Friday, 18 +05002024-10-18T11:15:44+05:00312024bAsia/DushanbeFri, 18 Oct 2024 11:15:44 +0500 2024

Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар Давлати Қатар

02.10.2024 15.29
Қатар

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатӣ  оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.