Friday, 14 MarpmFri, 14 Mar 2025 18:04:01 +05002025-03-14T18:04:01+05:0006 2025

Хабарҳо

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

07.03.2025 14.00 шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашнро нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату роҳбарияти кишвар нисбат ба модарону бонувони азиз маънидод намуданд.

Аснои суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бузургии модар, мақому манзалати занон дар ҷомеа ва дигар хислатҳои нодири ин олиҳаи зиндагӣ андешаронӣ намуда, нақши модари тоҷикро дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибҳунар, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд унвон карданд.

Таъкид гардид, ки модарону бонувони тоҷик сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд.

“Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад”-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти кишвар зимни суханронӣ дастгирию ғамхорӣ ва тадбирҳои созандаи баланд бардоштани мақоми занонро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи Роғун ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар махсус таъкид карда шуд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки “мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем”.

Зикр гардид, ки ҳунару истеъдод, саъю кӯшиш, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарон шоистаи таҳсин буда, онҳо метавонанд дар оянда дар татбиқи сиёсати давлат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

Аз бонувон даъват карда шуд, ки ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифз кардану ба насли оянда омӯзонидани тарзи омода намудани таомҳои миллӣ бояд фаъол бошанд.

Ҳамзамон масъалаи аз ҷониби бонувон гиромӣ доштани фарҳангу маданияти либоспӯшӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва риояи қонунҳои миллии танзими расму оинҳо таъкид карда шуд.

Дар ин раванд, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла дар масъалаи сару либос ва расму ойинҳои барои мардуми мо бегона, саъю талоши боз ҳам бештар ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми бонувони тоҷик дониста шуд.

Бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва талаботи замон ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи арзишҳои анъанавии оилаи тоҷик ва устувории он, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо, инчунин, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар барномаи консертии хотирнишин баргузор гардид, ки фарогири васфу тараннуми истиқлолу озодӣ, ватану ватандорӣ ва мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа буд.