебоно” шартномаи ҳамкорӣ оид ба таъмини маҳсулот баста, 118 740 евро маблағҳои ширкати зикршударо тасарруф намудаанд.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо фикри айбдорӣ ба суд фиристода шуд.

Дар самти назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук барои содир намудани 2600 қонунвайронкунӣ 4600 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 20,4 млн сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ барқарор гардид.

Прокуророн 503 ҳолати қочоқро ба маблағи 9,1 млн сомонӣ муайян ва нисбати гунаҳгорон чораҷӯӣ намуданд.

Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди рақобатпазирӣ дар бозорҳои молӣ, пешгирии болоравии сунъии нарх ва риояи нархгузорӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Бо ин мақсад гурӯҳҳои корӣ мониторинги  бозорҳо ва марказҳои савдоро ба роҳ монда, ҳолатҳои беасос баланд бардоштани нархҳои маҳсулотро ошкор карда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба мақомоти дахлдор 66 (78) пешниҳод, 52 (64) амр ирсол намуда, ба 112 (138) қарори ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, 121 (145) нафар шахсони масъулро ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд.

Инчунин, нисбати 231 (389) шахси гунаҳгор барои вайрон кардани қоидаҳои савдо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 61 (98) нафар бинобар ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.  

Дар фаъолияти баъзе сарҳадбонон ва гумрукчиён ҳолатҳои маблағситонӣ дар шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ характери оммавиро пайдо намуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандони чи мамлакат ва чи хориҷиён дағалона поймол карда мешаванд.

Чунончи, назоратчии калон оид ба тафтиши ҳуҷҷатҳои шуъбаи назорати сарҳадии “Душанбе”-и қисми ҳарбии 0121 ҚС КДАМ лейтенанти калон Нажмудинов Қ. ва нозири дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки “Майдони ҳавоӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, лейтенанти Хадамоти гумрук Раҳмонзода А. аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шабир барои бемамониат аз сарҳад гузаштан 400 сомонӣ ва 200 доллари ИМА талаб карда гирифтаанд.

Ё ин, ки 7 сентябри соли 2022 назоратчии шуъбаи назорати сарҳадии “Душанбе”-и қисми ҳарбии 0121 Қӯшунҳои сарҳадӣ прапоршик Мирзоев З. аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ барои аз хати сарҳади давлатӣ гузашта, ба Федератсияи Россия рафтан, 500 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Нисбати номбурдагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва пас аз тафтиш ба суд ирсол карда шудааст.

Дар маҷмӯъ,оид ба ин ҳолатҳо 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки 13 адади он коррупсионӣ мебошад.

 

Муҳтарам Раис,

 

Аз натиҷаи санҷиши вазъи назорати риоя ва иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон 5316 (4520) чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ, 612 (564) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва 44,8 (39,3) млн сомонӣ зарар барқарор гардид.

Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 4000 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, нисбати 180 (157) нафар барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

124 (286) ҳолати ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷалб намудани ноболиғон муайян шуд, ки ба вилояти Хатлон 73 (328), вилояти Суғд 25 (70) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21 (76) адад рост меояд.

Аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ин давра 660 (715) ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2021 55 адад ё 7,6% камтар мебошад.

Барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 нафар даъватшавандагон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

 

Муҳтарам Раис,

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

 

Дар ин давра 22481 (24118) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021-1637 ҷиноят кам буда, кушодашавии он 76,7 (80,4) фоизро ташкил медиҳад.

Содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он 25 адад, савдои одамон 13 адад, бо истифода аз силоҳ 115 адад, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 19 адад, фирор 22 адад ва қочоқи маводи нашъаовар 25 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Прокуророн 8140 (8081) ё 36,2 (33,5) фоизи ҷиноятҳоро ошкор ва ба қайд гузошта, 1123 (1036) ҷиноятҳои аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз қайд пинҳонамударо ошкор карданд.

Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба он коҳиш ёфта, 487 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 82 адад ё 16,8% камтар мебошад. Барои ба худкушӣ расонидан 48 (45) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи 1096 (1102) садамаҳои нақлиётӣ 416 (396) нафар фавтида, 1200 (1217) нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бо сабаби сабук будани ҷазои ҷиноятӣ (ҳатто ҳангоми марги инсон) (тибқи моддаи 212 қисми 2 КҶ ҶТ), нисбати шахсони гунаҳгор ҷазо танҳо дар колонияи ислоҳии низоми сукунат таъин карда  мешавад.

Аз ин рӯ, ҷиҳати пурзӯр намудани ҷазо лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба КҶ ҶТ” пешниҳод карда шуд.

Бо 23 000 (23 525) парвандаҳои ҷиноятӣ назорати прокурорӣ таъмин шуда, 6119 (6111) дастури хаттӣ дода, дар асоси пешниҳодҳои прокуророн 735 (707) муфаттишон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Мақомоти тафтиш ва таҳқиқи ҷумҳурӣ дар умум бошад, 10 800 (10 627) парвандаҳои ҷиноятиро ба суд ирсол намуд, ки нисбат ба соли 2021 - 173 адад зиёд мебошад.

Бо сабаби нопуррагии тафтишот 31 (34) парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуророн ва 19 (18) парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби судҳо ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудааст.

Муфаттишони прокуратура парвандаҳои ҷиноятии бисёрлаҳза, мураккаб ва бо ҷабрдидагони зиёдро тафтиш намуда, 4250 (4260) парвандаҳои ҷиноятиро ба суд фиристонида, 150 млн сомонӣ зарар барқарор намудаанд.

Чунончи, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба ташкили пирамидаи молиявӣ аз тарафи Каладоров Г.М. ва дигарон, ҷамъ 20 нафар, зарар 2,7 млн сомонӣ ба 350 ҷабрдида; Раҳматуллоев Ҷ.Н. ва дигарон, зарар 7 млн сомонӣ ба 104 ҷабрдида; роҳбарияти ширкати сохтмонии “Муҳаммад-2009”, зарар 35 млн сомонӣ ба 405 нафар ҳиссагузорон ва ғайра бо фикри айбдорӣ  ба суд ирсол шудаанд.

Бо ҳукми суд 11 нафар ба ҷазои якумра ва дигарон ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуда, молу мулки онҳо пурра ба манфиати давлат мусодира карда шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 170 кг (4 т 083 кг 274 гр) маводи нашъадор, аз ҷумла 139 кг героин мусодира намудааст.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 8631 нафар ҷинояткорон дар ҷустуҷӯ қарор дошта, аз ин 2483 нафар дастгир карда шудаанд.

1197 (975) ҷиноятҳои хусусияти террористӣ- экстремисти дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 222 адад ё 18,5 фоиз зиёд мебошад.

Аз он ба ҷиноятҳои террористӣ 37 (6) адад, хусусияти террористӣ 308 (110), экстремистӣ 790 (814), хусусияти экстремистӣ 62 (45) адад рост меояд.

Омори ин ҷиноятҳо асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои дар солҳои пеш содир намудаи роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар соли 2022 ҷиноятҳои содиркардаи Холбашов Х., Аёмбеков Т., Шанбиев М., Мамадшоева У. ва дигарон таҳти роҳбарии ташкилоти террористии “Ҳизби наҳзати ислом” зиёд шудааст.

Дар соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 97 нафар, аз ҷумла 18 ҷинояткори дар кофтукови байналмилалӣ бо ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ  қарордошта ба Тоҷикистон истирдод карда шудаанд.

398 парвандаҳои ҷиноятии характери экстремистӣ-террористӣ дошта нисбати 614 нафар ба суд ирсол шуда, гунаҳгорон ба ҷазоҳои гуногун маҳкум гардидаанд.

Дар соли 2022 таълимоти динии пинҳонии кӯдакон дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Кӯшониён, Вахш, Нуробод, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Роштқалъа ва Шуғнон зиёдтар ошкор карда шудааст.

Прокурорҳо дар ин самт 1133 (883) санадҳои эътиноӣ бароварда, нисбати 110 (122) нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Дар соли 2022 1091 (1039) ҷинояти характери коррупсионидошта ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Маблағи зарари ошкоршуда бо ин ҷиноятҳо 92,4 млн сомонӣ муайян ва аз ин 46,9 млн сомонӣ дар рафти тафтиши пешакӣ барқарор гардидааст.

Прокуророн дар судҳо бо 8850 (8019) парвандаҳои ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуда, ба санадҳои судӣ 470 (419) эътироз овардаанд. Бо эътирозҳои прокуророн 362 санадҳои судӣ бекор ва тағйир дода шуданд.

Дар баррасии 3840 (2366) парвандаҳои гражданию оилавӣ ва маъмурӣ иштироки прокуророн таъмин карда шуд (1470 адад зиёд).

Бо баррасии 1470(1287) аризаҳои даъвогии прокуророн дар судҳо 180 (72,3) миллион сомонӣ ба манфиати давлат  рӯёнида шудааст.

Дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зиёда аз 1000 (898) қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар cамти таъмини амнияти иттилоотии кишвар бо санҷишҳои гузаронида 188 амр ва 46 пешниҳодҳо ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 14 эътироз оварда шуда, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Чунончи, бо баррасии маводҳои интернетӣ ҳолатҳои ҳамкории собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Боймуродзода М., хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоннамо” Иззатмандов А. ва дигарон бо сомонаи “Ислоҳ нет” ошкор ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид. Гунаҳгорон бо ҷазоҳои сазовор маҳкум гардиданд.

Ё ин ки, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Солиҳов, сокини ноҳияи Сангвор, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад, ба ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом шомил шуда, бо барандаи  барномаи “Ислоҳ.нет”  Муҳаммадиқболи С. муносибат пайдо карда, ба ӯ расмҳои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор, раиси ҷамоати деҳоти Вахёи ноҳия ва дигар маълумотҳоро тариқи шабакаҳои интернетӣ дастрас намуда, мусоидат кардааст, ки охирин дар барномаи “Ислоҳ.нет” барномаҳои иғвоангезро таҳти номгӯи “Тавилдара ё Сангвор дар қабзаи ғоратгарон” ва “Наҳанги Сангвор кист” намоиш диҳад.

16 феврали соли 2023 нисбати Солиҳов И.Д. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, кофтукови ӯ эълон гардид.

Ҳамзамон, ҷиҳати бастани 17 сомонаҳои экстремистии “Ислоҳ. нет”, “Паём. нет”, пешгирии пахши онлайнии барномаи иғвоангези онҳо ва бастани 172 сомонаҳои хусусияти шавҳони дошта амрҳои прокурорӣ ирсол намуда, сомонаҳои мазкур пурра қатъ ва пахши барномаҳои иғвоангез маҳдуд карда шуданд.

Ба иттилооти иғвоангези интернетӣ 8694 вокунишҳо нишон дода шудааст.

Дар самти ҳамкории байналмилалӣ бо прокуратураҳои кишварҳои хориҷӣ 6 санадҳои ҳамкорӣ, азҷумла бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Бюрои Федералии тафтишоти ШМА, Прокуратураҳои генералии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуданд.

Соли гузашта Прокуророни генералии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон  ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон сафари корӣ доир намуданд, ки ин ба ҳамкориҳои дуҷонибаи прокуратураҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Дар заминаи мулоқот бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон ду нафар кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мадрасаҳои динии Эрон ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғуланд,ба ин кишвар сафар намуда, 58 нафар чунин толибилмонро муайян намуданд. 7 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, ҷиҳати бозпас гардонидани боқимонда шаҳрвандон корҳо идома доранд.

Бо натиҷаи санҷишҳои прокуророни ҳарбӣ 2530 (2431) санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 1593 (1494) нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 201 (185) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 12,5 (10,7) млн сомонӣ зарари расонидашуда барқарор гардид.

Прокуророн ҷиҳати ташвиқу тарғиби қонунҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳо дар байни коллективҳои меҳнатӣ ва маҳалли зисти аҳолӣ 42 000 (25 573) вохӯрию суҳбатҳо гузарониданд.

Бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузорӣ 14 лоиҳаи қонунҳои мухталиф таҳия ва пешниҳод гардид.

 

Муҳтарам Раис,

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

 

Прокуратураи генералӣ минбаъд низ баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон