Маҷалла

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Донишкада)

 

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ба расмият шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Призиденти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар даҳҳо муассисаҳои олии касбӣ ва таълимии бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ниҳодҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисони болаёқат барои идоракунӣ ва пешбурди давлатдории навини тоҷикон ташкил ва ба фаъолият шуруъ намуданд.

Дар асоси пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994, №541 “Курсҳои такмили ихтисоси кормандони додситонӣ ва лабораторияи омўзиши проблемаҳои ҷинояткорӣ дар назди Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, бо фармони Президенти мамлакат аз 10 октябри соли 1995, №343  он ба “Курсҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши масъалаҳои ҷинояткорӣ” табдил дода шуд ва ба сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Пас аз 10 соли фаъолияти он, соли 2004 Курсҳои такмили ихтисос ба “Маркази такмили ихтисоси кормандони прокуратура” табдил ёфта, минбаъд бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2015, №539 дар сохтори нави Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки он то 5 декабри соли 2025 дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Н. Қарабоев, бинои № 3 фаъолият дошт ва пас аз бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонифтитоҳ гардидан ва ба истифода дода шудани бинои нави Донишкада дар суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Шамсӣ, 5 ҷойгир мебошад.

Таъсиси Донишкада яке аз тадбирҳои саривақтӣ ва муҳимми Президенти кишвар буда, ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд ва аз ҷиҳати сиёсӣ бакамолрасида таъмин намудани мақомот нақши босазо дошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Донишкада, ки бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2015, №5-261  тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.

Дар ин раванд тибқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкада оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаи таълимоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ аз руйи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ дар зинаи магистратура ва курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси прокурорҳо ва муфаттишон иҷозатнома дода шудааст.

        Дар ин замина, фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2016, №29  “Дар бораи такмили низоми тайёр, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва мавриди амал қарор дорад.

Дар давраи 30 соли фаъолият Донишкада бо амалӣ намудани зиёда аз 150 барномаи таълимӣ  ва баргузории 476 машғулияти бозомузӣ ва такмили ихтисос зиёда аз 7 ҳазор кормандонро фаро гирифтааст.

Бо таъсис ёфтани Донишкада сатҳу сифати таълим ва раванди баргузории машғулиятҳо ҳамасола аз 7 то 13 барномаи таълимӣ ва бо ҷалби аз 305 то 670 нафар кормандони мақомот зиёд гардида, дар баланд шудани малакаи касбии онҳо таъсиргузор мебошад.

Дар баробари ин, кормандони Донишкада дар баргузории конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мизҳои мудаввар саҳмгузор буда, дар 44 чунин чорабиниҳо иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намудаанд.

Ҳамчунин, бо иштироки олимони соҳа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ахбори омма 6 конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуъҳои “Муқовимат ба шиканҷа, амалҳо ва дастовардҳо”, “Таъмини волоияти қонун дар давраи истиқлолияти давлатӣ”, “Нақши мақомоти прокуратура дар таъмини волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар давраи истиқлолияти давлатӣ”, “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” ва ғайра баргузор карда шуда, маводҳои конференсияҳо дар шакли китобчаи алоҳида чоп ва дар маҷаллаи даврии илмию амалӣ ва назариявии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуният” ба табъ расонида шуда, дастраси кормандони мақомот гардонида шуданд.

Инчунин, Донишкада барои истифодаи кормандони тафтишотӣ, олимону унвонҷуён, донишҷӯёни макотиби олии ҳуқуқшиносӣ ва доираи васеи хонандагони  завқманди дарки масъалаи марбути мубориза ба ҷинояткорӣ воситаи таълимӣ ва амалии “Ҷомадони тафтишотӣ”, дастури таълимӣ “Оид ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо марбут ба зӯроварӣ дар оила” ва Модели таълимии “Адолати судӣ нисбат ба ноболиғон”-ро коркард ва чоп намуда, дар ҷамъоварию таҳияи Дастури таълимӣ “Оид ба тафтиши ҷиноятҳо дар самти савдои одамон”, “Назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунгузорӣ дар бораи пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва китоби дарсии “Назорати прокурорӣ” саҳм гузошта, як қатор дастурамалҳои соҳавӣ, аз ҷумла, “Дастурамал дар бораи тарзу усулҳои баамалбарории назорати прокурорӣ ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа”, “Дар бораиошкор ва тафтиши ҷиноятҳо оид ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ” ва “Дар бораи ташкили мураббигӣ дар мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳияву тасдиқ ва мавриди амал қарор додааст.

Ғайр аз ин, ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба зиёда аз  100 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таклифу пешниҳод манзур намуда, бо мақсади тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ тариқи васоити ахбори омма, аз ҷумла, радио ва телевизион баромаду вохуриҳои сершумор доир намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ташкил ва баргузор намудани барномаҳои таълимии пурсамари Курсҳо, Марказ ва Донишкада нақши босазои роҳбарон Эмомов Н.Э. (1994-1996), Холиқов Ю.Х. (1997-1999), Музаффарбеков Г. (1996-1997), Холматов И.Х. (1999-2008), Халифазода М.Н. (2009-2010), Нуралиев А.Н. (2010-2013), Муҳаббатов Қ. (2014-2015), Муаммадиев А.С. (2015-2019), Раҳматов К.Р. (2019-2022), Қурбонзода Ш.Ҳ. (аз соли 2022) ва собиқадорони варзидаи мақомот Акобиров Т.А. Мирзоева М., Шарипов А.Ш., Искандаров Ш., Ҷамолзода С.С., Юсупов А.Қ., Сафаров С.Ш., Наҷмиддинов Р., Раҳмонбердиев А., Борисова А.М., Баходурова Ш.К., Қурбонзода С.Д., Гадоев М.М., Ҳасанов Қ.Ҳ., Холов С. ва дигарон, ки ба ҳайси муовини директор ва муаллими калон адои вазифа намудаанд, дар таълиму тарбияи кормандони мақомоти прокуратура муҳим ва арзанда арзёбӣ мегардад.

Айни ҳол, роҳбарии Донишкадаро яке аз собиқадорони варзидаи мақомоти прокуратура, генерал-майори адлия Қурбонзода Ш.Ҳ. ба уҳда дошта, ба ҳайси муовини директор - мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Камолзода Б.Р., муаллимони калон аз ҳисоби собиқадорони мақомоти прокуратура мушовири адлияи дараҷаи 1 Мирзоев Қ.Т., мушовири адлияи дараҷаи 2 Дамдоров А.Ҳ., мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Сироҷзода С., мушовирони адлияи дараҷаи 1 Нурализода Ш.,  Замонов Р.Р. ва муаллим-прокурор криминалист, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2  Муродзода Д.Ҳ. фаъолият доранд.

 

Вазифаҳои асосии Донишкада:

-аз тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии

кормандони мақомоти прокуратура;

  • дар якҷоягӣ бо Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералӣ чораҷӯйӣ намудан ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти прокуратура;

          -гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои умумии назорати прокурорӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза ба ҷинояткорӣ;

          -ба амал баровардани фаъолиятӣ илмӣ-тадкиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва такмил додани ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои илмиву таълимӣ, аз ҷумла хориҷӣ ва ғайра иборат мебошанд.

 

Заминаҳои моддӣ-техникии Донишкада:

 

Бинои Донишкада иборат аз 5 ошёна бо масоҳати умумии 1905,04 метри мураббаъ  аз 2 толори маҷлисгоҳ, 10 синфхонаи омӯзишии муҷаҳҳаз бо технологияи муосири таълимӣ, 17 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори китобхонӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва забономузӣ, утоқи криминалистика бо мизу курсиҳои корӣ, техникаву таҳҷизоти гуногуни иттилоотию коммуникатсионӣ, компютерӣ ва криминалистӣ (проектор, ҷомадони тафтишотӣ, дастгоҳҳои сабти видео ва расмгирӣ) ва дигар воситаҳои муосири техникии таълимӣ иборат буда, ҳуҷраҳои кории муаллимон бо компютерҳои замонавии ҳамарўза ба шабакаи интернетӣ пайваст таъмин мебошанд.

       Ҳамзамон, Донишкада дорои  махзани электронии барномаҳои таълимӣ ва китобхона бо 7 ҳазор адад адабиётҳои таълимию бадеӣ мебошад.

 

Ҳамкорӣ бо шарикон ва ҷалби онҳо ба

раванди таълим дар Донишкада:

 

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дафтари минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ (OHCHR) оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Дафтари барономавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Филиали Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико (ABA ROLI), Ассотсиатсияи швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалии “Ҳелветас Свисе Интеркооперейшн”, инчунин ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, пайваста ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон машғулиятҳои таълимӣ баргузор менамояд.

        Дар давраи солҳои 2010-2020 дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби созмонҳои зикршуда ба Донишкада 35 номгўйи техникаю таҷҳизотҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, 10 баста (комплект) мизи корӣ, 20 адад курсӣ, ҳамчунин 18 номгўйи адабиёти зарурии ҳуқуқӣ ба маблаѓи умумии 146 631 сомонӣ тариқи ройгон дастрас карда шудааст.

Ҳамзамон, ба раванди таълим дар Донишкада устодони муассисаҳои таълимии олӣ ва такмили ихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин амал дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии шунавандагон мусоидат менамояд.

Инчунин, бо мақсади табодули таҷрибаи корӣ мутахассисон ва мураббиёни (тренер) байналмиллалӣ ва маҳаллӣ низ тибқи тартиби муқарраргардида, барои гузаронидани машғулиятҳо ҷалб карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи Федератсияи Россия, Барномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Прокуратураи Федератсияи Россия барои соли 2024 тариқи маҷозӣ ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он оид ба омода намудани кадрҳои лаёқатманд ва вусъат бахшидани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзуъҳои “Ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия”, инчунин, “Масъалаҳои аз ҷониби мақомоти прокуратура амалӣ намудани қонунгузории муҳоҷират, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон” тариқи маҷозӣ ду маротиба мизҳои муддавар баргузор  гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби мутахассисон ва мубодилаи адабиёти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, таълимӣ-амалӣ ва дигар чорабиниҳои ба бозомӯзӣ тааллуқдошта бо Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии “Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2025-2026 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки мавриди иҷро қарор дорад.

Кормандони Донишкада талош доранд, ки сатҳу сифати барномаҳои таълимиро дар фаъолияти минбаъда боз ҳам хубтар ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти прокуратура тадбирҳои иловагӣ андешанд.