Thursday, 26 ThuAsia/Dushanbe2024-12-26T20:05:08+05:00Asia/Dushanbe12bAsia/DushanbeThu, 26 Dec 2024 20:05:08 +0500 2024

ВОҲИДЗОДА ҲАБИБУЛЛО САЙДУЛЛО


Муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи таваллуд: 21 феврали соли 1965
Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: ҳуқуқшиносӣ
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст - Бо медали “Хизмати шоиста” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1081  аз 07.08.2018 сол. Бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №214  аз 23.07.2021 сол.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 1 фарзанд
Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (бо луғат)
Соли 1988 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.
Аз моҳи июни соли 1988 - Коромӯз дар вазифаи прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қурғонтеппа;
Аз моҳи июли соли 1988 -  Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар);
Аз моҳи январи соли 1989 - Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;
Аз моҳи сентябри соли 1989 - Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;
Аз моҳи феврали соли 1993 - Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон;
Аз моҳи марти соли 1994 - Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон;
Аз моҳи сентябри соли 1996 - Прокурори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
Аз моҳи ноябри соли 1998 - Прокурори ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе;
Аз моҳи майи соли 2002 - Прокурори шаҳри Душанбе;
Аз моҳи январи соли 2007 - Сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи марти соли 2011 - Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи феврали соли 2015 - Прокурори вилояти Суғд;
Аз моҳи ноябри соли 2020 - Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 29 феврали соли 2024 - Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ.
Раёсати кадрҳои
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон