Хабарҳо

Ҳолати худкушии Абдуалимзода М.Б.

    Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи марги шаҳрванд Абдуалимзода Манораи Абдуфатоҳ аз ҷароҳатҳои сершумори  халандаву буранда тафтиш шуда истодааст.

    Тафтиши пешакӣ муаян кард, ки 22 июни соли 2021 соати 1710 дар ноҳияи Файзобод, кӯчаи М.Шоев, бинои 18 ҳуҷраи 11 қарор доштанаш, бинобар муомилаи бераҳмонаи наздикон бо истифода аз корди ошхонагӣ ба мавзеи гардан ва шиками худ зарбаҳои халанда ва буранда зада, он сабаби хунравии шадид гаштааст.

     Баъди 25-30 дақиқа Мисоқова У.А. (амаи ҷабрдида), ки дар рӯбарӯи Абдуалимзода М.А. дар ҳуҷраи 10 зиндагонӣ мекард, ӯро дар ҳолати беҳушй бо дигар ҳамсояҳо дарёфт кардааст.

    Мисоқова У.А. бародар ва хоҳари Абдуалимзода М.А-ро даъват карда, бо кӯмаки онҳо ва духтурони ёрии таъҷилӣ баъди 10-15 дақиқа номбурдаро ба беморхонаи Марказии ноҳияи Файзобод дастрас кардаанд. Бо вуҷуди андешидани кумаки аввалияи тиббӣ Абдуалимзода М.А. бинобар хунравии зиёд фавтидааст.

    Прокуратураи ноҳияи Файзобод санҷиши пешакии ҳодисаи мазкурро гузаронида, аз натиҷаи он бо қисми 1 моддаи 109 (ба худкушй расонидан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятй оғоз кардааст.

     Баъди ҳодиса падари мархум Абдуалимзода М.А. - Мисоқов Абдулфатоҳ Абдуалимович аз Федератсияи Россия омада, ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат намуд, ки бинобар дар бадани духтараш Абдуалимзода М.А. ҷой доштани ҷароҳатҳои сершумор фарзияи куштори ӯ тафтиш карда шавад. Ин муроҷиати Мисоқов А.А. дар ВАО ва дигар шабакаҳои интернетӣ низ паҳн гардидааст.

     Айни ҳол, бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги Абдуалимзода М.А. хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст. Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд.     

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон