Saturday, 21 SatAsia/Dushanbe2024-12-21T21:18:56+05:00Asia/Dushanbe12bAsia/DushanbeSat, 21 Dec 2024 21:18:56 +0500 2024

КАРИМЗОДА УМЕД РАҲМАТШО


Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рутбаи дараҷавӣ: мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

 

Санаи таваллуд: 20.04.1968 сол

Ҷои таваллуд: ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон            

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос: ҳуқуқшинос

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

 

      Соли 1994 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

      Аз моҳи июли соли 1994- Коромӯз дар вазифаи ёрдамчии  прокурори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;

      Аз моҳи августи соли 1995 -   Ёрдамчии прокурори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;

      Аз моҳи январи соли 1996 – муфаттиши прокуратураи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

      Аз моҳи августи соли 1998 – Прокурор-криминалисти калони Прокуратураи вилояти Хатлон;

      Аз моҳи октябри соли 2001- Ёрдамчии прокурори ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон;

      Аз моҳи феврали соли 2004 –муфаттиши прокуратураи ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон;

      Аз моҳи августи соли 2004 – Прокурори калони шуъбаи мубориза бар зидди коррупсияи прокуратураи вилояти Хатлон;

       Аз моҳи августи соли 2005 – Муовини прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон;

       Аз моҳи апрели соли 2006 – Прокурори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон;

        Аз моҳи июни соли 2011 – Прокурори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;

         Аз моҳи апрели соли 2012 – Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

         Аз моҳи ноябри соли 2915 – Муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қунунҳо дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

          Аз моҳи январи соли 2017 – Прокурори ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;

          Аз моҳи феврали соли 2020 – Прокурори шаҳри Душанбе;

          Аз 28.02.2024 сол – муовини якуми  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

Рёсати кадрҳои

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон