Saturday, 21 SatAsia/Dushanbe2024-12-21T23:25:12+05:00Asia/Dushanbe12bAsia/DushanbeSat, 21 Dec 2024 23:25:12 +0500 2024

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз "1" ноябри 2019, № 549 тасдиқ шудааст.

 

Тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю кумакпулӣба шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адонамуда, шахсони ҳайати қаторӣва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳиҳои собиқполитсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таҳия гардида, тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю кумакпулӣ ба шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адонамуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳоро (минбаъд - Тартиби мазкур) муайян менамояд.

2. ҲИСОБ НАМУДАНИ СОБИҚАИ ХИЗМАТ БАРОИ ТАЪИНИ НАФАҚА

2. Ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа баъд аз рухсат шудан аз хизмат ба афсарон, прапоршикон, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии зиёдамуҳлат ва ба тариқи ихтиёрӣё аз рӯи қарордод дар вазифаҳои ҳайати сержантӣва қатории хизмати ҳарбиро адонамуда (минбаъдхизматчиёни ҳарбӣ), шахсони ҳайати қаторӣва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқполитсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣҳисоб карда шавад:

- хизмати ҳарбӣ(аз ҷумла аз рӯи даъват) дар Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳади, дохилӣва роҳи оҳан, қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва разведкаи берунӣ, воҳидҳои дигари ҳарбии мутобиқи қонунгузорӣтаъсисдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқИттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ(минбаъд - ИҶШС) ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

- хизмат дар мақомоти амнияти собиқ ИҶШС дар вазифаҳои ҳайати оперативӣ (бо дар назар доштани давраи омӯзиш), ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ то 1 октябри соли 1995, аз рӯи рӯйхати вазифаҳои аз тарафи роҳбари мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида;

- хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи муҳофизати сӯхтор, муассисаҳо ва ҷузъу томҳои дигари мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии (ҳифзи тартиботи чамъиятии) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС дар вазифаҳои ҳайати сержантӣ, қаторӣ ва роҳбарикунанда (аз ҷумла дар вазифаҳои таҷрибаомӯзон);

- хизмат дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба сифати шахсони дорои рутбаҳои махсус, дар мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ (артишҳо, қӯшунҳо), мақомоти амният, сохторҳои дигари ҳарбии мутобиқи қонунгузорӣ таъсисдодашуда ва хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ (политсия), системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои дигари ба ҳайати Иттиҳод дохилнашаванда, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ ИҶШС созишномаҳо (шартномаҳо) оид ба таъминоти иҷтимоии пешбиникунандаи баҳисобгирии мутақобил ба собиқаи хизмат барои таъин намудани нафақаи хизматчиёни ҳарбии аз хизмат рухсатшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ (политсия), системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии хизмати онҳо дар давлатҳои дигар (аз ҷумла хизмати шахсони ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии ин давлатҳо дар ҳолатҳои дар сархати ёздаҳуми банди мазкур нишондодашуда);

- хизмат ба сифати сохтмончиёни ҳарбӣ дар отрядҳои (қисмҳои) ҳарбию сохтмонӣ;

- вақти дар тайёрии амалии ҳавонавардӣ будани шахсони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ва таҳсил барои афсари эҳтиётии ҳайати парвозкунанда дар сохтори собиқ Ҷамъияти ихтиёрии мададрасони артиш, авиатсия ва флоти (ҶИМАФ) собиқ ИҶШС ва "Ташкилоти мададгори мудофиа"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон - на пештар аз 1 январи соли 1961;

- давраи будубош дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ - на пештар аз 2 майи соли 1994;

- хизмат дар баталионҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муфоҳизати халқ, ки дар ҳудуди Украина, Беларус, Латвия, Литва ва Эстония фаъолият доштанд, - дар давраҳои аз 1 январи соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ба ҳайси ҷанговарони дар реҷаи фавқулода ва инчунин дар вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда будан;

- давраи кори афсарон ва шахсони ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, вазоратҳои ғайринизомӣ, муассиса ва ташкилот бо нигоҳ доштани онҳо дар хизмати ҳарбӣ ё ин ки кадрҳои (захираҳои амалкунандаи) мақомоти корҳои дохилӣ (ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ) ва системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС;

- давраи кори собиқ шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар мақомоти Шӯроҳои вакилони халқӣ баъд аз 23 октябри соли 1973, агар шахсони номбурда аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби интихоби онҳо ба ҳайси вакил ба вазифаҳои интихобӣ дар мақомоти шӯроҳои вакилони халқӣ рухсат шуда, ба хизмат баъди ба охир расидани ваколатҳояшон аз рӯи вазифаи интихобӣ баргаштаанд;

- давраи кор то қабул шудан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳайси коргар ва хизматчиёни муассисаҳои ислоҳотӣ, изоляторҳои тафтишотӣ, нуқтаҳои транзитӣ- интиқолӣ, профилакторияҳои табобатӣ-меҳнатӣ ва муассисаҳои табобатии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ;

- давраи дар асирӣ, иҳота ва тафтишоти махсус будани хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла тибқи даъват хизматро адонамуда), агар ихтиёран асир набошад ва ҳангоми дар асирӣ будан хизматчии ҳарбӣ бар зидди Ватан ҷиноят содир накарда бошад;

- давраи нигоҳ доштан дар маҳкумият, давраи адои ҷазои ҷиноятӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва дар бадарға будани хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла тибқи даъват хизмати ҳарбиро адонамуда), шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, беасос табъид (репрессия) ва баъдан сафед карда шудаанд;

- давраи таваққуф дар хизмати хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати каторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар ҳолатҳои аз хизмат ғайриқонунӣ рухсат намудан ва минбаъд барқарор намудани онҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст;

- давраи дар амалиётҳои ҷангӣ (муноқишаҳо) иштирок кардани шахсони ба ҳайати ҷузъу томҳои ҳарбикунонидашуда воридгардида ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 1992 то 31 декабри соли 1993.

3. Ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа ба хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти миллӣ ва шахсони ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба хизмат то 1 январи соли 1991 қабул шудаанд, давраи кори онҳо то қабул шудан ба хизмат, ки мувофиқи қонунгузории пештар амалкунанда ҷиҳати пардохти фоизи иловапулӣ барои собиқаи хизмат ба назар гирифта шудааст, дохил карда шавад.

4. Ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ мувофиқи шартҳои имтиёзнок чунин ҳисоб карда шавад:

а) як моҳи хизмат баробар ба се моҳ:

- дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда дохилшаванда, дар отрядҳо ва воҳидҳои шӯравии партизанӣ дар давраи амалиётҳои ҷангӣ;

- дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда дохилнабуда ва мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳрҳои қаҳрамони Одесса - аз 10 август то 16 октябри соли 1941, Санкт-Петербург (собиқ Ленинград) - аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944, Севастопол - аз 5 ноябри соли 1941 то 4 июли соли 1942 ва Сталинград - аз 12 июл то 19 ноябри соли 1942 қарор доштанд;

- вақти пайваста дар табобати муассисаҳои табобатӣ қарор доштан бо сабаби ярадоршавӣ, контузия, маслуқшавӣ ё бемории дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳо гирифташуда, ки ба ҳайати артиши амалкунанда ворид шудаанд;

- давраи иштироки хизматчиёни ҳарбӣ (аз он ҷумла хизмати ҳарбиро тибқи даъват адонамуда), инчунин шахсони дар сархати ҳаштуми банди 2 Тартиби мазкур зикргардида, дар амалиётҳои ҷангӣ оид ба барҳам додани ҷунбиши пинҳонкоронаи миллатгароӣ дар ҳудуди Украина, Беларус, Латвия, Литва ва Эстония дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ва дар сурати ярадоршавӣ, контузия ё маслуқшавӣ дар ин амалиётҳо, инчунин вақти пайваста дар табобат қарор доштан дар муассисаҳои табобатӣ;

- дар ҳайати корпуси 64 авиатсионии қиркунанда, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар давраи аз ноябри соли 1950 то июли соли 1953 иштирок кардаанд;

- дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои дар ҳудуди Венгрия ҷойгиршуда дар давраи амалиётҳои ҷангӣ дар ин давлат - аз 24 октябр то 10 ноябри соли 1956 ва дар сурати дар ин давра ярадорӣ, контузия ё маслуқӣ гирифтан, инчунин давраи пайваста дар табобат будан дар муассисаҳои табобатӣ;

- дар давлатҳое, ки артиши онҳо амалиётҳои ҷангӣ мебурданд ё ин ки ба давлатҳои дигар кумаки ҳарбӣ мерасониданд, ба мутахассисони ҳарбии ҳайати авиатсионӣ, ки ба ин давлатҳо сафарбар карда шуданд, новобаста аз иштироки онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ, дар давраи аз 1 январи соли 1961 то 31 декабри соли 1982;

- дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин дар давлатҳои дигар, ки дар онҳо амалиётҳои ҷангӣ гузаронида мешуданд (тибқи номгӯй ва давраҳои бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995, №60 пешбинигашта), агар хизматчиёни ҳарбӣ (аз он ҷумла тибқи даъват хизмати ҳарбиро адонамуда), шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар ин амалиётҳо иштирок намудаанд (ба ғайр аз онҳое, ки барои паст задани шаъни хизматчии ҳарбӣ, ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ аз хизмат рухсат шудаанд ё ин ки аз ин давлатҳо аз сафар ҷавоб шудаанд) ва вақти табобати муттасил дар муассисаҳои табобатӣ бо сабабҳои ярадоршавӣ, контузия, маслуқшавӣ ё ин ки бемории дар ин давлатҳо гирифташуда;

- дар корҳо вобаста ба бартарафкунии оқибатҳои садама дар неругоҳи барқи атомии Чернобил ва пешгирӣ намудани заҳролудшавии муҳити атроф дар минтақаи бегонашуда (дар ҳудуде, ки аз он аҳолӣ дар соли 1986 кӯчонида шудааст) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;

- давраи иҷрои вазифаҳо оид ба нигоҳдории реҷаи ҳолати фавқулода аз 23 октябри соли 1992 то 12 августи соли 1994;

- давраи нигоҳ доштан дар маҳкумияти пешакӣ, адои ҷазои ҷиноятӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва дар бадарға будани хизматчиёни ҳарбӣ (аз он ҷумла тибқи даъват хизмати ҳарбиро адонамуда), шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ беасос кашида шудаанд, табъид (репрессия) ва баъдан сафед карда шудаанд;

- давраи дар амалиётҳои ҷангӣ (муноқишаҳо) иштирок кардани шахсони ба қисмҳои ҳарбикунонидашуда воридгардида, ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 1992 то 31 декабри соли 1993;

- давраи иштирок дар амалиётҳои зиддитеррористӣ мутобиқ ба он давраҳо;

б) як моҳи хизмат баробар ба ду моҳ:

- дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда вориднашуда ва мақомоти корҳои дохилӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои дар сархатҳои сеюм ва панҷуми зербанди а) банди мазкур нишондодашуда);

- давраи дар асирӣ будани хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла тибқи даъват хизмати ҳарбиро адонамуда) дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, агар асирӣ ихтиёрӣ набуд ва хизматчии ҳарбӣ ҳангоми дар асирӣ будан бар зидди Ватан ҷиноят содир накарда бошад, инчунин дар ин давра бо риояи шарти мазкур дар конслагерҳои фашистӣ ва ҷойҳои дигари нигоҳдории маҷбурӣ будани шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ;

- дар корҳои ҳавонавардӣ дар авиатсияи реактивӣ ва турбовинтӣ бо шартҳои муқаррарнамудаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро дар иншооти зеризаминӣ (қаърӣ) адонамуда аз 15 апрели соли 1995, аз рӯи номгӯйи воҳидҳо ва вазифаҳои аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида;

- дар идора ва муассисаҳои мақомоти корҳои дохилӣ тибқи замимаи Тартиби мазкур;

- дар давлатҳое, ки артиши онҳо амалиёти ҷангӣ гузаронидаанд ё ба давлатҳои дигар кумаки ҳарбӣ расонидаанд - ба мутахассисони ҳарбии (ба ғайр аз ҳайати парвозкунанда) ба ин давлатҳо сафарбаркардашуда, новобаста аз иштироки онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ, дар давраи аз 1 январи соли 1961 то 31 декабри соли 1982;

- дар маҳалҳои баландкӯҳ дар баландии 2500 метр ва аз ин зиёд аз сатҳи баҳр: барои хизматчиёни ҳарбӣ - аз 1 январи соли 1976, барои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - аз 1 майи соли 1985, барои шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук - аз 1 феврали соли 1992, дар воҳидҳои собиқ политсияи андоз аз 1 феврали соли 1996, дар Агентии назорати маводи нашъаовар - аз 1 июни соли 1999, дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - аз 10 январи соли 2007, барои кормандони прокуратураи ҳарбӣ аз 25 июни соли 1993;

- дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки барои нигоҳдорӣ ва табобати маҳкумшудагони гирифтори бемориҳои сирояткунанда ва нигоҳдории якумра маҳкумшудагон пешбинӣ шудаанд, барои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки баъди 13 августи соли 1994 рухсат шудаанд;

- давраи будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват дар амалиётҳои ҷангӣ ё иҷрои вазифаҳо дар шароити муноқишаҳои ҳарбӣ адо намудаанд, инчунин давраи дар муассисаҳои тиббӣ буданашон вобаста ба гирифтани ярадорӣ, контузия, маслуқӣ ё бемориҳои дар ҳамин давра гирифташуда;

- дар ҷузъу томҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда.

в) як моҳи хизмат баробар ба якуним моҳ:

- дар маҳалҳои баландкӯҳ дар баландии аз 1500 то 2500 метр аз сатҳи баҳр барои хизматчиёни ҳарбӣ аз 1 апрели соли 1973, барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - аз 1 майи соли 1985, барои шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук - аз 1 феврали соли 1992, дар воҳидҳои собиқ политсияи андоз - аз 1 феврали соли 1996, дар Агентии назорати маводи нашъаовар - аз 1 июни соли 1999, дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - аз 10 январи соли 2007 ва барои кормандони прокуратураи ҳарбӣ аз 25 июни соли 1993;

- дар маҳалҳои баландкӯҳ дар баландии аз 1000 то 1500 метр аз сатҳи баҳр, ба тариқи истисно бошад, аз ин ҳам пасттар, мутобиқи номгӯи қисмҳои ҳарбӣ, воҳидҳо ва муассисаҳое, ки аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбиншуда, тасдиқ гардидааст - аз 1 январи соли 1988;

- дар маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз 1 январи соли 1988:

- шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар), ноҳияи Айнӣ, шаҳракҳои Адрасмон ва Зарнисори шаҳри Гулистони (собиқ Олтин-Топкан) вилояти Суғд;

- шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд), ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Панҷ, Фархор, Шаҳритуз ва Ёвони вилояти Хатлон;

- шаҳри Турсунзода;

- дар ҳудуди боқимондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз маҳалҳои дар зербанди б) банди 4 ва сархатҳои якум, дуюм ва сеюми зербанди в) банди мазкур) - аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 2004;

- дар воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти амнияти миллӣ, ки барои таъмини амнияти шахсони муҳофизатшаванда вобаста мебошанд, тибқи муҳлат ва номгӯйи воҳидҳои аз тарафи роҳбари мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида;

- хизмат дар воҳидҳои садамавию наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи номгӯйи воҳидҳои аз тарафи раиси Кумитаи мазкур тасдиқгардида.

5. Хизмати ҳарбии аз рӯи даъват ба сифати сарбоз, маллоҳ, сержант ва старшина (пештар - хизмати муҳлатноки ҳарбӣ), ба ғайр аз давраҳое, ки бояд ба собиқаи хизмат бо шартҳои имтиёзноки пешбинишуда барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои артиши амалкунанда, хизматчиёни ҳарбии дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизмати ҳарбиро адонамуда ё дар асирибуда, дар бартарафкунии оқибатҳои садамаи неругоҳи барқи атомии Чернобил ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирокнамуда ё ин ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ва ё табъидгардида ба ҳисоб гирифта шаванд, ба собиқаи хизмат барои таъин намудани нафақа бо ҳисоби тақвимӣ ҳисобида шавад.

6. Занҳое, ки ихтиёран ба хизматии ҳарбӣ ба вазифаҳои сарбозон, маллоҳон, сержантҳо ва старшинаҳо (собиқ занон -хизматчиёни ҳарбӣ) даъват шудаанд, давраҳои хизмати дар банди 4 Тартиби мазкур нишондодашуда ба собиқаи хизмати онҳо барои таъини нафақа мувофиқи шартҳои имтиёзноки дахлдор на пештар аз 5 августи соли 1976 ҳисоб карда шавад.

7. Хизмати хизматчиёни ҳарбии мақомоти контрразведкаи ҳарбии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои махсуси Кумитаи давлатии бехатарии собиқ ИҶШС, ки дар шароити якхелаи хизмат бо ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои таъминкунанда қарор доранд, ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа мутобиқи шартҳои имтиёзнок ва тартиби барои хизматчиёни ҳарбии ҳамин қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳо муқарраргардида ҳисоб карда шавад.

8. Ҳангоми мавҷуд будани ду ё зиёда асос барои бо шартҳои имтиёзнок ҳисоб намудани ҳамон як давраи хизмат, собиқаи хизмат барои таъини нафақа бо як асос, ки имтиёзи бештар медиҳад, ҳисоб карда шавад.

9. Хизмати хизматчиёни ҳарбӣ то 15 майи соли 1992 (шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ то 21 декабри соли 1993) дар маҳалҳои дур ва баландкӯҳ, ноҳияҳои дорои шароити иқлими номусоид, дар шароитҳои дигари махсуси хизмат (дар авиатсия, дар киштиҳои гуногун, киштиҳои флоти ҳарбии баҳрӣ, воҳидҳои махсус) дар ҳудуди ҷумҳуриҳое, ки ба ҳайати собиқ ИҶШС пештар дохил мешуданд (аз ҷумла ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон), ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа бо шартҳои имтиёзноки дахлдори тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ ИҶШС (бо дар назар доштани зербанди в) банди 4 Тартиби мазкур) муқарраргашта, ба ҳисоб гирифта шавад.

10. Аз 15 майи соли 1992 хизмати хизматчиёни ҳарбӣ (аз 21 декабри соли 1993 хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлатҳои дигари иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар маҳалҳои дур ва баландкӯҳ, маҳалҳои дорои шароити иқлими номусоид, шароитҳои дигари махсуси хизмат ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа бо шартҳои имтиёзноки дахлдори тибқи қонунгузории давлатҳое, ки дар он адои хизмат намудаанд, то аз ҷониби ин давлатҳо қабул шудани санадҳои қонунгузорӣ оид ба ин масъала - мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ ИҶШС ба ҳисоб гирифта шавад.

11. Ба собиқаи умумии меҳнатӣ барои таъини нафақа мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" дар қатори давраҳои хизмат, кор ва фаъолияти дигари бо банди 2 Тартиби мазкур нишондода, ба ҳисоби тақвимӣ ҳамчунин давраҳои кор, фаъолияти меҳнатӣ ва давраҳои дигар бо шарт ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки аз хизмат вобаста ба расидан ба синни ниҳоӣ рухсат шудаанду 25 соли тақвимӣ ва зиёда аз он собиқаи умумии корӣ доранд, ки аз он на камтар аз 12 солу шаш моҳашро хизмати ҳарбӣ (хизмат) ё хизмат дар мақомоти дар банди 1 ҳамин Тартиб зикршуда ташкил медиҳад, собиқаи меҳнатии шаҳрвандии онҳо дохил карда шаванд. Ҳисоби собиқаи умумии меҳнатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои болозикр, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои ҳисоби собиқаи меҳнатӣ барои таъини нафақа аз рӯи синну сол, бе истифодаи шартҳои имтиёзноки ҳисоби собиқа сурат мегирад.

3. ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ НАФАҚАЮ КУМАКПУЛӢ

12. Нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ аз маблағи таъминоти пулии онҳо, ки дар бандҳои 13 ва 14 Тартиби мазкур нишон дода шудааст, бо зиёдкунии (индексатсияи) ин таъминоти пулӣ дар рӯзи таъин ё бозҳисобии нафақаи онҳо ҳисоб карда шавад.

13. Ба таъминоти пулӣ барои таъини нафақа бо тартиби дар банди 12 Тартиби мазкур муқарраргардида инҳо дохил мешаванд:

- ба хизматчиёни ҳарбии (ба ғайр аз дар сархатҳои сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми банди мазкур нишондодашуда) аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда - маош аз рӯи вазифаи ишғолнамудаи охирин (бо дар назар доштани сархати дуюми банди мазкур), маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ ба рӯзи рухсатшавӣ додашуда ва фоизи иловапулӣ барои собиқаи хизматии аз ин маошҳо ҳисобкардашуда;

- ба афсарони бо вазъи саломатӣ ё синну сол аз кори ҳавонавардӣ ба вазифаҳои бо маоши пасттар гузаронидашуда, ки дар рӯзи гузаронидан дорои собиқаи хизматии зарурии ҳуқуқдиҳандаи таъини нафақа, мебошанд, ҳангоми рухсат шудани минбаъдаи онҳо аз хизмати ҳарбӣ, нафақаашон аз рӯи маоши вазифавии то гузаронидан ба вазифаи дигари ишғолнамуда таъин карда шавад. Бо ҳамин тартиб нафақаи афсарони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшудаи дорои рутбаҳои полковник ва ба ӯ баробар ё баландтар, ки бо зарурати хизматӣ, вазъи саломатӣ, синну сол аз вазифаҳое, ки онҳо на камтар аз се сол ишғол намудаанд, ба вазифаҳои маоши вазифавиашон пасттар гузаронида шудаанд ва дар рӯзи гузаронидан дорои собиқаи хизматии ҳуқуқдиҳандаи таъини нафақа, таъин карда шавад;

- ба шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии рухсатшуда (ба ғайр аз онҳое, ки дар сархатҳои шашум ва ҳафтуми банди мазкур нишон дода шудаанд) - маош аз рӯи вазифаи штатии ишғолнамудаи охирин, маош аз рӯи рутбаи махсуси ба рӯзи рухсатшавӣ додашуда ва фоизи иловапулие, ки барои собиқаи хизмат аз рӯи ин маошҳо ҳисоб карда шудааст;

- ба шахсони ҳайати роҳбарикунандаи дорои рутбаҳои махсуси полковник ва баландтар, ки бо фармоиши роҳбари мақомоти дахлдор бо зарурати хизматӣ, бо вазъи саломатӣ ё синну сол аз вазифаҳое, ки онҳо дар муддати се сол ишғол намудаанд, ба вазифаҳои бо маоши пасттар гузаронида шудаанд ва дар рӯзи гузаронидан собиқаи хизматии зарурӣ барои таъини нафақа доштанд, нафақа ҳангоми рухсат шудани минбаъдаи онҳо аз хизмат, аз маошҳои вазифавие, ки то гузарондани зикршуда ишғол намуда буданд, таъин карда шавад;

- ба афсароне, ки аз хизмати ҳарбӣ то қабул гаштан ба иҷрои вазифаи штатӣ баъд аз хатми муассисаҳои таълимоти ҳарбӣ ё даъват аз эҳтиёт рухсат шудаанд, - маоши вазифавии муқарраршуда барои онҳо, маош аз рӯи рутбаи ҳарбии ба рӯзи рухсатшавӣ додашуда ва фоизи иловапулӣ барои собиқаи хизмат, ки аз рӯи ин маошҳо ҳисоб карда шудааст, агар хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқи гирифтани ин иловапулиро дошта бошад;

- ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки барои кор ба мақомоти олии ҳокимият ва идораи давлатӣ, вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти ғайринизомӣ фиристода шуда буданд ва дар баробари маоши вазифавӣ маошро аз рӯи рутбаи ҳарбӣ ё махсус ва фоизи иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ мегирифтанд, инчунин ба шахсони барои кор (гузаштани хизмати ҳарбӣ) берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодашуда (сафарбаршуда), ки таъминоти пулӣ (музди меҳнат)-ро бо асъори хориҷӣ мегирифтанд - маоши муқарраршуда аз рӯи вазифаи ишғолнамудаи то фиристода (сафарбар) шудан, маош аз рӯи рутбаи ҳарбии (махсуси) ба рӯзи рухсатшавӣ додашуда ва фоизи иловапулӣ барои собиқаи хизматии аз ин маошҳо ҳисобкардашуда;

- ба шахсоне, ки бевосита пеш аз рухсат шудан танҳо музди меҳнати бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи кормандони мақомот, вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои ба онҳо сафарбаршуда мегирифтанд - маоши вазифавии муқарраршуда аз рӯи вазифаи мушобеҳи барои афсарон ва ҳайати муносиби роҳбарикунанда дар мақомоти дахлдор қарордошта, маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ (рутбаи махсус), ки ба рӯзи рухсатшавӣ дода шудаанд ва иловапулӣ, ки барои собиқаи хизмат аз рӯи ин маошҳо ҳисоб карда шудааст.

14. Ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда, ки пеш аз рухсатшавӣ маошҳои вазифавии персоналӣ ё ин ки маоши таъминоти пулии барои хизмат дар маҳалҳои дурдаст, баландкӯҳ ва дорои шароити номусоиди иқлимӣ, вобаста ба иҷрои супоришҳои махсус мегирифтанд, нафақа на аз рӯи маоши персоналӣ ё зиёдгардида, балки аз рӯи маошҳои муқаррарӣ таъин карда шавад.

15. Ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии вафоткарда (ҳалокшуда) нафақа аз маблағи таъминоти пулии шахсони номбурда, ки аз рӯи он нафақа ба саробон мебоист ҳисоб мешуд, бо болоравии (индексатсияи) ин маоши таъминоти пулӣ ба рӯзи таъинот ё бозҳисобии нафақаи аъзои оила таъин карда шавад. Дар ин маврид сархатҳои дуюм ва чоруми банди 13 Тартиби мазкур татбиқ намегарданд.

16. Ба аъзои оилаи нафақахӯрони фавтида, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати каторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ нафақаҳо аз маблағи таъминоти пулӣ, ки мутобиқи он нафақа ба саробон ҳисоб (бозҳисобӣ) шуда буд (бандҳои 12-14 Тартиби мазкур), бо зиёдкунии (индексатсияи) ин таъминоти пулӣ ба рӯзи таъин ё азнавҳисобкунии нафақа таъин карда шавад.

17. Ҳангоми таъин ё аз нав барқарор намудани пардохти нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои назорати маводи нашъаовари давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои дигар, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ ИҶШС оид ба таъминоти иҷтимоӣ қарордодҳо (созишномаҳо) бастаанд, ба аъзои оилаи шахсони номбурда нафақаҳо аз таъминоти пулии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои категорияҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои назорати маводи нашъаовар муқаррарнамуда, ҳангоми мушобеҳ будани вазъи хизматӣ ва шартҳои дигари баробари муайянкунанда, ки бо тартиби дар бандҳои 1216 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, ҳисоб карда шаванд.

18. Дар ҳолатҳои бо қонунгузорӣ пешбинишудаи баландшавии индекси нархҳои истеъмолӣ, зиёдшавии таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии дар хизмат қарордошта ё ин ки зиёдшавии андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну соли мутобиқи қонун муқарраргардида, нафақаҳои дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъингардида бо чунин тартиб аз нав ҳисоб карда шаванд:

- дар ҳолати баландшавии индекси нархҳои истеъмолӣ, нафақаҳои пештар таъингардидаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо бо дар назар доштани баландшавии индекси нархҳои истеъмолӣ барои давраи дахлдори аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайяншуда бо тартиб, андоза ва муҳлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи индексатсияи даромади пулии аҳолӣ муқарраршуда, зиёд (индексатсия) карда мешаванд;

- дар сурати зиёдшавии таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии дар хизмат қарордошта, ҳамзамон, нафақаҳои пештар таъингардидаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо, агар сатҳи нафақаи ба онҳо пардохташаванда, бо дар назар доштани зиёдшавии (индексатсия) мувофиқи сархати якуми банди мазкур, то баландшавии таъминоти пулӣ пасттар аз сатҳи нафақаи тибқи шартҳои баробар аз таъминоти пулии зиёдкардаи гурӯҳҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо ҳисобшуда бошад.

19. Дар баробари ин, агар барои аз нав дида баромадан асос мавҷуд бошад, нафақаҳои пештар ба онҳо таъингардида тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз рӯи маблағи таъминоти пулии зиёдкардашуда, ки мувофиқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 12-22 Тартиби мазкур муайян карда шудааст, аз нав ҳисоб карда шаванд. Андозаи ҳадди ақали нафақа, инчунин иловапулиҳо ба нафақа ва зиёдкуниҳои нафақа дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол дар рӯзи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба аз нав ҳисоб кардани нафақаи онҳо муайян мегардад.

20. Ҳангоми дар як вақт ба вуҷуд омадани ду асоси дар сархатҳои якум ва дуюми банди 18 Тартиби мазкур нишондодашуда барои азнавҳисобкунии нафақаҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ баъд аз рухсатшавӣ аз хизмат таъингардида ва аъзои оилаи онҳо азнавҳисобкунии нафақаҳо бо яке аз ин асосҳо - вобаста ба он ки андозаи баландшавии нафақаҳои пештар таъингардида бо кадоме аз онҳо зиёдтар бошад, аз нав дида баромада шаванд.

21. Ҳангоми зиёдшавии маошҳои вазифавии категорияҳои алоҳидаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҷиҳати ба танзим даровардани таъминоти пулӣ, на бо сабаби зиёдшавии индекси нархҳои истеъмолӣ, нафақаи категорияҳои дахлдори пештар аз хизмат рухсатшудаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо таъингардида мутобиқи бандҳои 18-20 аз нав дида баромада намешаванд.

22. Ҳангоми баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали нафақа мувофиқи синну сол аз рӯзи баланд бардоштани он нафақаи пештар таъиншудаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо, ки бо иловапулиҳои дахлдор ва зиёдшавиҳо дар ҳаҷми ҳадди ақал ва ё андозаи то ҳадди ақал нарасида, ки бо дар назар доштани ҳаҷми нави ҳадди ақали нафақаи мувофиқи синну сол муайян мегардад, бояд аз нав ҳисоб шавад, агар ҳамзамон барои аз нав дида баромадани нафақаи онҳо мутобиқи сархати дуюми банди 18 Тартиби мазкур асос набошад. Дар ин ҳолат нафақаҳои зикршударо дар асоси ҳаҷми нави ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраршуда дар рӯзи аз нав дида баромадани нафақа ҳисоб намоянд.

23. Дар он ҳолате, ки агар ҳангоми азнавҳисобкунии нафақаи пештар таъингардида вобаста ба зиёдшавии он (ҳангоми муқаррар намудани гурӯҳи боз ҳам баландтари маъюбӣ, зиёд гардидани собиқаи хизмат, таъини иловапулӣ ва дигар) нафақа бо андозаи наве, ки аз таъминоти пулии дар рӯзи азнавҳисобкунӣ бо дар назар доштани банди 12 Тартиби мазкур зиёдкардашуда (индексатсияшуда) дар якҷоягӣ бо иловапулиҳои дахлдори аз андозаи ҳадди ақали нафақаи дар ин рӯз муайянкардашуда аз нафақаи дар ҳолатҳои пештар (мутобиқи сархати якуми банди 18 Тартиби мазкур) таъингардида (индексатсияшуда) камтар бошад, пардохти нафақа ба андозаи пештара, то ҳуқуқ пайдо намудани нафақахӯр барои дар оянда зиёд намудани он нигоҳ дошта мешавад.

24. Ба нафақахӯрон аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо дар давраи истиқоматашон дар маҳалҳое, ки дар он ҷо ба музди меҳнати кормандон барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва ноҳияҳои дорои шароити номусоиди иқлимӣ коэффитсиентҳо муқаррар гардидаанд, бо дар назар доштани коэффитсиентҳои муқарраргашта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияҳо нафақаҳо ҳисоб карда шаванд.

25. Ҳангоми рухсат шудан аз хизмат кумакпулии яквақта пардохт карда шавад:

- ба хизматчиёни ҳарбӣ (ба ғайр аз афсарони хизмати ҳарбиро тибқи даъват адонамуда), ки аз хизмати ҳарбӣ вобаста ба расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати ҳарбӣ, вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию вазифавӣ (штатӣ) рухсат шудаанд - дар ҳаҷми муқаррарнамудаи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ", бо асосҳои дигар рухсатшудагон (ба ғайр аз онҳое, ки дар сархати охирини банди мазкур нишон дода шудаанд) - 40 фоизи ҳаҷми муқарраргашта. Ба афсарони тибқи даъват хизмати ҳарбиро адонамуда ҳангоми рухсатшавии онҳо ба эҳтиёт ё истеъфо (ба ғайр аз онҳое, ки бо асосҳои дар сархати охирини банди мазкур нишондодашуда рухсат шудаанд) кумакпулии яквақта ба андозаи ду маоши моҳонаи таъминоти пулӣ;

- ба шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ (ба ғайр аз онҳое, ки дар сархати охирини банди мазкур нишон дода шудаанд), ки аз хизмат вобаста ба расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмат, вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию вазифавӣ (штатӣ) рухсатшуда, ҳангоми давомнокии хизмат бо ҳисоби тақвимӣ дар ҳаҷми зерин:

- то 5 сол - 1 маоши таъминоти пулӣ;

- аз 5 то 10 сол - 2 маоши таъминоти пулӣ;

- аз 10 то 20 сол - 3 маоши таъминоти пулӣ;

- зиёда аз 20 сол - 4 маоши таъминоти пулӣ;

- ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар давоми хизмати ҳарбӣ бо орденҳои давлатӣ ё унвонҳои фахрии собиқ ИҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд, андозаи кумакпулии яквақтаи дар сархати якуми банди мазкур нишондодашуда дар ҳаҷми ду маоши таъминоти пулӣ зиёд карда шавад;

- кумакпулии яквақта ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда, барои солҳои пурраи собиқаи хизматӣ, бе яклухткунӣ бидуни зиёд кардан пардохт карда шавад;

- ба собиқаи хизмат барои пардохти кумакпулии яквақта ҳангоми рухсатшавӣ давраҳои хизмате, ки дар банди 2 Тартиби мазкур нишон дода шудаанд, бо ҳисоби тақвимӣ ба ҳисоб гирифта шаванд;

- дар сурати такроран ба хизмат даъват (қабул) шудани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ кумакпулии яквақтаро ҳангоми минбаъд аз хизмат рухсат шудани онҳо дар асоси собиқаи умумии хизмат дар рӯзи рухсатшавии охирин, бо дар назар доштани фарқияти кумакпулиҳои ҳангоми рухсатшавии пештар пардохташуда (бо маоши таъминоти пулии моҳона), вале на камтар аз ду маоши таъминоти пулӣ пардохт намоянд;

- ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки аз хизмат вобаста ба маҳрум шудан аз рутбаи ҳарбӣ (махсус), ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд, вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, бинобар маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номутобиқатӣ ба вазифа аз рӯи аттестатсия, барои паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ рухсат шудаанд, кумакпулии яквақтаи дар банди мазкур муқарраршуда пардохт намегардад. Инчунин, ба хизматчиёни ҳарбие, ки аз хизмати ҳарбӣ вобаста ба гузаштан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судҳои ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва шахсони аз ин мақомот вобаста ба даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, кумакпулии яквақта пардохт намегардад.

26. Ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ (ба ғайр аз онҳое, ки дар банди 27 Тартиби мазкур нишон дода шудаанд), ки вобаста ба расидан хизмат ба синни ниҳоӣ дар хизмат, вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию вазифавӣ (штатӣ) бе ҳуқуқи таъини нафақа аз хизмат рухсат шудаанд, ҳангоми рухсатшавӣ дар баробари пардохти кумакпулии яквақта дар муддати як сол аз рӯзи рухсатшавиашон аз хизмат пардохти маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ (махсус) мутаносибан нигоҳ дошта мешавад. Дар ин маврид, агар дар давраи мазкур маошҳо аз рӯи рутбаи ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии дар хизматбуда баланд бардошта шаванд, ҳамчунин мутаносибан ҳаҷми ин маошҳо то ба охиррасии як сол баъд аз рухсатшавӣ аз хизмат зиёд карда мешаванд.

27. Ба афсарон ва шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки пеш аз рухсатшавӣ аз хизмат дар мақомоти идоракунии давлатӣ, вазорату идораҳои ғайринизомӣ ва муассисаҳо кор кардаанд (сархати даҳуми банди 2 Тартиби мазкур) ва баъди аз хизмат рухсатшавӣ дар кори пештараашон мондаанд, инчунин ба афсарони дар хизмати ҳарбӣ тибқи даъват қарордошта, маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ (махсус) дар муддати як сол аз рӯзи рухсатшавӣ аз хизмат пардохт намегардад.

28. Кумакпулии яквақтаи бо банди 25 Тартиби мазкур пешбинигардида ба инҳо ҳисоб карда мешавад:

- ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ (ба ғайр онҳое, ки аз дар сархати дуюми банди мазкур нишон дода шудаанд) - аз маоши пардохтшаванда аз рӯи вазифаи охирин ва маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ ё махсус дар рӯзи рухсатшавӣ аз хизмат;

- ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии барои кор дар мақомоти олии ҳокимияти идоракунии давлатӣ ва вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилотҳои ғайринизомӣ сафарбаршуда, ки бевосита пеш аз рухсатшавӣ аз хизмат музди меҳнати бо тартиб ва андозаи барои кормандони ин мақомот, вазорату идораҳо ва муассисаҳо муқаррарнамударо гирифтаанд, аз маоши вазифавии дар рӯзи рухсатшавӣ аз хизмат ишғолнамуда ва ба онҳое, ки дар баробари маоши вазифавӣ, маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ ё махсус мегирифтанд - аз маошҳои зикршуда ба шахсони барои кор (гузаштани хизмати ҳарбӣ) берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодашуда (сафарбаршуда), ки таъминоти пулӣ (музди меҳнат)-ро бо асъори хориҷӣ гирифтаандмаош аз рӯи вазифаи то фиристода (сафарбар) шудан ишғолнамуда ва маош аз рӯи рутбаи ҳарбии (махсуси) ба рӯзи рухсатшавӣ додашуда.

29. Ба нафақахӯрон аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки кор намекунанд ва ба аъзои оилаи онҳо кумакпулиҳо барои таваллуди кӯдак ва маросими дафни аъзои оилаи фавтидаашон, ки дар таъминоти онҳоянд, бо тартиб ва андозаҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пардохт мегарданд.

30. Ҳангоми вафоти нафақахӯр аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба аъзои оилаи фавтида ё дигар шахсони маросими дафни ӯро гузаронанда, ба андозаи нафақаи семоҳа (ҳиссаи нафақа), ки нафақахӯр то рӯзи вафоташ мегирифт, вале на камтар аз кумакпулии маросимии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргашта кумакпулӣ барои дафн пардохт карда шавад. Агар нафақахӯр аз ҳисоби давлат дафн карда шуда бошад, кумакпулӣ барои дафн пардохт намегардад.

31. Ба аъзои оилаи нафақахӯри фавтида аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбии афсарони олирутба ва калонрутба, шахсони ҳайати олӣ ва калони роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки аз хизмат вобаста ба расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмат ё бо вазъи саломатӣ рухсат шудаанду собиқаи хизматии 25 сол ва аз он зиёд доранд, новобаста аз таъини нафақа, бинобар бесаробон мондан, кумакпулии яквақта пардохт карда шавад: ба ҳамсар - ба андозаи нафақаи семоҳаи саробон ва ба ҳар як аъзои оилаи нафақахӯр - нафақаи моҳонаи нафақахӯр, ки то рӯзи вафоташ мегирифт, агар ин оилаҳо ҳуқуқи гирифтани маблағҳои суғуртавӣ ва кумакпулиҳои андозаашон баландтари мутобиқи қонунгузорӣ барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, қаҳрамонони ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандагони ҳамаи дараҷаҳои ордени Шараф муқарраргардидаро надошта бошанд.

32. Ҳангоми муайян намудани андозаи кумакпулии бо банди 31 Тартиби мазкур муқарраргардида ба аъзои оилаи дорои ҳуқуқи гирифтани кумакпулӣ инҳо дохил мешаванд:

- ҳамсар, новобаста аз синну сол ва коршоямӣ;

- фарзандони то 18-сола ё аз ин синну сол боло, агар онҳо то 18солагӣ маъюб шудаанд ё ин ки дар рӯзи вафоти саробон дар муассисаҳои таълимии шакли рӯзона таҳсил менамоянд ва ба 23-солагӣ нарасидаанд;

- падару модари дар таъминоти шахсони фавтида буда (мардҳо63-сола, занҳо - 58-сола) ё агар маъюб бошанд.

33. Ба ҳамсарони нафақахӯри фавтида аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки барои худ ё фарзандонашон нафақаи бинобар ба бесаробон монданро намегиранд, кумакпулии яквақта ба андозаи нафақаи якмоҳаи саробон, ки дар рӯзи вафоташ мегирифт, пардохт карда шавад, агар онҳо ҳуқуқи гирифтани маблағҳои суғуртавӣ ва кумакпулиҳои яквақтаи андозаашон баландтарро, ки тибқи қонунгузорӣ барои оилаҳои вафоткарда аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, қаҳрамонони собиқ ИҶШС ва дорандагони ҳамаи дараҷаҳои ордени Шараф муқаррар шудаанд ё ин ки кумакпулиро тибқи бандҳои 31 ва 32 Тартиби мазкур надошта бошанд.

34. Нафақа ва кумакпулиҳои бо Тартиби мазкур (ба ғайр аз дар бандҳои 25-27 Тартиби мазкур зикргашта) ва инчунин кумакпулиҳои дигар ва ҷубронпулиҳои мутобиқи қонунгузорӣ барои категорияҳои дахлдори нафақахӯрон пешбинишуда, аз ҳисоби маблағҳои ҷудошаванда аз буҷети ҷумҳуриявӣ бо тариқи мутамарказ барои таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо пардохт карда шавад.

35. Кумакпулии яквақтаи бо банди 25 Тартиби мазкур пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ, ки пеш аз рухсатшавӣ дар онҳо хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ адои хизмат ё кор намудаанд, пардохт карда мешавад.

36. Пардохти маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ ё махсус дар муддати як сол баъд аз рухсатшавӣ аз хизмат (бандҳои 26-27 Тартиби мазкур) аз ҳисоби маблағҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мансубияти категорияҳои дахлдор нисбати таъминоти нафақаи онҳо пардохт мегардад.

37. Таъминоти нафақаи иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ оид ба ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар давраи иҷрои вазифаҳо оид ба нигоҳдории реҷаи ҳолати фавқулода аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ба роҳ монда мешавад.

38. Таъминоти нафақаи иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ оид ба ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар давраи иҷрои вазифаҳо оид ба нигоҳдории реҷаи ҳолати фавқулода аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват хизмати ҳарбиро адонамуда ва уҳдадорони ҳарбии дар эҳтиётбуда, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро гузаштаанд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" сурат мегирад.

39. Маблағҳо барои пардохти нафақаҳо ва кумакпулиҳо (ба ғайр аз кумакпулии дар банди 25 Тартиби мазкур зикршуда) ба нафақахӯрон аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки аз ҷузъу томҳои ҳарбии ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигар дохилнабуда рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ, бевосита ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани таъмини нафақаи шахсони номбурда ва аъзои оилаи онҳо вогузор гардидааст, ҷудо мегарданд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

40. Амали Тартиби мазкур ба судяҳое, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба истеъфо баромаданд ва кумакпулии ҳармоҳаи умрбод мегиранд, татбиқ намегардад.

 

Замима ба Тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю кумакпулӣ ба шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адонамуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо

 

Рӯйхатиташкилотҳое, ки хизмати шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар онҳо то 1 январи соли 1970 ба собиқаи кор барои таъини нафақаи имтиёзнок - як моҳи хизмат ба ду моҳ ҳисоб карда мешавад

 

Дар системаи Далстрои Вазорати корҳои дохилии собиқ ИҶШС дар давраи аз 29 октябри соли 1945 (дар халиҷи Ванино аз 17 феврали соли 1947) то 18 марти соли 1953 барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати металлҳои рангаи собиқ ИҶШС то рухсат шуданашон аз кадрҳои корҳои дохилӣ, аммо на дертар аз 31 декабри соли 1954.

Дар ҳавзаи ангишти Печора ва комбинати Ухтинск дар давраи аз 30 декабри соли 1945 то муҳлати дар ҳудуди мансуб ба ноҳияҳои Шимоли Дур ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашуда - то 1 январи соли 1970 (дертар аз санаи зикршуда - танҳо аз ҳудуди шимолтар аз Доираи қутби ҷойгиршуда), дар ҳудуде, ки ба ноҳияҳои Шимоли Дур ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашуда мансубият надоранд - то рӯзи қатъи имтиёзҳо, аммо на дертар аз 1 июли соли 1959.

Дар сохтмон ва истифодабарии шоҳроҳи оҳани Шимоли Печора - дар давраи аз 29 апрели соли 1946 то муҳлати дар ҳудуди мансуб ба ноҳияҳои Шимоли Дур ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашуда то рӯзи қатъи амали имтиёзҳо, аммо на дертар аз 1 январи соли 1970 (дертар аз санаи зикршуда - танҳо аз ҳудуди шимолтар аз Доираи қутби ҷойгиршуда), дар ҳудуде, ки ба ноҳияҳои Шимоли Дур ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашуда мансубият надоранд - то рӯзи қатъи амали имтиёз, аммо на дертар аз 1 июли соли 1959.

Дар комбинати Норилск - аз 1 июни соли 1946.

Дар сохтмони иншооти №501 ва Идораи шимолии сохтмони роҳи оҳан - дар давраи аз 22 апрели соли 1947 то 18 марти соли 1953 ва барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки корро дар сохтмони иншооти №501 ва идораи Шимолии сохтмони роҳи оҳан давом додаанд - то рӯзи рухсат шуданашон аз мақомоти корҳои дохилӣ, аммо на дертар аз 31 декабри соли 1954.

Дар сохтмони иншооти №503 - дар давраи аз 14 апрели соли 1948 то 18 марти соли 1953 ва барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки корро дар сохтмони иншооти №503 давом додаандто рӯзи рухсат шуданашон аз мақомоти корҳои дохилӣ, аммо на дертар аз 31 декабри соли 1954.